Ахзар Иброҳимӣ, фиристодаи Созмони Милали Муттаҳид ва Иттиҳоди кишварҳои арабӣ ба Сурия хостори давлатӣ интиқолӣ дар ин кишвар шуд.
Бино ба гузориши расонаҳои хориҷӣ, Ахзар Иброҳимӣ, фиристодаи СММ ва Иттиҳоди кишварҳои арабӣ ба Сурия дирӯз, 27-декабр зимни конфросни матбуотӣ дар Димишқ ташкили давлати интиқолиро бо ихтиёроти комил, то баргузории интихоботи нав дар ин кишвар хостор шуд.
Номбурда афзудааст: “Миллати Сурия ба тағйири воқеӣ ниёз дорад ва ҳама инро хуб медонанд”.
Бояд гуфт, ҷаноби Иброҳимӣ, ки қабл аз сафари худ ба Димишқ бо вазирони хориҷаи Амрико ва Русия мулоқот намуда буд, пешниҳоди тарҳи муштарак аз тарафи Вашингтону Маскавро барои берун рафтан аз буҳрони ҷориро рад кард.
Фиристодаи СММ ва Иттиҳоди кишварҳои арабӣ ба Сурия гуфт: “Ин давлати интиқолӣ бояд, дар давраи интиқолӣ масъулияти идораи ин давраро, то баргузории интихобот бар уҳда бигирад”.