Абдуллоҳро курсии президентӣ насиб набудааст

Абдуллоҳро курсии президентӣ насиб набудааст

Интихоботи президентии Афғонистон ва баҳсу талошҳои аслу ноасли он дар тӯли чанд моҳи ахир дар баробари оғози даври дувуми он ҳам ба охир расид ва доктор Абдуллоҳ мисли даврони қаблии рақобаташ бо Ҳомид Карзай, бохти хешро дар баробари ғолибияти Ашрафғанӣ Аҳмадзай қабул кард.
Дар воқеъ, ҷойгоҳи миллати тоҷик дар низоми давлатдории кишвари ҳамсоя ва дӯсту бародари мо, Афғонистон гуворо ва ҷиддист, вале инро набояд як воқеъияти бебаҳс ва низоми давлатдориро моли тоҷик донист. Ҳар таҳлилгаре, агар воқеъиятҳои Афғонистонро муносифона мавриди таҳлил қарор бидиҳад, ҳамагуна даъвоҳои бемаънии аз ҳар канор матраҳ шавандаро ботил мешуморад. Агар қасди воқеъии тоҷикҳо ҳифзи ҷойгоҳи худ дар саҳнаи сиёсӣ ва иҷтимоъии Афғонистон бошад, бояд онҳо, бахусус намояндагону нухбагони ин миллат аз даъвопароканиҳо худро канор бигиранд ва бо илму амали худ исбот бисозад, ки дар рушду нумуъи кишвар саҳми муъассир доранд, ин аст роҳи ягонаи ба таври табиъӣ дар меҳварият қарор додани ҷойгоҳи миллати тоҷик дар ин кишвар.
Таҷрибаи садсолаҳо қаблро ҳам набояд ба фаромӯшӣ супурд ва калиди фарҳангсозиву афкори пешқадам доштанро ба даст овард, дигар ҳама чиз ҷои аслии худро хоҳад гирифт. Ҳар як рақобату муборизаро дар пояи созандагӣ ба роҳ мондан лозим аст, на дар заминаи қассос бо касе ё чизе.
Ҳоло ҳамин ҷойгоҳи шоистаи миллат аст, ки рақиби сиёсӣ дар таъсиси ҳукумат гузашт мекунад, ҳатто намояндагии баробарро дар ҳукумат бо фисади 50 дар 50 қабул дорад. Инро бояд ҷавонмардӣ донист ва дар 50%-и ҷониби хеш афроди технократро дар заминаи шоистасолорӣ вориди амал кард, то бори дигар ба таври рушан эҳсос шавад, ки бидуни мавқеъи намояндагони миллати тоҷик хеҷ тасмиме дар ҳукумат ҷиҳати созандагии кишвар муассир ва ҳалкунанда буда наметавонад.
Феълан бар асоси тавофуқ ду рақиби сиёсӣ, ҷаноби Аҳмадзай ва доктор Абдуллоҳ ҳукумати ваҳдати миллиро тақсимбандӣ мекунанд, яъне дар курсиҳои кобинаи давлат намояндагони худро мешинонанд ва баъд аз ду сол ба Қонуни асосии кишвар ислоҳот ворид мегардаду Афғонистон аз низоми президентӣ ба низоми парлумонӣ табдил меёбад, ки дар воқеъ мувофиқ ба воқеъиятҳои сиёсӣ, бахусус иҷтимоъии ин кишвар хоҳад буд.
Аммо барои таҳлилгарон, дар умум мардуми огоҳи Афғонистон суоли матраҳе боқист, ки чаро доктор Абдуллоҳ чанде қабл шадидан эълон дошт: “тика-тика шавам, ки ҳукумати тақаллубиро намепазирам”, вале ҳоло ин ҳукуматро бо чӣ номе муъаррифӣ мекарда бошад? Чунки ҳарфи тавофуқии доктор соҳибро бархе аз тарафдоронаш ба лаҳни шадид интиқод карданд, ки ӯ ба ваъдаи хеш вафо накард.
Ба ҳар ҳол, рӯзи душанбеи 22-уми сентябр Аҳмадзай, ба ҳайси президент ва доктор Абдуллоҳ ба ҳайси садри аъзами Афғонистон тавофуқномаи ниҳоии ҳукумати ваҳдати миллиро имзо гузошта, рӯзи оғози фаъолияти онро эълон медоранд. Вале иттиҳомҳое доктор Абдуллоҳро домангиранд, мисли он ки ишон тасмими ниҳоии хешро бар ивази муъомилаи чанд миллион доллар пазируфтааст. Ва тавре дар боло ҳам ишора рафт, чунин муъомилот миёни ӯ ва Карзай ҳам гӯё дар ҳамон вақт сурат ҷой доштааст. Аммо ин гуна иттиҳомотро доктор Абдуллоҳ рад карда мегӯяд: ба ҳеҷ ваҷҳ раъйи мардумро муъомила накардаву нахоҳам кард.
Таъсиси ҳукумати муросои миллӣ ва фаъолияти он дар тӯли ду сол ҳамаи масоилро ба дар ҷои хеш мегузорад. Аммо Худо кунад, ки ҳарфи доктор Абдуллоҳ ҳақиқату воқеъият дошта бошад, илло то ба ду сол дар курсии садри аъзам ё сарвазирӣ боқӣ нахоҳад монд. Афғонистон чунин кишваре нест, ки мардумаш дар рӯ ба рӯи дуруғ ва аъмоли фасод хомӯш биистанд, ҳама чиз ифшо мешавад, агар воқеъият дошта бошад.
Вале мо хоҳони Афғонистони босубот ва рӯ ба рушд мебошем, агар имконияту шароити лозим ва матлубро барои ин миллат муҳайё созанд, нодиртарин кишваре хоҳад буд дар қораи Осиё…
Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода

More From Author

You May Also Like