паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД), пайи омадасозии нерӯҳои дастаҷамъии сулҳхоҳи
худ оғоз ба фаъолият намудааст. Дар нишасти сарони вазоратҳои дифоъ, ки ахиран
дар шаҳри Душанбе баргузор гардид,
ҷиҳати таъйиду тасдиқи ниҳоди мазкур асноди зарурӣ омода гашт.
Чунин
тасмимгириҳо дар пасманзари низоъҳои мусаллаҳона дар Украина, вазъи ноором дар
Қаробоғ ва марзҳои наздик ба Осиёи Марказӣ (таҳдиди Толибон аз сӯи Афғонистон)
рӯйи кор омад.
Ба
андешаи вазирони дифои кишварҳои узви СПАД,
нерӯҳои сулҳхоҳи СПАД
барои минтақа дар шароити феълӣ, ки дар қиболи ҳар гуна таҳдиду хатарҳо
қарор доранд, ниҳоят зарур ва саривақтӣ мебошад. Чунин тасмимгириҳо дар мавриди
таъсиси нерӯҳои суҳлпарвари СПАД ҳанӯз моҳи декабри соли 2014 дар изҳороти
дастаҷамъонаи кишварҳои узви СПАД рӯйи кор омада буд.
Дар
нишасти Душанбе ҳамчунин машқу тамрини нерӯҳои сулҳпарвари СПАД низ мавриди
баррасӣ қарор гирифт, ки интизор аст дар Арманистон сурат гирад. Гуфта мешавад,
ки дар ин машқу тамрин беш аз 200 нафар аз низомиёни бригадаи 15-уми
сулҳпарвари СПАД ширкат мекунанд.
Машқу
тамринҳои нерӯҳои низомии сулҳпарвари СПАД дар пойгоҳи низомии Рошинск воқеъ
дар вилояти Самара, шурӯъ хоҳад шуд ва
чунин тасмим дар нишасти Душанбе ба тасвиб расид.
Нерӯҳои
сулҳпарвари СПАД имкон доранд дар тамоми
манотиқи бӯҳронии ИДМ дар пайи ҳалли муноқишот саҳмгузор бошанд. Чизи дигар он
аст, ки ширкати нерӯҳои сулҳпарвар дар ҳар кишвари узви СПАД танҳо бо иҷозати шӯрои
амнияти СММ рӯи кор хоҳад омад.
Дар
айни ҳол ҳайати нерӯҳои сулҳпавари СПАД-ро аксар сулҳпарварони Русия ташкил
медиҳанд, ки дар тамоми амалиётҳои сулҳпарваронаи ҷаҳонӣ ширкат кардаанд ва
таҷрибаи бой доранд. Интизор меравад ҳайати онҳоро асокири сулҳпарвар аз ҷумлаи
кишварҳои Тоҷикистон, Арманистон, Қирғизистон ва Белорус пурра кунанд.
Имрӯз,
ки вазъ дар Украина муташанниҷ аст, имкон дорад нерӯҳои сулҳпарвари СПАД вориди
Донбас шаванд. Масъалаи Қарабоғи Куҳӣ
метавон гуфт муваққат ҳам бошад, хомӯш шуд, таҳдиду хатарҳое, ки аз сӯйи
Афғонистонанд, он қадар густурдаву минтақавӣ нестанд. Пас, нерӯҳои сулҳпарвари
СПАД танҳо ба хотири муноқашаҳои низомӣ дар Украина рӯйи кор омаданд ва он дар
мадди аввал ба нафъ ва барои Русия аст?
Дар навбати худ Киев низ аз созмонҳои байналмилалӣ тақозо дорад, то нерӯҳои
сулҳдустро вориди Украина кунанд.