12 феврали соли равон вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи навбатии худ Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони ҶТ дар ФР ва шаҳрвандони ФР дар ҶТ – ро тасдиқ карданд. Ба гуфтаи вакилони парлумон, ҳуҷҷати мазкур гирифтани иҷозатномаи кориро ҳангоми фаъолияти корӣ дар қаламрави кишвари қабулкунанда ба муҳлати 3 сол бе гузаштани сарҳади кишвари қабулкунанда ба шаҳрвандони ҶТимконият медиҳад. Созишномаи мазкур барои танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ заминаи боэътимод буда, имкониятҳои мусоидро барои муҳоҷирони меҳнатӣ фароҳам меоварад.
Бо таваҷҷуҳ ба ин масъала ва дигар паҳлӯҳои бахши муҳоҷират бо Абдуллоҳ Давлат, раиси Иттиҳодияи тоҷикони Русия мусоҳибае оростем.
– Ҷаноби Абдуллоҳ Давлат, чун Шумо дар Русия ба сар мебаред, албатта, аз ҳоли муҳоҷирини меҳнатии тоҷик воқифтаред ва низ хабар доред, ки “Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони ҶТ дар ФР ва шаҳрвандони ФР дар ҶТ” қабул гушт. Лутфан бигӯед, ки созишномаи мазкур то чӣ андоза мушкили муҳоҷиронро осон менамояд?
– Мутмаъинам, ки ин созишнома дар ҳалли мушкилоти муҳоҷирони кории тоҷик нақше намебозад!
– Чаро?
– Чунки мушкилот дар муҳлати будубоши тоҷикон дар Русия нест. Муҳоҷирон аз надоштани ҳимояи ҳуқуқӣ, пайдо накардани ҷойи кору ҷойи истиқомати муваққатӣ, аз ҷабри худиву бегона, ки музди корашонро намедиҳанд ё пайваста фиребашон мекунанд ва ба ин монанд дигар мушкилиҳо азият мекашанд. Чунин созишнома ранҷу азоби тоҷиконро дар хориҷ сангинтар мекунанду халос!
То ин ҳад мардумбезор будан, яъне аз кишвари истисморгари шаҳрвандони худ тақозо кардан, ки тоҷиконро 3 сол ба Ватан баргаштан намонанд, айбу гуноҳ аст!
Баръакс, бояд созишномаву ибтикорҳое амалӣ шаванд, ки мардумро ба Ватан баргардонанд.
– Дар ҳоли ҳозир, яъне дар фасли зимистон муҳоҷирони меҳнатии тоҷик чӣ ҳол доранд?
– Дар боло гуфтам, ки мушкилот дар набудани шароити фаъолияти меҳнатӣ ва ҷои зисти муваққатӣ мебошад. Ин сахтиҳо новобаста аз фасли сол болои муҳоҷирон таҳмил мешаванд. Аммо моҳҳои ахир, баъди руйдодҳои маълуми Бирюлово, ки ба тоҷикон ҳеҷ рабте надошт, вазъи ҳамватанон бадтар шудааст. Зеро кормандони пулис ва баъзе ҷамъиятҳои миллатгарои маҳаллӣ, пайваста ба ҷойҳои хобу кори онҳо “шабохун” мезананд ва азияташон медиҳанд. Ба тозагӣ дар маҳаллаи “Олимпийская деревня”-и Маскав соати 5 – и субҳ пулис омада, 28 нафар шаҳрванди Тоҷикистонро истинтоқ кардааст. Чанд нафар муддати зиёде рӯйи барф пойлуч буданд. Бе адвокат ва тарҷумон, ки аз рӯи қонун мумкин нест, онҳоро пурсиш карданд. Баъдан онҳоро ба суди байниноҳиявии Никулино бурданду бе риояи ҳаққи сухан, ҳатто нафарони санадҳои қонунидоштаро ба ихроҷ шудан ҳукм карданд.
Яъне мушкилот дар фасли сол нею дар надоштани кафолати ҳуқуқист.
– Шумо дар як суҳбат гуфтед, ки шароити имрӯзаи муҳоҷирони кории тоҷик нисбати чанд соли пештар шакли хуб ҳам дораду ҳам вазнин, ин ду вожаи бо ҳам зидро чӣ гуна шарҳ медиҳед?
– Оиди вазниниҳояш дар боло гуфтам.
Ҷиҳатҳои мусбати масъала:
1. Агар санадҳои зарурӣ қонунӣ бошанд, ба хориҷиён имкон дода шудааст, ки баъди се сол шаҳрвандии Русияро ба осонӣ дарёфт кунанд. Дуруст аст, ки нисбати тоҷикистониён баъзе сахтгириҳо ҳаст, вале ба ҳар ҳол қонун инро иҷозат додааст.
2. Чунин вазниниҳо муҳоҷиронро такон медиҳад ва мутаҳаррик мешавад, ки онҳо баъдан ҳаққи худро талаб кунанд! Яъне умед аст, ки ҳамватанон дигар фирефтаи ваъдабозиҳои масъулон ва дурӯягии баъзе аз “ҳомиёни муҳоҷирони тоҷик” намешаванд ва бо умед аз Худо, худашон “мӯйро аз хамир ҷудо мекунанд” ва ба худшиносиву ҳифзи ҳуқуқҳои худ камар мебанданд.
– Дар бораи муҳоҷирони ғайриқонунӣ чӣ гуфта метавонед? Воқеияти онеро, ки мегӯянд, муҳоҷирон ба қонунвайронкунӣ даст задаанд, чӣ гуна арзёбӣ менамоед?
– Аксаран дар қонунвайронкуниҳо айби муҳоҷирон нест. Албатта, надонистани қонун кафолат аз ҷазо намедиҳад. Аммо, бисёриҳо бе ихтиёр қонунҳои маъмуриро вайрон мекунанд.
Надонистани қавонини зудивазшавандаи Русия, ба гумонам, айби ҳамватанон нест, балки бемасъулиятии тарафи Тоҷикистон аст.
Шахсан худам на як бору ду бор, чӣ шифоҳӣ ва чӣ хаттӣ, ба раҳбарияти Тоҷикистон муроҷиат карда будам, ки бояд барномаҳои махсус оиди фаҳмонидани қонунҳо ва навовариҳои онҳо дар ТВ ва дигар воситаҳои дастрас барои муҳоҷирон таҳия ва баррасӣ шаванд. Вале афсӯс, ки ё тавону мутахассис надоранд ё намехоҳанд мардум саводи ҳуқуқӣ дошта бошад.
Аз сӯйи дигар дарёфти санадҳои қонунӣ дар Русия чунон душвор аст, ки на ҳар муҳоҷир маблағ ва тоқату фурсати кофӣ дорад, ки ҳуҷҷатҳояшро ба низом дарорад.
Хулоса, муҳоҷирони корӣ ҳарчанд мехоҳанд фаъолияти қонунӣ дошта бошанд, вале имконоташон маҳдуд аст. Хуб мебуд, ки созишнома бо Русия дар ин самтҳо ба имзо мерасид.
– Дар баробари афзоиши раванди муҳоҷирати меҳнатии мардон ҳиҷрати занону ноболиғон низ меафзояд, бинобар ин мегуфтед, ки ин раванд чӣ пайомаде дорад?
– Саволе хеле ҷиддӣ аст! Ҷавобаш ҳам соддаву оддию осон нест. Паёмади ин раванди нангин ва шармандакунандаи миллат бад хоҳад буд!
Новобаста аз он ки мушкилоти равонию сиёсӣ ва ё ҷисмонию иҷтимоӣ занону ноболиғонро ба ин гирдоби ҷабру бечорагӣ мепартояд, бояд дониста бошем: ин раванд теша ба решаи миллати тоҷик задан аст!
Мисол, духтари ҷавони тоҷике, ки ин ҷо омада, бе ҷои кору истиқомат монда буд ба муйсафеди русе расид. Феълан ӯ аз дину миллаташ рӯй гардонида аст. Чунон тоҷиконро таҳқиру дашном мекунад, ки миллатгароёни рус нисбат ба тоҷик ин қадар бадбинӣ надоранд! Ба қавли В. И. Ленин, “аз миллатгароҳои рус дида, ғайрирусҳои русшуда ваҳшитаранд!”. Аксари тоҷикони ноболиғ ва занони аз номардии тоҷикон ин ҷоомада, сафи ҳамон “ғайрирусҳои русшудаи ваҳшӣ”-ро пур мекунанд.
– Ба назари шумо чӣ бояд кард, ки ноболиғонро аз роҳи муҳоҷирати меҳнатӣ баргардонд?
– То вақте дар ҳукумати феълӣ ҳисси ватанпарастӣ ва миллатдӯстӣ аз ҳисси қавмиву маҳалгароӣ боло нагирад, ҳеҷ коре карда наметавонем!
– Масъалаи зиндагӣ дар “хонаҳои резинӣ” (резинивыйе дома)-ро чӣ гуна шарҳ медиҳед? Ин низом кай пайдо шуду чӣ гуна аст ва оё барои муҳоҷирон дар ин гуна хонаҳо зиндагӣ кардан созгор аст?
– Мафҳуми “хонаҳои резинӣ” баъди қабули қонуни ба қайд гирифани хориҷиён пайдо шуд. Аз сабаби он ки мафҳуми “ба қайди гузоштан” (прописка) аз Сарқонуни Русия бардошта шуда буд ва дигар шумораи истиқоматкунандагон ба масоҳати хона (метри мурабаъ) рабт надорад, аммо шаҳрвандони хориҷӣ муваззафанд, ки сохторҳои марбутаро аз ҷои будубошашон огоҳ кунанд, барои ҳамин ба хориҷиён иҷоза доданд, ки дар ҷойҳои мувофиқ худро ба қайди муваққат гузоранд. Корчаллонҳо аз норасоии қонун истифода карда, дар хонаҳои танге, ки касе зиндагӣ намекард ва ё як-ду нафари зиндагӣ мекарданд, садҳо ва ҳатто ҳазорҳо хориҷиёнро ба қайд мегузоштанд, ки дар ҳолатҳои зарурӣ касеро пайдо карда намешуд.
Баъдан, ин маҳфум нисбати хонаҳое, ки дар онҳо шумораи зиёди муҳоҷирон мезистанд, истифода шуд. Масалан, ягон корчаллоне як хонаро бо 1000 доллар иҷора мегирифт. Дар воқеъ бошад, дар он ҷо 20 нафар муҳоҷирро аз ҷумлаи ҳамватанонаш ҷой медод ва аз ҳар кадоме 100 ё 200 долларӣ мегирифт. Яъне, корчаллоне аз ҳисоби ҳамватанонаш фоидаи зиёди бедарди миён меёфт, ки аз ин маблағ ба пулис, кормандони Хадамоти муҳоҷират, масъулони таҳҷоӣ пора медод. Ин як қонуншиканӣ буд. Дигараш он ки соҳиби хона аз ҳисоби як нафар ҳаққи хизмати коммуналӣ месупурд, аммо дар воқеъ, аз обу газу дигар хизматрасонии коммуналӣ 20 нафар истифода мекарданд! Дар натиҷаи ин тиҷорати ғайриқонунӣ зарар ба буҷаи давлатӣ мерасид ва шумораву ҷои будубоши хориҷиёнро касе намедонист.
Ҳоло ки вазъи муносибати байни миллатҳо ва иқтисодиёти Русия хуб нест, ҳукумат ин равандро ба низом даровардааст. Яъне дигар хориҷиён дар ҷое худро ба қайд бояд гузоранд, ки он ҷо воқеан зиндагӣ мекунанд ва агар шароиту масоҳати хона мувофиқ бошад! Ҳоло Ҳукумати Русия бар зидди ҳамин гуна хонаҳо ҷанги беамон эълон кардааст. Муҳоҷирон иҷборан ин гуна зиндагиро интихоб мекунанд – ҳам арзон асту ҳам бақайдгирӣ осон буд. Ҳоло вазъ куллан дигар шудааст ва дар чунин хонаҳо ба қайд гузоштан аллакай қонуншиканӣ мешавад.
– Дар Русия проблемаи миллатгароӣ ва бегонаситезӣ аз кайҳо боз маълум буд. Чӣ тавр аз ин “бало”-ҳо ҷамъияти тоҷикон худро дар канор нигоҳ доранд?
– Дар воқеъ, бегонаситезӣ дар Русия рӯз то рӯз шиддат мегирад ва гумонам, ки қувваҳои махсусе ин равандро таҳрик медиҳанд. Албатта, Ҷамъияти тоҷикон низ наметавонад худро аз ин бало канора бигирад, зеро дар сафи пеши ҷабрдидагон маҳз тоҷикон ҳастанд. Ин ҷо боз бармегардем ба ҳамон мавзӯъ, ки то Ҳукумати Тоҷикистон дарки масъулият накунад ва иғвоангезиро байни ҷамъиятҳои тоҷиктабор бас накунад, тоҷикон зери латукӯбу куштори миллатгароён ва умуман, ҳама гуна нохалафон мемонанд.
– Шумо барои ҳалли мушкилоти муҳоҷирон чӣ кореро ба анҷом расонидед?
– Агар коре ҳам карда бошам, шукри Худованди бузург, ки лоиқам дониставу имконам дода будааст.
– Бо масъулини Хадамоти муҳоҷирати кишвари Тоҷикистон ҳамкорӣ доред?
– На! Агар ҳамкорӣ мебуд, ба нафъи муҳоҷирон ва Ҳукумати Тоҷикистон мешуд!
– Барои ҳамкорӣ ба масъулини Хадамоти муҳоҷирати кишвари Тоҷикистон пешниҳоде намуда будед, ки рад карда бошанд?
– Аз соли 2008 то ин дам чандин пешниҳодҳо намудам. Масалан, пешниҳоди таъсиси хазинаи махсус барои кӯмаки муҳоҷирон, ки дар раёсаташ намояндагони ҷомеъаи тоҷиктабори Русия, ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва Ҳукумати Тоҷикистон шомил бошанд.
Баъдан, кӯшиши дар назди Хадамоти муҳоҷират ташкил кардани чунин хазина карда буданд. Лоиҳаашро хонда, пешниҳод карда будам, ки барои Ҷамъияти тоҷикон ягон бино ҷудо кунанд, то мо маркази омӯзиш барои муҳоҷирон тайёр кунем. Ҳатто президент дар Екатеринбург сардори вақтии Хадамоти муҳоҷиратро хезонду 10 рӯз муҳлат дод, ки то ин пешниҳод амалӣ шавад. Аммо афсӯс, ки ба ҷуз ваъдабозӣ коре накарданд.
Ҳамчунин пешниҳод шуда буд, ки дар минтақаҳои мухталифи Русия намояндаи Хадамоти муҳоҷират аз ҷумлаи фаъолони ҷомеъаи тоҷикони ин ҷо интихоб шавад. Чаро ки ҳам аз буҷаи касоди Тоҷикистон маблағ лозим намешавад ва ҳам инҳо вазъро хубтар медонанд.
Пешниҳодҳои мушаххас ва амалишаванда дар мавриди ба низом даровардан ва кӯмак ба занони муҳоҷири тоҷик, суғуртаи тиббии муҳоҷирон, ташкили ширкатҳои клирингӣ, ҷалби сармоя ва мағзи ҳамватанони бурунмарзӣ ба Ватан, роҳандозии барномаҳои тағийри имиҷи муҳоҷирони тоҷик ва ғайра низ шуда буданд. Афсӯс, ки онҳо ба ҷуз тақаллубу мадҳияхонӣ чизеро қабул надоранд!
– Ба назари Шумо, дар ояндаҳо ҳам равнди муҳоҷират меафзояд?
– Итминон дорам ва бо афсӯс мутмаъинан мегӯям, ки сафи муҳоҷирони тоҷик меафзояд.
– Чун роҳи Русия барои тоҷикон танг мешавад, муҳоҷирон куҷо мераванд?
– “Як дари пушидаву сад дари кушода!”. Кишварҳои муҳтоҷи муҳоҷир зиёданд! Бояд сифати муҳоҷиронро хуб кард. Манзурам тахассус, забондонӣ ва амсоли инҳост. Масалан, Норвегия духтурон ва кормандони соҳаи нафтро хоҳон аст; Зелландияи Нав кормандони соҳаи кишоварзиро хуш дорад; Канада ва худи Русия мутахассисони соҳаи барномасозии компютериро; Амороти Араб ва Кореяи Ҷанубӣ сохтмончиёнро…
– Тавсияи Шумо барои муҳоҷир тоҷик чист?
– Новобоста аз ҳама мушкилот, бо умед ба Худо, кӯшиш кунанд, дониш омӯзанд, то аз қонун хабардор бошанд ва дар талаби ҳуқуқҳои худ ҷасур бошанд!
Пеш аз ба Русия омадан бояд донанд:
1. Ба кӯмаки сафорату консулгариҳо набояд умед баст;
2. Ба умеди ҷамъиятҳои тоҷикӣ накунанад ва ба аксари онҳоро бовар намоянд;
3. Агар мушкилие пеш омад, ҳарчи набошад, кӯшиш кунанд, ба кормандони ҳифзи ҳуқуқӣ Русия муроҷиат кунанд! Беҳтараш бо шумораи 112 (бо илова 2). Дар чунин ҳол, занги Шумо ба таври автоматӣ сабт мешавад ва онҳо маҷбуранд чора бинанд;
Агар аз пулиси ин ҷо бовар надоранд, беҳтараш ба ташкилотҳои байналхалқӣ муроҷиат кунанд;
4. Пеш аз сафар ба ташкилоти байналхалқии муҳоҷират (МОМ) дар Душанбе муроҷиат кунанд;
5. Бо ворид шудан ба Русия ҳатман дар мӯҳлати то 15 рӯз худро ба қайд гузоранд. Агар кор кардани бошанд, ҳатман дар муҳлати то 80 рӯз ҳуҷҷатҳоятонро барои дарёфти патент ё иҷозатномаи корӣ супоранд;
6. Агар бо сабабе дар Русия ҷарима шудаанд, ҳатман, новобаста аз маблағ, онро пардохт намоянд;
Дониста бошед, ки агар ду бор ҷаримаи маъмурӣ шуданд (масалан, қоидаи роҳгардиро вайрон карданд, ҳозир барои ин ҳам ҷарима мекунанд), новобаста аз он ки пулро сари вақт супурдаед, аз 3 то 5 сол ворид шуданашонро ба Русия манъ мекунанд!
– Ташаккур барои суҳбати самимӣ.
Мусоҳиб Умед Сиддиқ