Categories Интихобот

Абдурраҳмони Ҷомӣ: Варақаҳои ҳизбҳо тамом шудааст

Дар
участкаи интихобот
ии№19-и ноҳияи Абдурраҳмони Ҷомӣ, варақаҳои ҳизбҳо ё бюллетенҳои ҳизбҳо барои овоздиҳӣ тамом шудааст, аз дигар
намуд бюллетенҳо бошад, ҳаст.

Дар ин бора
Асомиддин Абдурраҳмонов, масъули интихоботии ҳизб дар шаҳри Қурғонтеппа иттилоъ
дод.

Ба гуфтаи номбурда,
дар участкаи №17-и ноҳияи Абдурраҳмони Ҷомӣ як нафар дар дохили кабина истода,
ба мардум мегӯяд, ки дар фалон ному “ҳизб ҷаноби олӣ” овоз диҳед. Ӯ гуфт, ки ин
нафарро мо ҳам аксашро бардоштем ва ҳам ба навор гирифтем.

– Нозирон дар
ҳамаи участкаҳои интихоботӣ бо либосҳои низомӣ ҳузур доранд, ки марудми оддӣ аз
дидани онҳо ба ларза меафтанд ва ин амали онҳо комилан хилофи қонунгузории
кишвар аст, афзуд номбурда.

More From Author

You May Also Like