Categories Ахбори рӯз

Абдухолиқов Абдуфаттоҳ : хариду фурӯш ҷой надошт

Давлат Наҷмидинов, сардори шӯъбаи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта дар минтақаи Кӯлоб, ба расонаҳо иттилоъ дода, ки Абдухолиқов Абдуфаттоҳ ба даст доштан дар “фурӯши ду зан” гумонбар дониста мешавад. Ин иттилоъро масъулини бахши минтақавии ҲНИТ дар Кӯлоб такзиб намуда, онро омили бадномкунии ҲНИТ арзёбӣ намуданд. Дар сӯҳбат бо хабарнигори сомонаи www. nahzat.tj Абдухолиқов Абдуфаттоҳ раиси бахши ҲНИТ дар Восеъ иттилои дар борааш паҳн шударо рад намуда, ба ҳеҷ гуна фурӯш ё қочоқи занон даст надоштанашро таъйид намуд. Мавсуф баён дошт, ки ба хотираи барпо намудани оила миёни ду хонавода, ки яке камбизоат буда, бо розигии модари духтарон эшонро бо оилаи нав пайвастанӣ будааст . Абдухолиқов Абдуфаттоҳ мегӯяд, ки маблағи ба волидайни духтарон дода шуда, танҳо ба хотири маҳр ё ҳаққи шир, ки дар ҷомеа маъмул аст, ба волидайнашон супурда шудааст. Овозаҳое, ки ин духтарон ба кадом як шайх дар хориҷ аз Тоҷикистон фурӯхта шудаанд, ҳақиқат надорад. Абдухолиқов Абдуфаттоҳ аз бархӯрди мақомот ҳангоми боздошт дар хонааш изҳори норизоятӣ намуда, афзуд, ки аз қавонунҳои кишвар хабардор аст. Вай мегӯяд, ки овазаҳои дар ҳаққаш паҳн гашта асос надошта, ба хотири тӯҳмат ва бадномсозии ӯ роҳандозӣ шудаанд. Мавсуф мегӯяд, ки агар духтарон бидуни ризояти модарашон аз хона рабуда, пас аз он ба кишвари дигар интиқол меёфтанд, дар ин сурат қазияи ранги хариду фурӯшро мегирифт. Аз ин рӯ гуфтан лозим аст, ки ҳамаи амалиётҳое, ки сардори шӯъбаи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта дар минтақаи Кӯлоб баён доштааст, аз онҳо волидайни духтар хабардор ҳастанд. Дар идомаи сӯҳбат Абдухолиқов Абдуфаттоҳ таъкид дошт, ки дар муддати фаъолиятам ба касе бадӣ накардаам, аз чаҳорчӯби қонун низ фаротар по нагзоштаам. Пас, барои барқарории адолат ва некномиям бо такя ба қонунҳои кишвар кӯшиш менамоям. Қазияи мазкур аз ҷониби масъулони минтақавии Кӯлоб пайгирӣ шуда истодааст ва бо расидани иттилои нав мо хонандагонро дар ҷараёни мавзӯъ мегузоем.

More From Author

You May Also Like