Categories Uncategorized

Бадахшон: Омодагии ҲНИТ ба интихоботи оянда

Имрӯз, 17-уми августи 2013, Раҳматуллоҳи Раҷаб, раиси шуъбаи интихоботи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон баъди конфронси шуъбаи ҲНИТ дар ВКМБ, ки имрӯз дар шаҳри Хоруғ баргузор гардид, бо вакилони конфронси мазкур дарсҳои омузишӣ оид ба омодагӣ ба интихобот барпо кард.

Раҳматуллоҳи Раҷаб ба сомонаи Наҳзат гуфт, ки баъди конфронс ӯ бо вакилон дарсҳои омузишӣ гузашт.

Лозим ба ёдоварист, ки ҲНИТ бо ташаббуси шуъбаи интихоботи ҳизб дарсҳои омузиширо барои шуъбаҳои ҲНИТ дар Хатлон, Суғд ва НТМ дар қароргоҳи марказии ҳизб ба муддати 2-3 рӯз, бахусус дар моҳи Рамазони гузашта роҳандозӣ карда буд.

Ба назари масъулини Ҳизби наҳзат, ин ҳизб тасмим гирифтааст, ки дар интихоботи президентии оянда фаъолона ширкат хоҳад кард ва барои омодагӣ ба ин чорабинӣ қадамҳои ҷиддӣ гузошта истодааст.

Манбаъ: Сомонаи Наҳзат

More From Author

You May Also Like