«Абуҳанифа – рамзи иттиҳоди муслимин»

30 апрели соли равон дар қароргоҳи шуъбаи ҳизб дар вилояти Суғд ба муносибати 41 –умин солгарди таъсисёбии ҲНИТ, ҳамоише таҳти унвони «Абуҳанифа – рамзи иттиҳоди муслимин» баргузор гардид, ки дар он ҳудуди 200 нафар аъзову ҷонибдорони ҳизб ширкат намуданд.

Илҳомҷони Ёқуб, раиси шуъбаи ҲНИТ дар вилояти Суғд дар ин ҳамоиш гуфт, “меарзад, солгарди ҳизбе, ки солҳо барои сарбаландӣ ва шарафмандии ин миллат , барои озодиву адолату ҳақиқат талош кардааст, мубориза бурдааст, устуворӣ дар роҳи истиқлолият ва ваҳдат нишон додааст, собитқадамӣ дар нашри дин ва ҳамчунин дар мушкилиҳои ин роҳ сабру таҳаммул кардааст, ҷашн гирифта шавад. Дар ҳақиқат, мактаби Наҳзат мактаби устуворӣ, ирода, шуҷоату матонат, талошу муқовимат, сабру таҳамммул аст ва ин мактаб хамеша пайравону ҷанибдоронашро санҷишу имтиҳон мекунад, то дар роҳи худ устувору собитқадам бошанд”.
Ба гуфтаи раиси шуъба, фаъолияти ҲНИТ аз мактаби Абуҳанифа маншаъ мегирад ва ин ҳаракат аз аввали солҳои фаъолияташ барои густариши андешаҳои имом Абуҳанифа талош кардааст.
Ӯ гуфт, ки ёдамон ҳаст, ки роҳбарияти Наҳзат соли 2005 барои таҳкими мазҳаби имоми Аъзам ба Академияи улуми ҶТ пешниҳод карда буд, то дар ҳамдастӣ бо ҳизб як конфронси байналмилалӣ баргузор намояд ва Худоро шукр, ки соли 2009 «Соли бузургдошти Имом Абуҳанифа» эълон гардид. «Дар ин сол садҳо китоб нашр шуд, нишасту семинарҳои илмӣ баргузор гаштанд, даҳҳо намоишномаҳо дар тилевизион ба намоиш дода шуд, симпозиуми байналмилалӣ баргузор гардид, то андешаҳои мазҳабии имоми Аъзам, ростиву покӣ, дӯстию муҳаббату ухувват, халолкориву садоқат, сабру таҳамулпазирӣ тақвияту густариш ёбад ва болотар аз ин маҳалгароию бадбинӣ, фасоду дуздӣ, туҳмату тақаллубкорӣ решакан шавад. Вале афсӯс, ки баъди гузаштани «Соли бузургдошти Имоми Аъзам» андешаҳои ӯ фаромӯш шуданд, ба ҷойи сол то сол густариши ёфтани мазҳаби сулҳофару таҳкимбахши миллат он рӯз то рӯз рӯз ба таназзул овард”.
Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки дар кишвар қонунҳое ба тасвиб мерасад, ки мухолифат ба мазҳаби Имом Абуҳанифа доранд. Аммо ба андешаи Илҳомҷони Ёқуб, “ҲНИТ муътақид аст, ки раванди бозгашти мо ба асли хеш тавассути арзишҳои динӣ анҷом мепазирад. Аз ин рӯ, тамоми паҳлӯҳои ҳаёти ҷомеъа, чи маориф, чи фарҳанг ва чи сиёсат, аз дин ва бахасус аз мазҳаби имоми Аъзам канор буда наметавонад. Ва ҳар қадар фосилаи ақидавии ҳанафӣ байни низоми давлатӣ ва мардум дур шавад, ҳамон қадар сулҳу ваҳдат хатарзо хоҳад шуд”.
Саидиброҳи Назар, мушовири раиси ҲНИТ, ки дар мавзӯи “Таҳаммулгароӣ дар фиқҳи Имоми Аъзам” суҳбат мекард, гуфт, аз ҳама фиқҳи суннат ин фиқҳи таҳаммулгароӣ аст.
Ба гуфтаи ӯ, Абуҳанифа додани закотро ба пули нақд ҳам иҷоза додааст, ки ин амал на дар ҳама мазоҳиб иҷозат аст ва Эмоми Аъзам урфро яке аз манбаъҳои шариат қарор додааст: “Инсон дар ин мазҳаб ба гуноҳи кабира кофир намешавад. Кофир, аз дидгоҳи Абуҳанифа он аст, ки ё худ иқрор ба куфр мешавад ва ё яке аз усулҳои исломро инкор мекунад, ба монанди вуҷуди Худо, сифатҳои Худо, Қуръон ва ғайра. Ҳам фиқҳ ва ҳам каломи Абуҳанифа ҷои васатро дорад, аз ин рӯ, нуфузи бештареро дар дунё касб кардааст. Тибқи мазҳаби мазаҳаби ҳанафӣ, ҳар касе гӯяд “Ло илоҳа иллаллоҳ ва ашҳаду анна Муҳаммад расулуллоҳ” гӯяд, ӯ мусалмон аст…”.
Дар ҳамоиши мазкур чанде аз масъулони ҳизбӣ Ҷалолиддин Маҳмуд, мушовири раиси ҲНИТ, Муҳаммадшарифи Набӣ, раиси шуъби ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб ширкат ва сухаронӣ намуданд.
Ба андешаи мубтакирини ҳамоиш, намояндагони Кумитаи дин, Маркази исломӣ ва Шӯрои уламои кишвар бояд нақши васли ҳукумат бо дину мусалмононро иҷро кунанд, аммо мутассифона, бо далоили мухталиф ва қабл аз ҳама заъфи ин сохторҳо, амалгаро набудан ва нигоҳи сатҳӣ ба масоил иҷрои муваффақомези ин ҳадаф қаноатмандкунанда нест.
Гуфта шуд, ки ҲНИТ новобаста аз оне ки лату кӯб мешавад, таҳдиду таҳқир мешавад ва зулму ситамро болояш раво мебинанд, бо тамоми кӯшиш ва устуворӣ вазифаи муқаддаси худ, боло бурдани маърифати динию ҳуқуқии шаҳрвандонро анҷом медиҳад, то фосилаи дини байни мардум ва низоми давлатӣ пайдо нашавад. Пас, дониста бошанд, ки ҳар касе ба ҲНИТ дониста душманӣ меварзад, хиёнат ба дин, сулҳу субот ва болотар аз ин хиёнат ба миллат кардааст. Вале касе аз рӯй ҷаҳлу нодонӣ ва надонистан душманӣ мекунад, исмаш ҷаҳлу нодон аст.
Бояд гуфт, дар ҳамоиши мазкур намояндаҳои иддае аз аҳзоби сиёсӣ, намояндаҳои САҲА ва созмонҳои ғарйдавлатӣ иштирок карданд, аммо намояндаҳои Мақомоти иҷроияи давлатӣ, Кумитаи ҷавонон, шуъбаи идеология, Ҷумъбой Сангинов, муовин аввали раиси вилояти Суғд, раиси бахши Шӯрои уламо дар вилояти Суғд ва ғайра, ки даъват шуда буданд, ба ҳамоиш ҳозир нашуданд.

More From Author

You May Also Like