Categories Uncategorized

Аввалин вокуниши Исроил ба судури ҳукми Муборак

Мақомоти Исроил дар ростои таъкиди нав бар тавсифи Ҳуснӣ Муборак ба унвони “Ганҷи роҳбурдӣ” нисбат ба ҳукми ҳабси абади вай ибрози таассуф карда ва Муборакро раҳбаре беназир хонданд.

Ба гузориши як хабаргузорӣ, ба нақл аз пойгоҳи “Наҳрайн нет”, масъулони Исроил нибат ба судури ҳукми ҳабси абад барои Муборак ибрози таассуф карда ва гуфтанд, ки вай “Фармондеҳи беназир” ва “Раҳбаре намуна” буд.

Бинёмин писари Алюъозир, вазири дифоъи собиқи Исроил, ки бо Муборак робитаи собиқа дошт, зимни ибрози таассуф нисбат ба судури ҳукми ҳабси абад барои Муборак, вайро яке аз раҳбарони беназир тавсиф кард.

Вай муддаъӣ шуд, ки Муборак тӯли ҳукумронии худ тавонист Мисрро ба як кишвари меҳварӣ дар минтақа табдил кунад. Ӯ иброз дошт, ки шоиста буд, додгоҳи Миср барои марде ки умри худро барои амнияти Миср ва рушди иқтисодии он сарф кардааст, гузашт мекард ва ӯро ба ҳолаш мегузошт.

Вазири дифоъи собиқи Исроил афзуд, ки робитаи Муборак бо Исроил аз он сарчашма мегирифт, ки вай сулҳ байни ду тарафро рукни боаҳамияти ва стратегӣ медонист.

More From Author

You May Also Like