Аввалин зани ҳиҷобдор дар парлумои Англия

Нахустин зани муҳаҷҷабаи парлумони Англия дар аввалин суханронии худ ибрози умедворӣ кард, ки дар оянда шоҳиди занони муҳаҷҷабаи бештаре дар парлумон бошад.

Ба гузориши “Афкорниюз” ба нақл аз як шабакаи англисӣ навишт, ки Сумайя Карим мусалмонзане, ки аслан покистонӣ ва муқими Бритониё аст, дар интихоботи ахири парлумонии Англия вориди парлумон шуда, нахустин суханронии худро оғоз кард.

Карим дар гуфтугӯ бо хабаргузории “Анатоли” – и Туркия гуфт, ки ин суханронӣ комилан фаромушнашуданӣ буд ва ман намояндаи занони мусалмони ҷавон ҳастам.

Вай бо таъкид бар ин ки занони мусалмони зиёде дар Бритониё зиндагӣ мекунанд. хотирнишон кард, ки ман умедворам занони бештареро бо ҳиҷоб ва рӯсарӣ дар парлумон Бритониё бубинам, ки ин муваффақияте бузург хоҳад буд.

More From Author

You May Also Like