Файзиддин Сайдалиев, собиқ қумандон ва сокини феълии шаҳри Сарбанд бинои ҳукумати ин шаҳр ва идораи нотариалии онро дар заминаи нописандиҳои раиси шаҳр нисбат ба хоҳишоту ниёзмандиҳояш ба оташ кашидааст.
Ишон иқрор аст, ки ин корро аз сари хашм алайҳи Қарахон Чилаев, раиси шаҳр анҷом додааст, яъне хоҳиши пайвастаи Сайдалиевро ҳокими шаҳр барои дарёфти як порча замини наздиҳавлигӣ нодида гирифтааст. Ба оташ кашидани идораи нотариалӣ ҳам ба хотири он буда, ки писари шаҳрдорӣ дар он ҷо кор мекунад.
Чунин ба назар мерасад, ки Файзиддин Сайдалиев тӯли як сол дунболи ҳокими шаҳр ва дигар мақомоти он барои дарёфти қитъаи замине сарсону саргардон буда, аз бетаваҷҷуҳии онҳо нисбати ниёзмандиҳои мардум шикоят мекардааст.
Бубинед, ҳатто судяи баррасикунандаи парвандаи ҷиноӣ иқрор аст, ки агарчи амали маҳкумшуда ҷиноят ба шумор равад ҳам, дар натиҷаи беаҳамиятии мансабдорон рух додааст. Вале суоли матраҳ ин аст, ки агар суд баъди баррасии парванда ба чунин хулоса расида бошад, чаро Сайдалиевро барои ду сол ба маҳбас фиристоду онҳое, ки боиси чунин ҷиноят гардиданд, бепосух монданд, бахусус раиси шаҳри Сарбанд, ҷаноби Чилаев? Дар ҳоле ки маҳкумшуда ошкоро иқрор аст: аз муносибати шаҳрдорӣ ба ҷон расида, даст ба чунин кор задам.
Ҳамсари маҳкумшуда, Турсуной Сайдалиева низ гуфта, ки маҳз муносибати сарди Чилаев шавҳарашро ба ҷиноят тела додааст. “Пеши ҳама рафтам, вале касе дасти ёрӣ дароз накард. Аз ҳамаи додгоҳҳо шикоят дорам, аз раиси шаҳр ҳам, чун … ҳама мегӯянд, ки раиси шаҳр гуфтааст, агар касе ба онҳо кумак мекунад, аз вазифааш сабукдӯш мешавад”.
Ҷои тазаккур аст, ки ҳокими шаҳри Сарбанд, ҷаноби Қарахон Чилаев ва маҳкумшуда Файзиддин Сайдалиев ҳарду чанде қабл сокини ноҳияи Данғара буданд. Ва ин гуна бетаваҷҷуҳӣ ва эътирозҳои лафзӣ ҳам дар аксари кулли навоҳӣ рух медиҳанд.
Вале ин гуна эътирози ошкор, он ҳам оташ задани бинои ҳукумат бори аввал аст. Агарчи дар гузашта Зайнулобиддин Ҷӯраев, сокини 80-солаи Исфара ба рӯи раиси додгоҳ кислота пошида буду ба 8 соли зиндон маҳкум шуд. Шавкат Раҳмонов, сокини 74-солаи пойтахт ҳам дар назди Кохи президенти Тоҷикистон худро оташ зад, ки чанде баъд даргузашт.
Categories
ҶОМЕА