Categories Uncategorized

Аввалин шаҳрдори мусалмон дар яке аз шаҳрҳои Англия

Яке аз аъзои Шӯрои шаҳри Лестери Англия ба унвони аввалин шаҳрдори мусалмони ин шаҳр мансуб шуд.

Ба гузориши “islamworldnews”, Абдуллоҳ Усмон аз соли 1996 м яке аз мусалмонон аъзои Шӯрои шаҳри Дестери Англия будааст, ки айни замон ба мансаби ин шаҳр баргузида шудааст.

Вай дар заминаи барномаи ояндаи худ дар шаҳрдории ин шаҳр гуфт, ки дар назар дорам дар оянда дидор бо ақшори мухталифи ҷомеаро дар дастури кори худ қарор диҳам ва шаъну мансаби шаҳрдориро иртиқо бахшам.

Вай дар идомаи сӯҳбат гуфт, ки ман ифтихор мекунам, ки аввалин мусалмоне ҳастам, ки ба ин мансаб ноил шудааст. Зеро бо вуҷуди афроди масеҳӣ, ҳинду сик ва дар Шурои шаҳр, як мусалмон барои ин мансаб интихоб аст ва ин рухдоди бисёр бузургест. Абдуллоҳ Усомн ҳамчунин аз ташкили як ҷамъияти хайрия барои кӯмак ба ақшори камдаромади ҷомеа хабар дод.

More From Author

You May Also Like