Субҳи имрӯз, 15-уми
декабри соли 2014 Ҷамшед Худойдодов, майёри Шуъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ҷиргатол
дар сари пули ноҳия Қурбоналӣ Саидмуродов, раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи мазкур ҳамроҳ
бо ду вакили дигари ноҳия, ки барои ширкат дар анҷумани 11-уми Наҳзат ба
Душанбе равон буданд, боздошт карда, онҳоро ба дафтари ШКД-и ноҳия мебарад.
Ҷаноби Худойдодов дар суҳбати телефонӣ сабаби
боздошти онҳоро чунин шарҳ дод: ” Ҳеч гап нест.
Як ду гап дорем ва баъд озодашон мекунем.” Аммо бо гузашти беш аз ду соат,
то ҳол вакилони Наҳзат дар идораи
ШКД қарор доранд.
Аммо навбатдори телефони боварии ВКД дар Душанбе, Шоҳинов дар
сухбати телефонӣ гуфт, ки онхо
саъй мекунанд, то мушкилро то фардо ҳал кунанд ва мо гуфтем, ки фардо дер мешавад ва дар сурати озодии
вакилони боздоштшуда фардо, онҳо наметавонанд
дар анҷуман ширкат кунанд.