Барои нахустин бор дар таърихи Шри–Ланка як қозии мусалмон ба унвони раиси Додгоҳи олии ин кишвар таъйин шуд.
Ба гузориши “islamworldnews”, ба нақл аз манобеи арабӣ, дар пайи сафари раис Муҳон Перс, раиси Додгоҳи олии Шри–Ланка ба хориҷ, Салим Марсуф қозии Шри–Ланка ба унвони муовини раиси Додгоҳи олии ин кишвар аз тарафи раисҷумҳур интихоб шуд.
Ин барои нахустин бор дар таърих Шри–Ланка аст, ки як мусалмон пости муовинати раиси Додгоҳи олии ин кишварро бар уҳда мегирад. Марсуф ҳафтаи гузашта дар баробари раисҷумҳури Шри–Ланка савганд ёд кард.
Салми Марсуф ба унвони муовини бахши додситонии умумӣ ба муддати 29 сол фаъолият кардааст. Сипас дар соли 2003 м ба унвони раиси додгоҳе мансуб шуд ва баъд аз он дар соли 2004 ба унвони қозии Додгоҳи олӣ интихоб шуд. Вай фориғуттаҳсили донишкадаи исломии Аззоҳира ва донишкадаи Руёл дар пойтахти Шри–Ланка аст.