Манбаъҳои хабарӣ аз гузориши маҳрамонае дар бораи нақзи ҳуқуқи башар дар сарзаминҳои ишғолӣ хабар доданд, ки дар ин замина Иттиҳодияи Аврупо режими саҳиюнистиро ба нажодпарастӣ алайҳи сокинони аслии ин сарзамин муттаҳам кардааст.
Ба гузориши хабаргузории интернетии “Меҳр”, дар ин гузориши маҳрамона, ки аз 27 сафҳа иборат буд, хабаргузории “Фаронса” нусхае аз онро ба даст оварда омадааст, дар ҳоле ки ҷомаи ҷаҳонӣ ба ин бовар аст, ки сулҳи фаластиниҳо ва Исроил то ҷое қобили таваҷҷӯҳ қарор гирифтааст, мо бояд рафтори Исроил бо ақалиятҳои арабҳо, ки сокини сарзаминҳои ишғолӣ мебошанд, дар мадди аввал қарор диҳем.
Дар ин гузориш ҳамчунин омадаст, арабҳое, ки дар Исроил дар манотиқи ишғолии 1948 зиндагӣ мекунанд, аз назари даромад, дастрасӣ ба маскан, омӯзиш ва замин дар ҳолати бади ба сарбарӣ қарор доранд. Ин гузориш, ки таҳияи он ба таърихи моҳи ноябри соли 2011 боз мегардад, унвон мекунад, ки сиёсатҳои амниятии Исроил ба рӯшанӣ арабҳоро ҳадаф қарор додааст.
Хотирнишон мешавад, пештар расонаҳо аз барномаи густурдаи режими саҳиюнистӣ барои ихроҷи арабҳои сокини манотиқи ишғолӣ ба вижа аз минтақаи Аннақб хабар дода буданд. Ҳамчунин густариши шаҳракҳо дар Байтул Муқаддаси ишғолӣ бо ихроҷи арабҳои сокини ин шаҳр низ ҳамчунон идома дорад.