Дар чорроҳаи маҳаллаи Якум Совети пойтахт, чорроҳаи мавсум ба беморхонаҳои Якум Совет автобуси хидматии гимназияи “Ҳиммат”, ки маъмулан барои хонандагони ин муассиса сафарбар шуда буд, ба сӯхтор дучор шуд.
Ҳодисаи мазкур, имрӯз, тақрибан соати 14:30 ба вуқуъ пайваст. Ин ҳам дар ҳолест, ки 54 хонандаи синфҳои поёнӣ дар дохили автобус будаанд.
Дар ҳамин ҳол, ба қавли Азамат, ронандаи ин автобус, сабаби оташ гирифтани мошин дар кори номуътадили муҳаррики он будааст.
Ҷавоне, ки миёни издиҳоми мардум ҳузур дошт, худро Раҷабалӣ муаррифӣ карда гуфт, вақти дидани дӯд дар дохили автобус ӯ ба кӯмак шитофта, кулли мусофиронро аз дохили мошин ба берун баровардаанд, ки хушбахтона, касе осеб надидааст.
Categories
ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШ