Рафиқҷон Шокиров, муовини сардори Хадамоти алоқаи кишвар дар рӯ ба рӯи хабарнигорон гуфтааст, ки “агар Зуҳуров дар Душанбе мешуд, ҳатман дар нишасти хабарӣ иштирок мекард. Мо намедонем ҳоло ӯ дар куҷост, вале дақиқ аст, ки дар Душанбе нест. Қаблан барои ташкили ҳавзи моҳипарварӣ ба шаҳри Кӯлоб рафта буд, аммо ҳозир гуфта наметавонем, ки дар куҷост”.
Ин аст услуби наве аз коргузорӣ ва додани маълумоти дақиқ дар идораҳои Ҳукумати Тоҷикистон, ки эҳтимол ин як тарзи нави барканор кардани мақомдори дигаре ҳам буда метавонад, мисли «пинҳон» нигоҳ доштани ҷаноби Амонуллоҳ Ҳукумов, ки ахиран, барканории ӯро аз мақомаш шоҳид гаштем.
Бар ҳар ҳол, ҷаноби Бег Зуҳуров аз ҷумлаи мақомдорони хабарсоз дар ВАО буду фикр мекунам, ҳоло ҳам ҳаст, вале аз чӣ бошад, ки ахиран, ишон худро аз хабарнигорон канор мегирад. Хеле аҷиб ҳам ҳаст, вақте муовини Бег Зуҳуров ишора ба он мекунад, ки бояд худи ӯ дар мавриди сохтмони бинои 16-ошёна дар Кӯлобу овозаи тӯйи писараш бо духтари Президенти ҶТ, инчунин дастури хос ҷиҳати истифода аз интернети “Тоҷиктелеком” барои ниҳодҳои ҳукуматӣ посух бигӯяд. Вале боз ҳам ҳадафи истифода аз «Тоҷиктелеком»-ро милликунонии интернет гуфта, гӯё “ин дастур ба вазорату идораҳои давлатӣ дар доираи қонун ва тибқи қарори ҳукумат дода шудаасту ба дигар ширкатҳои интернетрасон монеъа эҷод намекунад”.
Ҷойи тазаккур аст, ки афроде мисли Бег Зуҳуров бо дастури хос ба тавзеҳи хайрия машғул гашта, дар анҷоми сохтмони биноҳое низ саҳм мегиранд, вале баъди чанде нолозим мешаванду мераванд ба истеъфо. Ҳукумов ҳам сохтмонҳои бузургеро дар пойтахт анҷом дода, дар ҷумлаи дигарон иддае аз кормандони ширкати «Роҳи оҳан»-ро бо нархи арзон соҳиби хона карда буд, вале ҳоло тавре мегӯянд, «агар дунё “вафо” мекард, куҷо шуд» фалонӣ?
Ҳоло гӯё пардохти маблағи сохтмони бинои Хадамоти алоқаи кишвар ба зиммаи худи хадамот ва ширкатҳои мухобиротии кишвар вогузор гардидааст.
Categories
ТАҲЛИЛ