Бобоҷони Қаюмзод
17.04.2012, 12:46
Марде, ки бо дурандешии Сиддиқӣ, адолати Форуқӣ, ҳаёи Усмонӣ ва қазовати Ҳайдарӣ по ба майдон гузошт ва муҷаддиди таърихи ислом ном гирифт.
Батаврекирӯзефардеӯробоунвони «Халифатуллоҳфиларз» хитобкард, аммоӯнороҳатшудвагуфт: падарумодарамбароиманнометаъйинкардаандваонУмарастмаробономихудамсадокунед.
«Эй, мардум! Ҳар кас аз Худо пайравӣ кард, пайравӣ аз ӯ воҷиб аст, дар ғайри ин сурат итоат аз ӯ ҷоиз нест. Ман ҳам то замоне Ки мутобиқи шариат рафтор кардам, мутеъи ман бошед, агар заррае аз дастури Худо сарпечӣ намудам, ҳеҷ ҳаққи итоате бар шумо надорам».
Умар ибни Адулазиз муҷаддиди қарни аввали ҳиҷрӣ
Дар замоне, ки ҳукумати Умавиён дар ҳоли рукуд ва таназзул ва аз ҳолатҳои нобасомонии атроф мутаассир шуда буд, дин ва диндорон дар ҷомеъа нуфузи худро то ҳудуди зиёде аз даст дода буданд. Эҳсосоти динӣ рӯ ба хомӯшӣ оварда ва ҳеҷ равзанаи умеде барои мардуми он боқӣ намонда буд. Мероси хулафои рошидин ва муаллими бузургашон ба бозичаи дасти ҳокимон ва гурӯҳҳои фурсатталаб табдил шуда буд. Зимомдорони сиёсӣ салоҳияти идораи ҳукуматро надоштанд. Ҳеҷ умеде барои ислоҳ ва беҳбуди ҳукумати исломӣ вуҷуд надошт.
Дар ин рӯзҳо уммати исломӣ ниёзи шадид ба як муслиҳи бузург, боимон, худогоҳ ва хирадманд дошт, то бар мушкилот ғалаба намуда, масири таърихро тағйир диҳад ва ҷомеъаи исломӣро ба суи аҳдоф ва аҳкоми аслии он раҳнамоӣ кунад.
Бинобарин аз он ҷое, ки дини ислом табиатан салоҳият ва тавони болои тарбияти афроди андешаманд ва муслиҳро дорад ва дар ҳеҷ замоне ҷомеъаи исломӣ холӣ аз мутафаккирони муслиҳ набудааст, ин бор низ Худованд яке аз ин афроди муслиҳро барои эҳёи дини худаш интихоб намуд ва ба майдон овард. Марде, ки бо дурандешии Сиддиқӣ, адолати Форуқӣ, ҳаёи Усмонӣ ва қазовати Ҳайдарӣ по ба майдон гузошт ва муҷаддиди таърихи ислом ном гирифт. Ин бор Худованди ҳаким шахсияте ба номи Умар ибни Адулазиз аз насли Умари Форуқ (р) ро барои эҳёи дини худ шоиста донист ва ба ҷомеъаи исломӣ арзонӣ дошт. Оре, ин ситораи дурахшони осмони ислом, набераи ҳамон Форуқи Аъзамест, ки нурҳои адолати хилофаташ то имрӯз партавафканӣ мекунанд. Набераи ҳамон шахсест, ки адолат ва раҳбариаш ҳатто душманонашро низ дар ҳайрат гузошта буд.
Модари Умар ибни Абдулазиз (р) умми Осим, духтари Осим ибни Умар ибни Хаттоб мебошад. Модаре, ки дар соли 61 ҳиҷрӣ ин манбаи хайри касирро барои уммати исломӣ ба дунё овард. Падараш Абдулазиз ибни Марвон яке аз бузургони бани Умайя буд, ки беш аз бист сол Аморати Мисрро бар ӯҳда дошт.
Дар бораи издивоҷи Абдулазиз ибни Марвон омадааст, ки рӯзе ба яке аз вазирони худ гуфт: ҳудуди чаҳорсад дирҳам аз поктарин амволи ман ҷамъоварӣ кун, зеро нияти издивоҷ бо як духтар аз хонаводаи диндор ва солеҳеро дорам. Баъд аз муддате бо Умми Осим духтари Осим ибни Умар ибни Хаттоб издивоҷ намуд ва самараи ин издивоҷи муборак муҷаддиди қарни аввал Умар ибни Абдулазиз буд.
ӯ ҳамеша бо Абдуллоҳ ибни Умар дар робита буд ва аз ҳузури эшон истифода менамуд. Ибни Умар низ ӯро бисёр дӯст медошт. То ҷое, ки вақте Абдулазиз ибни Марвон ба аморати Миср мансуб шуд ва бо номае аз умми Осим хост, то ҳамроҳ бо Умари хурдсол ба Миср сафар кунанд, ибни Умар аз умми Осим хоҳиш кард, ки Умари сониро дар назди ӯ бигзорад ва модараш низ қабул кард. Вақте Абдулазиз ибни Марвон аз ин қазия хабардор шуд бисёр хушҳол шуд, ки фарзандашро дар зери тарбияи яке аз асҳоби паёмбар (с) гузоштааст. Умари хурдсол дар назди тағои худ улуми зиёдеро омӯхт аз ҷумла илми ҳадисро. Инчунин ӯ бо ахлоқу шахсият ва мақоми бобои бузургвораш дар ҷомеъаи исломӣ ошно шуд.
***
Умар ибни Абдулазиз аз ибтидо дар Мадинаи Мунаввара, ки манбаи улуми набавӣ ва маҳди уламои фарҳехта ва маскани фуқаҳои худсохта буд, парвариш ёфт ва шавқу иштиёқи илмомӯзӣ дар вуҷудаш ниҳодина шуд.
Ӯ дар айёми кӯдакӣ бо қалби пок ва рӯҳи беолоиш Қуръони маҷидро ҳифз кард ва дар партави он ба омӯзиши улуми ҳадис ва маорифи Қуръон пардохт. Умари сонӣ аз ҳамнишинии ёрони паёмбар низ истифода намудааст. Аз ҷумла, робитаи ӯ бо Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар ибни Абитолиб, Соиб ибни Язид, саҳл ибни Саъд ва фуқаҳое чун Убайдуллоҳ ибни Абдуллоҳ, Саъид ибни Мусайяб ва дигарон дар шаклгирии шахсияти ӯ таъсири зиёде доштааст.
***
Ҳазрати Умар ибни Абдулазиз раҳимаҳуллоҳ дорои вижагиҳо ва хусусиятҳои беҳтарини инсонӣ буд, ки ин хусусиёт фақат метавонист дар вуҷуди як олими раббонӣ, ҳокиме бо салобат, мудире бо ҳикмат, раҳбаре бо адолат ва муъмине бо фаросат ёфт шавад. Аз муҳимтарин хусусиятҳое, ки дар тӯли ҳаёти эшон ва махсусан дар замони хилофат, дар вуҷуди эшон ошкоро ва равшан мушоҳида мешуд, метавонем ба ин сифот ишора кунем. Сифоте, ки ӯро ва замону макони ӯро дар таърих ҷовидона сохтанд.
***
Бузургтарин хусусияте, ки вайро дар муқобили тамоми мушкилоту сахтиҳо собитқадам кард, инчунин сабаб шуд, то бо сарвату қудрати худ туғён накунад, имони қавии ӯ ба охират, тарс аз Худо ва шавқи неъматҳои ҷаннат буд. Фотима духтари Абдулмалик ҳамсари Умар ибни Абдулазиз мегӯяд: Умар дар хондани намоз ва гирифтани рӯза талош мекард, вале нуктаи аслӣ ин аст, ки манн худотарстар аз ӯ ҳаргиз надидам.
ӯ ҳангоми хобу бедори зикри Худоро мекард ва дар корҳои ҳукуматаш сахт аз Худо метарсид.
Умари сонӣ дар партави таъолими Куръон ва суннат ба ин натиҷа расида буд, ки дунё маҳали имтиҳон ва озмоиш аст. ӯ дунёро киштзоре барои охирати худ медонист. Солим ибни Зиёд мегӯяд: харҷи хонаводаи Умар ибни Абдулазиз рӯзона 2 дирҳам буд. ӯ либоси сода мепӯшид ва тамом ва ҳама гуна зару зевар ва худнамоиро тарк карда буд.
***
Муҳимтарин ва аслитарин хислати як муъмин тавозӯъ ва фурутанӣ мебошад. Аммо ин сифат замоне зеботар мешавад, ки дар вуҷуди инсони сарватманд ва соҳибқудрате мисли ҳоким ва халифа ёфт шавад. Муҷаддиди қарни аввал ва Умари сонӣ аз ин сифати нек ба ба таври комил бархӯрдор буд. Ба тавре ки рӯзе фарде ӯро бо унвони «Халифатуллоҳ фил арз» хитоб кард, аммо ӯ нороҳат шуд ва гуфт: падару модарам барои ман номе таъйин кардаанд ва он Умар аст маро бо номи худам садо кунед. Албатта, ин ҳамаи ин сифатҳо мероси ҷаддаш Умари Форуқ буд, ки ба ӯрасида буд.
Сулаймон ибни Абдулмалик дар соли 99 ҳиҷрӣ вафот намуд ва бо навиштани як васиятномае Умар ибни Абдулазизро ба унвони халифа мансуб кард. Умар ибни Абдулазиз дар ҳоле ки аз бар ӯҳда гирифтани чунин масъулияти бузурге нороҳат буд, ба масҷид рафта, дар он ҷо суханронӣ кард, ки хулосаи он ба ин шарҳ аст.
«Эй, мардум! Ман ба василаи мақоми хилофат мавриди имтиҳони Илоҳӣ қарор гирифтаам. Аммо дар ин маврид на аз ман назархоҳӣ шуда ва на бо шумо машварат шудааст. Бинобарин ман шуморо барои байъат бо худам маҷбур намекунам ва шумо ҳар касеро мехоҳед, халифа таъйин кунед».
Мардум яксадо фарёд бароварданд: мо туро интихоб карда ба хилофати ту розӣ ҳастем!!»
Умари сонӣ чун дид, ки роҳи фироре аз ин масъулият надорад, сипас ба баёни равиши хилофти худ пардохта идома дод:
Аммо баъд! Ба дурустӣ ки баъд аз паёмбари акрам (с) дигар паёмбаре мабъус нахоҳад шуд ва охирин китоби Илоҳӣ Қуръон аст. Ҳар чиро Худованд ҳалол карда, то қиёмат ҳалол ва он чиро ҳаром гуфта, то абад ҳаром аст. Огоҳ бошед, ки ҳеҷ шахсе набояд дар коре, ки мавриди нофармонии Худо мешавад, мавриди пайравӣ қарор гирад. Ман аз шумо бартарӣ надорам ва фарде аз шумо ҳастам, фақат Худованд масъулияти вазнинеро бар ӯҳдаи ман гузоштааст».
Эшон баъд аз тавсияи мардум ба тақво ва дурӣ аз гуноҳон, бо садои баланд фармуданд: «Эй, мардум! Ҳар кас аз Худо пайравӣ кард, пайравӣ аз ӯ воҷиб аст, дар ғайри ин сурат итоат аз ӯ ҷоиз нест. Ман ҳам то замоне ки мутобиқи шариат рафтор кардам, мутеъи ман бошед, агар заррае аз дастури худо сарпечӣ намудам ҳеҷ ҳаққи итоате бар шумо надорам».
Ин ҷумалотро гуфта аз минбар поён рафт ва ба ин тартиб рӯзи ҷумъа даҳуми сафари соли 99 ҳиҷрӣ аввалин рӯзи хилофати Умар ибни Абдулазиз дар таърихи ислом ба сабт расид.
***
Умар ибни Абдулазиз баъд аз хилофат дигар худро ҷонишини Сулаймон намедонист, балки фаротар аз ин худро ҷонишини Умар ибни Хаттоб медонист. Вай било фосила пас аз ба даст гирифтани ҳукумат чандин нафар волиёни золим, чоплус ва нолоиқро аз мақомашон барканор намуда, ба ҷои онҳо афроди солим ва бо салоҳияту худсохтаро ҳоким намуд. Баъд аз таҳқиқ ва баррасӣ ҳамаи канизонро ба хонаводаҳояшон баргардонд ва дарбори ҳукуматиро, ки то ҳадди зиёде мушобеҳи дарбори Қайсар ва Касро шуда буд, ба равиши соддаи даврони хилофати рошида ва мутобиқи суннати паёмбари акрам(с) даровард. Тамоми табъизоти табақотии дарборро аз байн бур два худаш низ чунон зиндагии зоҳидонаеро ихтиёр кард, ки уро дар таърихи инсоният ҷовидона сохтааст.
***
Ислоҳот ва тағйироти Умар ибни Абдулазиз мунҳасир дар низоми хонаводагӣ, зуҳд дар дунё ва даъвати дигарон ба зуҳд набуд балки барои ислоҳи низоми ҳукуматӣ низ ислоҳоти қобили мулоҳизае анҷом дод. Ҳукумати Умавӣ то қабл аз ин фақат масъули ҷамоварии молиёт ва гирифтани ҷазя аз аҳли зама шинохта мешуд ва ҳеҷ таваҷҷуҳе ба ахлоқ ва умури мардум надошт. Аммо ӯ дар партави Қуръон ва суннат ва бо пайравӣ аз хилофати хулафои рошидин ин дидгоҳро комилан тағйир дод ва ба ҳамагон фаҳмонд, ки дини ислом дини раҳмат буда, ҳукумати исломӣ ба манзури осоиши мардум ба вуҷуд омадааст ва ҳаргиз ҳадафи он моландузӣ ва хушгузаронӣ набудааст.
***
Чуноне қаблан гуфта шуд, хулафои пешин ҳеҷ таваҷҷӯҳе ба мардуми худ надоштанд ва Умари сонӣ аввалин касе буд, ки ба ин нукта таваҷҷӯҳ кард. ӯ сиёсат ва ҳукумати худро бар мабнои даъвати ҳасана ва роҳнамоии уламои худсохта ва ботақво ташкил дод.
Бо навиштани номаҳое ба волиёни таҳти хилофати худ аз онҳо мехост, ки дар идораи ҳукумати худ аз доъиён ва уламои динӣ истифода кунанд ва барои ислоҳи ҷомеъа барномарезии дақиқ ва ҳисобшудае таҳия кунанд.
Бо мутолиъа ва баррасии даврони хилофати ин шахсияти ҷовидонаи таърих, бо номаҳои зиёде мувоҷеҳ мешавем, ки дар онҳо мардумро аз манҳиёти Илоҳӣ мисли шурби хамр, ҳақи мардум хӯрдан, навҳасароӣ ва дигар расму оинҳои ҷоҳилӣ боз дошта, даъват ба иҷрои авомири Илоҳӣ дар зиндагии фардӣ ва иҷтимоӣ кардааст.
Инчунин номаҳои дигаре низ ба ҳокимони мамолики ғайриисломӣ навишта ва онҳоро ба ислом даъват кардааст ва интишори ислом дар Марокаш ва атрофи он аз самароти ин номаҳо ба шумор мераванд.
***
Ин халифи донишманд дар канори барномаҳои тарбиятӣ дар низоми сиёсат, таваҷҷӯҳи зиёде ҳам ба улуми исломӣ дошт. Бо вуҷуди он ки худи эшон аз уламои бузурги замони худ буданд ва ба қавли аллома Заҳабӣ ҳампояи имом Заҳрӣ буд, аммо пардохтан ба умури мамлакат фурсати пардохтани эшон ба улуми исломиро ба таври ихтисосӣ аз ӯ салб карда буд. Бинобарин гурӯҳе аз уламоро барои ин амр истихдом намуд ва моҳона ҳуқуқашонро аз байтулмол мепардохт. Шахсан номае ба Абубакр ибни Муҳаммад ибни Ҳазм, яке аз уламои бузурги замони худ навишт ва ба ӯ фармуд: «Бодиққат тамоми гуфтаҳои Расул(с) бинавис, зеро метарсам, ки илм кӯҳна шуда, уламо аз байн бираванд».
***
Шояд бархеҳо гумон кунанд, ки иҷрои ин гуна барномаҳо аз ҷониби халифа ва ихтисос додани бахши бузурге аз байтулмол дар умури мухталиф, сабаби рукуди иқтисодии ҷомеъа ва дар ниҳоят фақри мардум шавад ва мардумро нисбати ҳукумат бадбин созад. Аммо бар хилофи ҳамаи ин тасаввурот ин иқдомот на танҳо ҷомеъаро дучори буҳрони иқтисодӣ накард, балки сатҳи фақру камбизоатиро дар ҷомеа тақрибан ба сифр расонд. То он ҷо, ки мардум барои додани закоташон касеро пайдо намекарданд, ки мустаҳиқи закот бошад.
Яҳё ибни Саид яке аз кормандони дастгоҳи ҳукумати Умари сонӣ менависад: «Халифа маро барои ҷамъоварии закоти мардуми Африқо маъмур кард. Ман амволи закотро ҷамъоварӣ кардам, вале ба ҷуз чанд маъюб шахси мустаҳиқи дигаре дар он ҷо пайдо накардам, ки ба ӯ закот бидиҳам. Бинобарин бо он амвол ғуломонеро харидам ва озод кардам».