Categories Ахбори рӯз

Баҳси стротежии муҳоҷират

Ахиран, дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ нишасти илмӣ-амалие доир гаштааст, ки дар он пиёда намудани стротежии миллии Тоҷикистон дар робита ба муҳоҷират дар солҳои 2011-2015 ба баҳс кашида шудааст.
Оҷонсии иттилооти «Азия плюс» менависад, дар нишаст намояндагони Дастгоҳи иҷроияи президент, Бонки ҷаҳонӣ, Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират ва дигар ниҳодҳои зирабти ҳукумати кишвар ширкат доштанд.
Ба навиштаи манбаъ, Сумангул Тағоева, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон гуфтааст, амалӣ гардонидани стротежии дар боло ишорашуда яке аз вазоифи афзалиятноки ниҳодҳои зирабти Ҳукумати Тоҷикистон мебошад.
Вазир гуфтааст, дар амал татбиқ намудани стротежии мазкур дар танзими раванди муҳоҷират ва ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирин нақш хоҳад дошт.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ рӯзи шанбе дар вохӯрӣ бо ҷавонон муҳоҷиринро сутунмуҳраи иқтисоди Тоҷикистон хонда, гуфта буд, бояд сиёсати ягонаи давлатӣ оид ба раванди муҳоҷират пиёда шавад. Ба қавли ӯ, агар ҳизб ё сиёсатмадоре ваъда бидиҳад, ки дар ҳоли пирӯзияш дар интихобот муҳоҷиронро ба Ватан бармегардонад, дурӯғ мегӯяд, зеро ин чиз имкон надорад, вале танзим намудани онро гоми ҷиддие дар ростои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирин будааст.

More From Author

You May Also Like