Categories Uncategorized

Агар Майкл Фелпс тоҷик мебуд…

Муҳибуллоҳи Қурбон

nahzat.tj

Дар Бозиҳои олимпӣ, ки дар Лондони Бритаияи Кабир мегузарад, варзишгарони тоҷик то имрӯз натавонистанд соҳиби ақаллан як медал гарданд ва квартираи ваъдакардаи ҲНИТ ҳанӯз соҳиби худро пайдо накардааст.

Майкл Фелпс, шиновари амрикоӣ дар Олимпиадаи Лондон то имрӯз соҳиби се медал; як тилло ва ду нуқра гардида, дар таърихи Бозиҳои олимпӣ номи худро гузошт.

Ӯ аввалин варзишгарест, ки 15 бор дар олимпиадаҳои Афина (Юнон) бо ҳафт тилло, Пекин (Чин) ҳафт тилло ва Лондон як тилло  ғолиб омадааст.

Бар замми ин, ӯ боз ду медали нуқра дар Лондон ва ду биринҷӣ дар Афина гирифтааст.

Дар таърихи Бозиҳои олимпӣ ӯ аввалин варзишгарест, ки соҳиби 19 медал гардидааст ва аз рӯи шумораи нишонҳо аз Лариса Латининаи рус, ки солҳои 1956, 1960 ва 1964 дар се олимпиада иштирок карда, 18 медалро сазовор шуда, аз онҳо 9-тоаш тилло буд ва дар тӯли 48 сол нафаре натавониста, ки аз рӯи шумора аз ӯ бигузарад.

Майкл Фелпс боз 26 бор, тасаввур кунед, 26 бор чемпиони ҷаҳон дар шиноварӣ шудааст! Ин ҷавони 27 сола чор бор дар олимпиадаҳо:  Сидней (Австралия, 2000), Афина, 2004, Пекин, 2008 ва Лондон 2012 иштирок кардааст.

То 1 августи 2011 Майкл 37 рекорди ҷаҳонӣ дар шиноварӣ нишон додааст ва аз рекорди ҳамватанаш  Марк Спитс, ки соҳиби 33 рекорди ҷаҳонӣ дар шиноварӣ буд, гузаштааст. То ҳозир ҳам ӯ соҳиби 7 рекорди ҷаҳонист, ки 9 – 10 сол пеш нишон дода буд, аммо то имрӯз варзишгаре пайдо нашудааст, ки аз рекордҳои нишондодаи ӯ гузарад.

Майкл боз дар се намуди дигари шиноварӣ дар мусобиқаҳои олимпии Лондон ширкат мекунад ва шояд нишони бистум ва ҳатто бисту якуму дувуми олимпиро низ пирӯз гардад.

Барои рекорди Раиса Латининаро шикастан ё гузаштан 48 сол зарур шуд, вале аз рекордҳои гузоштаи Майкл Фелпс гузаштан чанд сол даркор хоҳад шуд? Ба ин суол танҳо Бозиҳои олимпии оянда посух медиҳад.

Майкл дар тамоми мусобиқаҳое, ки иштирок кардааст, панҷоҳу ҳафт медали тилло, ҳафт нуқра ва се биринҷӣ гирифтааст!

Хайрият, Майкл тоҷик набудааст, вагарна ҳоли молиявии ҲНИТ чӣ мешуд?!

More From Author

You May Also Like