Масъули бахши ҷавонон дар созмони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар устони Суғд таъкид кардааст, ки масъулини интизомии минтақа фарқе миёни аъзои ин ҳизб ва гурӯҳҳои мамнуъи ифротӣ назири Ҳаракати исломии Ӯзбакистон ва Ҳизби таҳрир намебинанд.
Ба гузориши сайти хабаргузории “IslamNews.Tj”, Илҳом Яъқубов бо ишора ба чанд мавриди тавҳини кормандони полиси роҳаномоӣ ва ронандагии шаҳри Хуҷанду навоҳии атрофи он ба вай, ҳамчунин манъи пулис аз баргузории нишастҳои ҳизбӣ дар шаҳристонҳои Исфара, Ашт, Мастчоҳ тайи рӯзҳои ахир гуфт, ки ин мавридҳо сабаби шикояти вай ба идораҳои пулис шудааст.
Ба гуфтаи вай, масъулин ҳангоми бозрасии мадорики мошини шахсияш аз аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба унвони “Душманони Ҳукумат” ёд кардаанд, ки тамоми фаъолияти онҳо таҳти контроли идороти интизомӣ аст. Масъули Ҳизби наҳзати исломӣ муътақид аст, ки афзоиши фишор ва таъқиби аъзои ин ҳизб дар шимоли кишвар ҳокӣ аз набудани муомала миёни ниҳодҳои ҳукуматӣ ва аҳзоби сиёсӣ аст, ки албатта ин фишорҳо дар остонаи баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ташдид хоҳад шуд.
Вай ҳадаф аз ин иқдомотро эҷоди тарс дар миёни аъзо ва ҷонибдорони ин ҳизб ба манзури коҳиши мизони маҳбубияти танҳо гурӯҳи расмии исломӣ дар Тоҷикистон унвон кардааст.