Ҳамасола дар раванди интихоботҳо талошу фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон нисбат бар дигар аҳзоб, ба истиснои ҳизби ҳоким зиёд ба назар мерасад, вале натиҷаи кор аз дигар аҳзоб комилан фарқ надорад.
Барои мисол, интихоботи парлумонии гузашта, ки панҷ сол қабл баргузор гардида буд, натиҷаи кори Наҳзати исломӣ ин шуда буд, ки монанди ҳизби коммунистиву аграрӣ соҳиби ду курсӣ гардад, вале ин дар ҳоле аст, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар арафаи интихоботи парлумонии моҳи феврали соли 2015 ба ниҳодҳои дахлдори кишвар барои баргузории ин чорабинии сиёсӣ дастур дода гуфт: “Ба ҳамаи сохторҳое, ки бо масъалаи гузаронидани интихобот марбутанд, супориш медиҳам, барои дар сатҳи баланди ташкилӣ, шаффоф ва дар фазои озод баргузор гардидани интихоботи парлумонӣ тамоми шароитро фароҳам кунанд”.
Инчунин дар идомаи дастури сардори кишвар омада: “Эътироф шудааст, ки дар арафаи интихобот бо дарназардошти инкишофи низоми бисёрҳизбӣ ва гуногунандешии сиёсӣ номзадҳои зиёде пешбарӣ мешаванд, ки инро мо ҳамчун як падидаи табиӣ дар ҷомеаи демократӣ арзёбӣ мекунем. Гузашта аз ин, мо ҷонибдори интихоботи парламентие мебошем, ки бо роҳи алтернативӣ барпо гардад, то худи халқ тавонад, намояндаи арзандаашро озодона интихоб кунад”.
Вале коршиносон мегӯянд, ки интихобот дар Тоҷикистон шаффоф баргузор нагардидааст ва эҳтимол дорад, ки интихоботи навбатӣ низ шаффоф нахоҳад гузашт. Тавре маълум, мушоҳидаҳо далели гуфтаи ин нуктааст.
Дар робита ба ин масъала Раҳматуллоҳи Раҷаб, масъули ҳизб дар навоҳии тобеъи маркази ҲНИТ мегӯяд, Наҳзати исломӣ дар байни ҳафт ҳизби сиёсии кишвар дар фаъолият бартарӣ дорад. «Бахусус дар раванди интихобот аъзои ҳизби Наҳзат саъю талоши зиёд дорад, то чанд курсии парлумони кишварро ба даст биёварад ва ҳақ ҳам дорад. Ҳизб ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ 27 нафар номзадҳои арзандаро пешниҳод намуда, инчунин ба ҳавзаҳои якмандата 22 нафар номзад пешбарӣ кардааст».
ӯ мегӯяд, ки тамоми мардуми кишвар хуб дарк кардаанд, ки ҲНИТ дар рақобати созанда қарор дорад, на сӯзанда, вале он ранҷеро, ки дар раванди ин маъракаи муҳими сиёсӣ мекашад, агар довари бовиҷдон бошад, баҳои хубро сазовор медорад. «Вале аз тарафи қитъаҳои интихоботӣ ин райъи ҳалол бадастомадаро медӯзданд ва хиёнатро ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ раво мебинанд, ки нобахшиданист. Чун аз таҷрибаҳои интихоботҳои гузашта хусусан интихоботи МН МО ҶТ медонем, ки ҲНИТ бештари раъйи мардумро ба даст оварда буд ва бо фармони “боло”, КМИР ду курсиро раво дид.
Аз ҳоло мардуми кишвар изҳор медорад, ки ҲНИТ аксари райъи мардумро ба даст меоварад, вале соҳибӣ карда наметавонад. Ҳақ ҷонибашон аст, бале, мардумро то ҳадде тарсонидаанд, ки агар бипурсанд Садом Ҳусайнро кӣ ба қатл расонид, мегӯяд, ман!»
-Агар Президенти кишвар аз таҳти дил хоҳад, ки супориши додааш ба сохторҳои марбут ба интихобот иҷро шавад, интихобот шаффоф мегузарад. Бидонед, ки шаффофият дар интихобот набошад, ин ҳам ба хости сарвари давлат аст. Чун ягон ниҳоди давлатӣ аз гуфтаи раҳбари кишвар канор намеравад, афзуд ин узви фаъоли ҳизб ва ҳамзамон қайд кард, ки интихоботи соли 2015 ва интихоботҳои ояндаи кишвар бидуни тақаллуб баргузор нахоханд шуд…
Алӣ Мастов, таҳлилгари масоили сиёсӣ мегӯяд, ки сабаби талошҳои зиёди бенатиҷаи ҲНИТ ин дар беинтихоботист. «Дар тамоми замони истиқлолият дар Тоҷикистон интихоботи шаффоф набуд ва мутмаинам, ки дар солҳои наздик ҳам дида намешавад. Як – ду курсӣ гирифтани ҲНИТ ва дигар аҳзоб барои “рангин” ва “демократӣ” ҷилва додани порлумон аст, на чизе бештар аз ин».
Ба андешаи Асадуллоҳ Вализода, таҳлилгари тоҷик назарпардозию пешгуӣ нисбати интихоботҳо дар ҷомеаҳое ба ҳақиқат наздик мешавад, ки дар онҳо интихоботи воқеӣ созмон дода шуда, КМИР ва шохаҳои зертобеаш мустақилу аз ҳукуматҳои маҳаллӣ вобаста набошанд. Аммо дар кишварҳои пасошуравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ҳоло ҳам ин вобастагӣ побарҷост, аз ин рӯ, дар ҷомеаи тибқи Сарқонун ҳуқуқбунёду демократиамон тарзи дурусту шаффофи ҳисобу китоби овозу раъйдиҳиро ноил шудан ғайричашмдошт аст. Бар замми он, нобоварии аз даврони шуравӣ мерос мондаи мардум ба интихобот, бетафовутию хунукназарӣ аз ширкати фаъол дар он ва бетаваҷҷуҳӣ дар ҳимоят аз раъйи хеш заминаҳои объективиест, ки барои тазвиру таҳрифи овозҳо фурсати муносиб муҳайё мекунад. Бинобар ин, дар марҳилаи кунунӣ аз назоҳату шаффофият дар интихобот сухан кардан ва умед бастан ба натоиҷи дурусти беғаразонаи он надонистани ин вазъият мебошад, ё худфиребию дигаронро ба иштибоҳ андохтан…
Дар идомаи суҳбати худ таҳлилгар гуфт, ки суоли матраҳ ин аст, ки аз чунин интихоботҳои ғайридемукросӣ дар дурнамо кишвар чӣ манфиатеро ба даст меорад? Ё доимо аҳзобу ҳукуматҳо саҳнасозиро давом дода, вазъ тибқи масали”сукут аломати ризост” бетағйир боқӣ мемонад.