Хуршед Атоуллоҳ, рӯ – Маълум аст, ки номзади ИНИТ, ки ҲНИТ шомили он аст, агар аз ҷониби ҳукумат «лутф» нашавад, бо ин монеъагузориҳое, ки вуҷуд доранд, наметавонад имзои заруриро ҷамъ кунад. Барои ҳамин ягона роҳ бо сари баланд аз интихобот баромадан, интихобот сар нашуда онро таҳрим кардан аст.
Барзу Абдураззоқ, коргардон – Бояд зиндагиро идома дод, боварӣ ва умед дошту дигаронро омӯзонд, дуъо ва табобат кард, ҳайф гуфт ва дӯст дошту табассум кард.
Масъуда Оқилова, тарҷумон – Дар ҳоли ҳозир кадом иқдомеро пеш гирифтан лозим нест, ба истиснои огоҳ кардани ҳукумат аз амалкардҳои ноҷавонмардона дар маҳалҳо дар ҷараёни имзогузорӣ. Бояд сабабҳои манфӣ анҷом ёфтанро дақиқу асоснок кард, танҳо пас аз исботи ношаффофият, агар лозим шуд, интихоботро таҳрим кард.
Бале, дар асоси мушоҳидаҳо шаҳрвандон ба интихобот омода нестанд, бархеҳо бетарафиро авло медонанду бархеҳои дигар ба ин фикранд, ки бояд ҳамин тавр бошад, аслан, дурандешӣ ва фикри солим надоранд. Бештари мардум тарсуянд ва дигаргун шудани ҳаёти худро аз сифр оғоз кардан медонанд. Зиндагии хушку холӣ, бе орзуву ҳавас, бе мақсаду маром ва фикр намудани он, ки бояд ҳамин тавр зиндагӣ кард, ҷуз аблаҳӣ чизи дигаре нест.
Хилватшоҳи Маҳмуд, хабарнигори ҷомеъашинос – ҲНИТ ҳамчун як ташкилоти сиёсӣ дар мақомоти кишвар сабти ном шуда, дар чорчӯби қонунгузории Тоҷикистон фаъолияташро пеш мебарад. Табиист, ки дар роҳи талошҳои сиёсианд, мавонеъи субъективию объективӣ буданду ҳаст ва мемонанд. Зеро ин ҳизб ба раддаи мухолифини ҳукумат ворид буду шеваи рақобати он на ба ҳама мансабдорон хушоянд аст. Ба назари ман, агар маъракаи ҷамъоварии имзо барои ҷонибдорӣ ва сабти номи номзади онҳо мусбат анҷом наёбад, ба шаффофияти интихобот кам касоне, аз ҷумла созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ бовар хоҳад кард. Аз ин рӯ, ҲНИТ ва ҷонибдорони он имкони истифода аз кулли ҳаққашонро доранд, ки Сарқонуни кишвар барои онҳо фароҳам овардааст. Эҳтимол бозбинии санаду протоколҳоро талаб мекунанд ва шикоят ба додгоҳ мебаранд. Тасмими ниҳоӣ бошад, ба дӯши Раёсати Олии ҳизб аст, чун онҳо бояд барои идомаи муборизаи хеш тасмим бигиранд, на ҷониби дигар.
Собир Вазиров, ходими калони илмии Институти иқтисод ва демографияи АИ ҶТ – Ҳатман дар мавриди дигар номзадҳое, ки ба ҷамъоварии имзоҳо муваффақ мешаванд, назару таҳлили хешро бояд дошт, баъд чораҳо андешид. Чораҳо дар доираи қонун, ки чаро ин ҳизб ба ин муваффақ нашуд дар сурате ки ҲНИТ нерӯи зиёд дошт. Хуллас, тасдиқ карда тавонанд, ки ин ҳама корҳо дурӯғанд. Бадан дурӯғ будани раванди интихоботӣ низ тасдиқ мегардад.
Раҳматуллоҳи Раҷаб, масъули корҳои интихоботи ҲНИТ – Аввалан, кӯшиш ба харҷ бояд дод, ки ин раванд хуб анҷом ёфта 210000 имзо ҷамъоварӣ шавад. Баъдан, дар сурати ҷамъоварӣ нашудани имзо сабабҳои онро ошкор карду онро эълом дошт. Дар марҳилаи охир тасмим дигар дар дасти раҳбарияти ҲНИТ аст.
То имрӯз фишорҳо, чи аз тарафи мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва чи аз ҷониби кормандони ВКД, инчунин раисони маҳаллаҳо идома доранд ва барои ҷамъоварии имзо монеъаҳои нав ба навро ихтироъ мекунанд.
Бубинед, ҲНИТ аввалин шуда анҷумани хешро рӯзи 17.09.13 доир намуд ва рӯзи дигараш варақаҳои ҷамъоварии имзо дастрас карда, ба зерниҳодҳои худ тавзеҳ кард. Ва масъулини маҳаллии ҳизб шуруъ карданд ба тасдиқи варақаҳои ҷамъоварии имзо аз сӯйи ҳукуматҳои маҳаллӣ. Мутаассифона, раисони ҳукуматҳои маҳаллӣ аз рӯзҳои аввали ин раванд ноҷавонмардона аз идораи корӣ мегурехтанд ва ҳатто хилофи қонун рафтор карданд. Барои мисол, дар ҳукумати ноҳияи Фирдавсӣ талаб карданд, номаи расмӣ ирсол бидорем, дар Хуросон талаб карданд, ки варақаҳо мувофиқ ба теъдоди аъзои ҳизб дар ноҳия дода шавад. Дар Мастчоҳу Ашт изҳор доштанд, ки Хуҷанд рафта фаҳмида меоем, баъд суҳбат мекунем. Дар ин маврид даҳҳо мисол задан мумкин аст, ҳатто раиси ҳукумати ноҳияи Рашт талаби гузориши ҳизбӣ ҳам кард. Агар дар ин кор ӯ роҳат дида бошад, мо дар ҳайрат мондем…
Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшинос – Аллакай маълум аст, ки раванди ҷамъоварии имзо ба тарафдории номзад ба мақоми президентӣ Ойниҳол Бобоназарова манфӣ анҷом меёбад, чунки мақомоти давлатӣ ҳама қувваи худро ба он сафарбар кардаанд, ки тарафдорони Ойниҳол Бобоназарова имконият барои ҷамъоварии 210 ҳазор имзоро надошта бошанд. Маъракаи зидди Ойниҳол дар сатҳи олӣ матраҳ шудааст, инро ҳамчун нафаре мегӯям, ки ба ҷамъоварии имзо ба тарафдории Бобоназарова машғулам, аммо ҳамчун ҳуқуқшинос мегӯям, ки президент ваколатҳои худро тибқи Сарқонун иҷро накарда истодааст ва ин гуна амалҳо бо ризогии хомӯшонаи ӯ амалӣ мегарданд.
Аъзамшоҳи Қӯқаншоҳ, сокини пойтахт – Дар аввал бояд кӯшиш намояд, ки гурӯҳҳои ташаббускор имзои заруриро ҷамъоварӣ намоянд. Танҳо дар сурати тамоми имкониятҳоро истифода бурдан, вале муваффақ нашудан ҲНИТ бояд дар мавриди идомаи мубориза тасмим бигирад. Аммо ба ҳар ҳол, фикр мекунам, ҲНИТ бояд интихоботро таҳрим намояд. Иддае аз коршиносон ҳанӯз аз қабл ба ин назар буданд, аз ҷумла банда ҳам. Зеро то замоне тағйирот дар қонуни интихоботи президентӣ ворид нашавад, ҷуз намояндаи ҳизби ҳоким каси дигаре пирӯз шуда наметавонад.
Дуввумин кореро, ки ҲНИТ бояд анҷом диҳад, ин таҳқиқи сабабҳои ҷамъоварӣ карда натавонистани имзоҳост, ки чаро чунин шуд ва муҷрими асосӣ кист: мақомот, ҷой доштани фишорҳо, бепарвоӣ, тарсу ҳароси мардум ё номуташаккилии гурӯҳҳои ташаббускор?
Ба ҳар ҳол, аз нигоҳи банда, рафтан ба интихобот дигар маъние надорад, зеро дар симои номзадҳои боқимонда, ҷиддияте эҳсос намешавад ва рафтану овоз додан танҳо сарфи вақт асту бас.
Маҳдӣ Собир, коршинос – Ҳизбҳои сиёсӣ то он ҷое заъифанд, ки ҳатто имкони ҷамъ кардани имзоро надоранд. Шояд барои демократӣ гузаштани интихобот КМИР бе ҷамъи имзо намояндагони ҳизбҳоро ба қайд гирад. Дар интихоботи гузашта ин чиз ба назар мерасид ва барои ҳамин ҳам, яъне номзадҳо сатҳи 5%-ро гӯё гузаштанд, вале рӯзи интихобот кадоме аз онҳо аз 1 ва 2% зиёд раъй ба даст наовард. Зинда бошем, мебинем, ки кор чӣ гуна шакл мегирад.
Раҷаби Мирзо, раҳбари ташкилоти таҳқиқи сотсиологии «Бозтоб» -Баъзе сару садоҳо ҳаст, ки ҲНИТ интихоботро таҳрим мекунад. Фикр намекунам, ки чунин иқдом ба манфиати кадом ҷонибе бошад, аз ҷумла ҲНИТ. Зеро бо таҳрим кардани интихобот ва берун рафтани номзади ҲНИТ аз он фазои интихоботӣ аз миён меравад. Аз ҷониби дигар ҳам мақомот ва ҳам мардум инро як навъ тарси ҲНИТ аз маъракаҳои интихоботӣ қабул мекунанд, ҳамчун ин эҳтимол андешаеро низ ба вуҷуд биёрад, ки дар ҳақиқат, наворҳои аз тариқи телевизон ва дигар ВАО-и давлатӣ пахшшуда воқеъият доранд ва ҳадафи ҲНИТ ба вуҷуд овардани тавтеъа ва ноором кардани вазъият аст.
Аз ин хотир, ҲНИТ бояд бо номзади арзандаи худ Ойниҳол Бобоназарова дар интихобот иштирок намояд. Ҳанӯз интригаҳои интихоботӣ ва муаммоҳои асосии он ҳоло ҳал нашудаанд ва дар ҳар куҷое сар мезанем, танҳо дар бораи ду номзад ва имконияти онҳо суҳбату гуфтугӯҳо сурат мегиранд, он ҳам хонум Бобоназарова ва ҷаноби Раҳмон. Бинобар ин ҲНИТ, тавре гуфтам, мушкилоти зиёдро пушти сар кардааст ва бояд пеш биравад ва натиҷаи интихоботро интизор шавад, ки чӣ мешавад. Фикр мекунам, ҲНИТ стротежии худро дар интихобот маълум кардааст, фақат монда баъзе масъалаҳои тактикӣ, ки онро берун аз ҷараёни кор маълум кардан мушкил аст.
Номзади ҲНИТ шояд ҳукуматро дар заминаи пуштибониҳои ҳаракату нерӯҳои маълум ва шахсиятҳое, ки номи онҳо ба ҳукумат нофор аст, мисли «Ватандор», «Гурӯҳи 24» нораҳат карда бошад, ҳамчунин ҷонибдорӣ шудани Бобоназарова аз сӯйи Ҳ. А. Тӯраҷонзода. Вале фикр мекунам, ҳукумат худро дар ҳолати ногувор мегузорад, агар то охир бо ҳамин мавқеъ бимонад. Чун пеш аз ҳама шахсияте Бобоназарова дар хориҷи кишвар маъруф аст ва дуввум барои ҳама маълум аст, ки рақобат танҳо миёни Раҳмон ва Бобоназарова сурат мегирад. Аз ин хотир, ҳар гуна мушкил пеш овардан дар нисбати Бобоназарова, ба он маъност, ки ҳукумат ҳеҷ номзади қавиеро дар баробари намояндаи худ роҳ намедиҳад. Аммо ин масъала ахлоқӣ ва маънавӣ ҳам ҳаст, яъне ҳукумат дар баробари як зан ҳамин гуна мавқеъро пеш мегирад, ки ин дар дохилу хориҷи кишвар сару садоҳоеро ба вуҷуд меорад.
Бинобар ин фикр мекунам, ин гуна монеъагузориҳо ба маънои ҳоло ҳам рӯшан набудани мавқеъи ҳукумат дар баробари номзади ИНИТ ва ҲНИТ ҳам ҳаст. Пас, ҲНИТ бояд пеш биравад ва муборизаро идома бидиҳад. Масалан, хеле хуб буд, ки намояндаҳои ҳизб рафтанд хонаи раиси ҷумҳурӣ барои имзо гирифтан, ҳадди ақал ин иқдом барои интихоботи имсола як кори хотирмон аст. ҲНИТ бояд дониста бошад, ки мардум аз ин ҳизб умед доранд. Маҳз ҳамон қишре, ки мушкилоти зиёд дидааст, бояд эҳсос кунад, ки мушкили онҳоро касе ҳал мекунад. Дар маҷмуъ, масъалаи мавриди баҳси мо то ба охир ҳамин гуна боқӣ намемонад, балки ҲНИТ бояд муборизаро идома диҳад. Субот ва устувории ҲНИТ ҳукуматро маҷбур месозад, ки то анҷоми марҳалаи ҷамъоварии имзо ба як хулосае бирасад.
Таҳияи Шукронаи Аҳмад