ҳаққи банда мекунанд, ман онҳоро фишор неву табиати ин роҳ медонам. Дар умум,
маро якчанд маротиба ба ҳукумат ва прокуратураи ноҳия даъват карда, пурсиданд,
ки чӣ лозим аст, ҳамин ҳизб? Ислом ҳизб надорад, биё бас кунеду аризаи аз ҳизб хориҷ
шуданро нависед. Посухи ман барояшон ин буд, Шумо олими Ислом нестед, ки ҳукм
содир кунед, ки дар Ислом ҳизб ҳаст ё нест ва Сарқонуни кишваррамон ҳам Қуръон нест,
ки дар асоси он тасмим гирифта шавад. Мо ғуломи қонун ҳастем, Сарқонун ба мо
иҷозат додааст, ки фаъолияти ҳизби динӣ дар Тоҷикистон амал кунад ва мо
фаъолият дорем. То вақте, ки қонун ба ман иҷозат медиҳад, ба хотири қонун, ба
хотири миллат, ба хотири динам истодагарӣ мекунам.
Дар прокуратураи ноҳия ба ман тӯҳмат карданд, ки гӯё ман нафарҳоро
ба Сурия равон мекунам. Ба онҳо гуфтам, ки ман нафаре ҳастам, ки дар тамоми ҷаласаҳо
мегӯям, ки ҳар касе аз Тоҷикистон ба Сурия меравад, ӯ душмани ин миллат аст.
Ҳар касе ҷиҳод карданӣ ҳаст, дар Тоҷикистон ҷиҳод кунад. Рафта дарахт шинонад ё
ягон кори хайр кунад, ин аст, ҷиҳод. Ман касеро ба Сурия равон накардаам, агар
ман ҷинояткор бошам, омодаам, дар назди қонун гӯям. Ба назари ман дар шароити
имрӯз узви ҲНИТ шудан худ ҷиҳод аст. Боз ба ман таҳдид карданд ва гуфтанд, “агар
фикри фарзандота кунӣ, биё аз ҳамин ҳизб баро”. Вале ман рад кардам ва посух
додам, ки агар сад фарзанд дошта бошаму сад ҷонро Худованд ба ман дода бошад, фидои
ин миллату Ислом мекунам. Барояшон савол гузоштам, ки чаро Президенти кишвар
соли 1994 фикри фарзандонашро накарду ба як мамлакати ҷангзада рафт. Ман низ
барои ин миллату кишварам ҷонамро фидо мекунам. Дар прокуратураи ноҳия чандин
соат ба ман мегуфтанд, ки “наҳзат шуморо ба Сурия бурда, террорист мекунад”. Аммо
то имрӯз наҳзат касеро ба Сурия набурдааст, баръакс аз мақомотҳои болоӣ рафта
истодаанд. Ба эшон гуфтам, обрӯи миллату президентро дар кулли ҷаҳон паст кардед.
Ҳамчунин бояд ёдовар шавам, ки тӯли 2 сол дар ба дари
идораҳои ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ, барои обод кардани як истгоҳи фарсудаву ифлос,
ки ба касе лозим набуд, иҷозат гирифтам. Раиси пешини ноҳия барои сохтумони
дорухона дар ин истгоҳ мувофиқат кард ва ман қарз карда, бо маблағи зиёда аз 10
ҳазор доллар онҷоро обод кардам, вале як сол ҳам кор накардам.
Воқеан ман аз як чиз ҳайрон мешавам, ки мансаб одамро аз
ҳамаи чиз дур мекунад. Раиси нави ноҳия Муҳаммадраҳим Юсуфӣ, ки қаблан солҳои
2008-2010 муовини раиси ноҳия буд, бо мо ҳамкорӣ ва робитаи хеле хуб дошт. Он
вақтҳо соли бузургдошти Имоми Аъзам, соли Қуръони Карим мегузаронидем, ӯ ҳатто раисони
ҷамоатҳоро дашном медод, ки барои ҲНИТ толор ҷудо кунанд. Аммо чӣ шуд, ки имсол
баъди раиси ноҳия таъин шуданаш, тамоми муборизаро бар зидди ҲНИТ эълон
кардааст, ҳатто дар ҷаласае гуфтааст, ки ҳизби наҳзатро дар ноҳия аз байн баред.
Бо дастури ҳамин раис 6-уми майи соли ҷорӣ ҷоеро, ки обод
карда будам, вайрон карданд. Ба раиси ноҳия гуфтам, ки мӯҳтарам раис, ин ҷоро
(дорухонаро) бо моли худам ва пули қарз обод кардаам, вайронаш накунед. Дар
иваз, омодаам, миёни ҳамин ду шоҳроҳро дутарафа пур аз дарахти мева мекунаму баъди
чанд сол аз он баҳра хоҳед бурд. Вале не гуфтанд. Ҳамчунин бояд гуфт, ки дирӯз вақте
раиси шаҳраки Сомониёни ноҳия мегуфт, ки бояд ҳизби наҳзат ба куллӣ аз байн
бурда шавад, гуфтам худро заҳмат надиҳед, Вазорати адлия раведу фаъолияти
ҲНИТ-ро расман манъ кунед, тамоми мушкилот ҳалли худро меёбад. Ба мо мегӯянд,
шумо чӣ кор кардед, мо дар ҳама корҳои ҷамъиятӣ ширкат мекунем ва ба шумо сулҳ
овардем. Мехоҳем кишварамон ором бошад ва дар байни мардуми фитна набошад.
Аз суханронии Муҳаммадӣ Тешаев, раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Рӯдакӣ дар
нишасти матбуотии ҲНИТ, 22 июни соли 2015