Categories ДИДГОҲ

Адами бунёдӣ дар давлатсозӣ

Иддае аз курсинишинон, бахусус доираҳои наздик ба элитаи ҳоким бунёди давлати навинро болои дигарон пайваста миннат мегузоранд, агар касе ба ҷузъе аз масъалаи бунёдии низоми давлатдорӣ интиқод не, ҳатто нороҳатӣ зоҳир намояд, мавриди ҳамлаи ин идда аз «давлатсозон» қарор мегирад, ки ӯ гӯё зиди давлат бошад.
Бале, баҳси шакл гирифтан ва нагирифтани давлат дар Тоҷикистон баҳси ҳамарӯзаест, ки дар баробари таҳқиру тавҳин ва ноадолатиҳои пайдошаванда аз сӯи ниҳодҳои мухталифи давлатӣ беш аз пеш печидатар мегардад, ҳатто садоҳои эътирозиро низ шоҳид мегардем. Ба куштан даст задан дар назди қасри президент ин худ рамзи эътирозист.
Пас вақте аз ноком будани низоми давлатдорӣ ва дигаре аз ҳарфҳои манфиро нисбати роҳбарии элитаи имрӯзаи сиёсӣ мешунавем, набояд бо ҳамлаи бемаънӣ ва бемавқеъи худ гуяндаи ин ҳарфҳоро маҳкум намоем ё ба тарзи дигар алайҳи ӯ кор бигирем, балки хунсардона интиқодро бояд гуш дод ва тибқи воқеъиятҳо худ ва ҳамтои худро ислоҳ сохт.
Давлат асбобест, ки мардум барои осон кардани раванди зиндагӣ созмон додаанд ва амали онро набояд аз ормону ниёзҳои мардум фарқ гузошт. Агар ҳар таърифе нисбати давлат ироъа шавад, боз ҳам бармегардад ба амалкарди давлатсозон аз шинохти асораи миллат, ки чи бофтҳову чи назокатҳои хосеро иқрорем. Агар давлатсозии мо тибқи ҳамин назокатҳо ва ниёзу ормонҳои миллӣ бунёд гузошта шавад ва ҷузъитарин масоили ҷомеъа, ҳатто доди як нафаре мавриди назар ва бархурди матлуби мақомот қарор бигирад, дар он вақт бо эҳсоси қалбӣ мегуянд: Давлат дорему давлатмардони ба номусу дилсӯз ҳам.
Зиёд шунида мешавад, ки гӯё низоми давлатдории мо тибқи менталитети миллат фаъолияти хешро барномарезӣ мекунад, аммо менталитети аслии миллат диндорист. Пас фаъолияти давлатмардон дар заминаи афкори иддаи маҳдуде шакл ва баръакс анҷом мебанд, ки давлат мавриди интиқод қарор гирифта, амалкардаш хилофи эътиқоди миллат дониста мешавад.
Мақолаву матлабҳои таҳмилии зиёде дар ин маврид тавассути ВАО-и давлатӣ пахш мегарданд, ки вокунишҳоеро ба вуҷуд меоранд. Вале давлатмардон ба ин гуна вокунишҳо таваҷҷӯҳи лозим зоҳир намекунад, баръакс аз ҷониби иддае аз онҳо маҳкумиятҳое садо медиҳанд, ки бунёдӣ будани давлатро зери суол қарор медиҳад. Дар ҳоле ки натанҳо дар давлати миллӣ, балки дар тамоми низомҳои давлатдорӣ дину давлат бо ҳаманд. Инсони мусалмон наметавонад дар утоқи корӣ бедин бошаду дар берун диндор. Зоҳиру ботини мо бояд ягона ва ҳамагуна тасмимгириҳои дохиливу берунӣ ҳам ягона бошанд.
Мутаасифона иддае аз давлатмардон агар ба зоҳири оятҳои қуръонӣ шиносоӣ пайдо кунанд, ҳамчун нафари амри маъруфгар худро қарор медиҳанд, ки хеле аҷиб аст.
Бале, ҳар мусалмоне дар амри маъруф ва наҳй аз мункар масъул аст, аммо масъала инҷост, ки оё ба дарки ҳақиқати фармудаҳои Худованд расидаем? Ин ҳамон равандест, ки ҷомеъаро ба мушкил тела медиҳад ва мисле, ки барномае руи даст гирифта шудаасту дар заминаи он амри маъруф ва наҳй аз мункар хоси ниҳоди давлатӣ қарор гирифта, бениёзии ҷомеъа ба домулло ва донишмандони воқеъии улуми динӣ ташвиқ мегардад. Яъне мушкил дар бунёдӣ будани давлат аст, ки тибқи низомнома шакл мегирад. Ҳамин аст, ки ҳамагуна низомҳои давлатдориро дар Шарқ шоҳаншоҳӣ медонанду дар Аврупо демократӣ. Агарчи дар ҳамгуна давлат Қонунҳои асосӣ вуҷуд доранду меъёр дар зоҳир ягона, вале боз ҳам тибқи ангезаҳои хос ба фармудаҳои Қонуни асосӣ бархурд сурат мегирад. Дар ҳоле ки тамоми китобҳои илмии давлатдорӣ бо шарҳу тавзеҳи гуфтаҳои Афлотун таҳия шудаанд. Пас давлат ҳамчун механизм вуҷуд дорад, вале ба ботину рисолаташ касе дахл намекунад, айб дар надонистани рисолат нест, дар нахостани он аст.

Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода

More From Author

You May Also Like