Categories Uncategorized

Мӯъҷизоти Қуръони Маҷид

Перомуни дар асл китоби осмонӣ ва суханони Худованд будани Қуръони Маҷид тӯли асрҳо садҳову ҳазорҳо асарҳо ва мақолаҳо аз ҷониби бузургтарин нобиѓаҳои башарӣ ва барҷастатарин донишмандону мутафаккирони ҷаҳонӣ эҷоду нашр шудаанд, ки дар маҷмӯъ хулосаи маъноии онҳо ҳамрешаанд, яъне Қуръон китоби бемисл,  зиндагисоз ва дар ҳақиқат ваҳйи илоҳист.   Дар мавриде, ки Оллоҳ паёмбаронро барои ҳидоят намудани аҳли башар мефиристод ба онон қудрате низ ато мекард, ки ба воситаи он тавонанд мардумро ба сӯи Офаридгори якто ҳидоят намоянд ва ин нукта дар Қуръони Маҷид бо мафҳуми «мӯъҷизот» ном бурда шудааст.

Ҳамаи мардум, албатта бо фиристодагон мухолифат намекарданд ва ба Худованд имон меоварданд, вале дар муқобили касоне, ки бовар ба пайѓамбарон намекарданд, зарурияти нишон додани коре ё амале пеш меомад, ки мардуми оддӣ аз иҷрои он нотавон бошанд. Мавридҳое ҳам ёд шудааст, ки худи қавмҳо аз паёмбарон анҷом додани амалеро талаб намудаанд, ки ҳамқабилаҳои онҳо аз ӯҳдаи иҷрои он набароянд. Ба ин тариқ ва албатта бо амру хости Худованд паёмбарон аз нерӯ ва қудрате бархӯрдор будаанд то амалҳои болотар аз қудрату тавоноии аҳли башарро анҷом диҳанд, ки дигарон аз иҷрои он  оҷизу нотавон бошанд.

Тавре дар Қуръони Карим ёд шудааст аксари паёмбарон ба анҷом додани «мӯъҷизот» қодир будаанд ва ҳазрати Мӯсо (а), ҳазрати Исо (а),  ҳазрати Яъқуб (а) ва дигарон шомили ин гурӯҳанд.

Ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) чун унвони паёмбарӣ ёфт ба таблиѓу ташвиқи «дини мӯбини Ислом» маъмур шуд ва ӯ низ дорои мӯъҷизаҳои фаровон буд. Илова ба ин Худованд ӯро соҳиби як мӯъҷизаи ҷовидоние сохт, ки то охирин лаҳзаҳои мавҷудияти аҳли башар онҳоро раҳнамост ва онро «Қуръони Карим» ном аст. Ин китоби муқаддас ҳамаи масоили дунявиро дар бар гирифтааст ва онро бешак энсиклопедияи китобҳои илмӣ, динӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, ахлоқӣ ва таърихӣ номидан мумкин аст.  Дар Қуръон беҳтарин ибораҳо, волотарин суханҳо ва олитарин ҷумлаҳо гирд оварда шудаанд, ки ақлҳои хирадмандтарин олимони дунёро то имрӯз, яъне пас аз гузаштани 14 қарн ба ҳайрат меоварад ва то ҳол мислашро офаридан ва пайдо кардан имкон надорад.

 Дар сураи 17 (Ал-исро) ояти 88 ёд шудааст, ки «Бигӯ: “Агар ҷинну инс гирд оянд, то монанд ба ин Қуръон биёфаранд, наметавонанд ҳаммонанди онро биёфаранд, ҳарчанд ки якдигарро ёрӣ диҳанд”» ва ин далел аз бузургиву шаҳомати ин китоби муқаддас шаҳодат медиҳад.  Мӯъҷизаи дигари Қуръон дар он аст, ки ба он ворид кардани таѓйиротҳо ѓайриимкон аст ва ҳамеша дар ҳолате, ки аз рӯзи аввал нозил шудааст, то рӯзи қиёмат боқӣ хоҳад монд ва худи Қуръон ба он чунин шаҳодат медиҳад: сураи 15 (Ҳиҷр) ояти 9-ро мехонем: «Мо Қуръонро худ нозил кардаем ва худ нигаҳбонаш ҳастем». Яъне Қуръоне, ки дар дуртарин қитъаи олам мавриди истифода қарор дорад бо Қуръони мо ҳамматну ҳаммаъно буда дар он фарқияте дида намешавад.

Дар ҷои дигар ба ононе ки нисбати гуфтаҳои ин китоби муқаддас шакку шубҳа доранд фармуда шудааст: ба сураи 2 (Бақара) ояти 23 назар мекунем: «Ва агар дар он чи бар бандаи хеш нозил кардаем, дар тардид ҳастед, сурае ҳаммонанди он биёваред ва ҷуз Худой ҳамаи ҳозиронатонро фаро хонед, агар рост мегӯед», (ҳамаи сураҳо аз китоби Қуръони Маҷид бо тарҷумаи Абдулмуҳаммади Оятӣ, Теҳрон – 1371 ҳиҷрӣ оварда шудаанд). Дар яке аз ҳадисҳои ҳазрати Расули Акрам гуфта мешавад, ки «Се чиз ҳофизаро қавӣ кунад: мисвок, рӯза ва Қуръон хондан» (ҳадиси 393, саҳ. 64 аз Панҷсад ҳадис).

Ин ҷо ба диққати хонандагон мӯъҷизаи аз тарафи Доктор Тариқ-ал-Суайдан  ошкоргардидаро пешниҳод менамоям, ки шояд ба хонанда қаблан шинос бошад, вале ба ҳар ҳол, гумон мекунам, дубора такрор ва зикри гуфтаҳои Худованд, аз манфиат холӣ нест. (маводи зер аз шабакаи Интернет гирифта шуда пас аз тарҷума ба чоп дода шудаанд):

Доктор Тариқ – ал – Суайдан муайян сохт, ки дар сураҳои Қуръон аксари калимоти ҳаммаъно, муқобилмаъно ва ё мафҳумҳои аз ҷиҳати маънӣ ба ҳам алоқаманд миқдоран шумораашон ба ҳам баробаранд, ба монанди он ки шумораи математикии такрори калимаҳои зан ва мард ба ҳам баробар ҳастанд (24 = 24). Таҳқиқи чуқуртар чунин натиҷа дод, ки чунин мафҳумоту калимот дар Қуръон бисёранд, ба монанди:

  1. Дунё – 115 маротиба = Охират низ – 115 маротиба;
  2. Малойика – 88 = Шайтон – 88;
  3. Ҳаёт – 145 = Марг – 145;
  4. Манфиат – 50 = Зарар – 50;
  5. Одамон – 50 = Фиристодагон – 50;
  6. Иблис – 11 = аз Иблис паноҳ ҷӯед – 11;
  7. Мусибат – 75 = Шукргузорӣ кардан – 75;
  8. Садақа – 73 = Ҳаловат – 73;
  9. Малойика – 88 = Шайтон – 88;
  10. Муслимин – 41 = Ҷиҳод – 41;
  11. Тилло  – 8 = Зиндагонии осудаҳолона – 8;
  12. Закот – 32 = Баракат – 32;
  13. Мулоҳиза (фикру андеша) – 49 = Нур – 49;
  14. Забон – 25 = Амри маъруф (вазъ гуфтан) – 25;
  15. Мушкилӣ (азобу машаққат) – 114 = Сабру тоқат – 114;
  16. Муҳаммад (с) – 4 = Шариат (таълими ҳазрати Муҳаммад (с)) – 4;
  17. Мард– 24 = Зан – 24;

Ва мутобиқати калимоти зерин дар ҳақиқат мӯъҷиза аст, ба монанди:

Салот (ва ё салоҳ, ки маънои намозро дорад)- 5, Моҳ – 12, Рӯз- 365, Баҳр- 32 ва Замин- 13 маротиба номбар шудаанд.

Баҳр (32) + Замин (13) = 45;

Баҳр = 32/45 * % 100=71.11111111%;

Замин = 13/45 * %100 = 28.88888889 %;

Баҳр (71.111%) + Замин (28.889 %) = 100.00 %.

Илми имрӯза исбот кардааст, ки об 71.111 фоиз, хушкӣ бошад 28.889 фоизи заминро ташкил медиҳад ва ин яке аз мӯъҷизоти барҷастатарини Қуръон аст, ки пешкашатон шуд.

Хулоса, Қуръон то охири ҳастии дунё аз ҷониби Худованд ҳифз мешавад ва тавре ки ба ҳамагон маълум аст, мӯъҷизаҳои нав ба нави он, имрӯзҳо аз ҷониби аҳли башар ошкор карда шуда истодаанд. Дуо мекунем, ки Аллоҳ дар дили хонандагони рушанбин меҳри Қуръонро зиёда созад ва зиндагонии мо бо оятҳои Қуръон ҳамоҳанг шаванд.

«Рисолат»

More From Author

You May Also Like