Азоби торикнамоз

Таҳияи С. Шарифов

Ба ҷаннат нест ҷойи бенамозон,

Диҳад дӯзах ҷазойи бенамозон.

Агар хоҳӣ, ки дар ҷаннат даройӣ,

Марав андар саройи бенамозон.

Чунин аз раҳмати Ҳақ бенасибанд,

Ҳазар кун аз балойи бенамозон.

Шунав панди ману бегона мебош,

Машав худ ошнойи бенамозон.

Қабули ҳазрати Эзид набошад,

Яқин медон дуъои бенамозон.

Агарчи соҳиби мулканду моланд,

Мазан худ дар ҳубойи бенамозон.

Барояд то ба ҳафтум чархи гардун,

Зи дӯзах нолаҳойи бенамозон.

Дароранд дар сақар он танбалонро,

Барояд вой-войи бенамозон.

Нахоҳад дид, бешак, рӯзи маҳшар

Расули Мустафоро бенамозон

Саҳаргоҳе ба назм овард Саъдӣ,

Ду-се байте баройи бенамозон.

Ҳоло китоберо аз ҳуҷҷатулислом Муҳаммади Ғаззолӣ бо унвони «Мукошифат-ул-қулуб» дар ихтиёр дорем, ки дар он бисёр масоили баҳсангези исломӣ ҳалли худро ёфтааст. Ду боби ин китоб ба намоз бахшида шудааст, ки яке бо унвони «Фазилати намоз» ва дигаре бо номи «Азоби торикнамоз» муаррифӣ шудаанд. Мо дар мавриди фазилати намоз истода намегузарем, зеро медонем, ки аксари одамони ботақво дар ин хусус маълумот доранд. Аммо дар мавриди вожаи «торикнамоз» бошад, мардум чандон иттилооти саҳеҳ надоранд. Ҳатто бисёр касонеро медонам, ки синнашон аз 70-у ҳаштод гузашта ва унвонҳои илмии номзадӣ, докторӣ ва ҳатто академикӣ доранд ва вақте журналистон бо онҳо мусоҳиба мегузаронанд ва дар омади гап аз эшон дар мавриди риояи аҳкому аркони ислом савол мекунанд, изҳор медоранд, ки «алҳамдулиллоҳ мусалмонам, вале масҷид намеравам, намоз намехонам, рӯза намегирам». Ҳатто кор ба ҷое расидааст, баъзе «донишмандон» «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва «Авесто»-ро аз Қуръони маҷид боло мегузоранд, чӣ расад ба намозхонии эшон. Дар мавриди ин гурӯҳи мардум ман аз пеши худ чизе қазоват карда наметавонам ва лозим медонам, ки ин ҷо боби «Азоби торикнамоз»-ро аз китоби Муҳаммади Ғаззолӣ айнан биёварам. Ногуфта намонад, ки масъалаи мавриди назар хеле баҳсангезу нозук аст ва шояд бисёр касон, махсусан онҳое, ки бенамозу рӯзаанд, ба хашму ғазаб оянд ва нисбати банда носазо гӯянд. Ба чунин нафарон маслиҳат медиҳам, ки бурдбору ботамкин бошанд ва худашон китоби «Мукошифат-ул-қулуб»-и Ғаззолиро ёфта хонанд.

Ва инак, суханро ба Шайхулислом Муҳаммади Ғаззолӣ вомегузорем:

Худованд мефармояд: (Онон мегӯянд: мо намоз адо наменамудем ва мо таъом ба масокин намедодем ва мо баҳс менамудем бо баҳскунандагон) (сураи «Муддассир», ояи 42-45)

Имом Аҳмад ривоят намудааст: фарқ миёни мард ва куфр тарки намоз аст. Ва ривояти муслими шариф аст: нест фарқ миёни мардуми ширк ё куфр магар тарки намоз

Ҳадиси Абӯдовуд ва Насойӣ аст: нест фарқ миёни банда ва куфр магар тарк намудани намоз. Ҳадиси Тирмизӣ аст: фарқ миёни банда ва куфру имон тарки намоз аст.

Ривояти Ибни Моҷа аст: фарқ миёни банда ва куфр тарки намоз аст.

Тирмизӣ ва дигар муҳаддисин (р) бо санади саҳеҳ ривоят намудаанд, ки Расулуллоҳ (с) фармудааст: Он аҳде ки миёни мову онон аст, намоз мебошад . Пас касе, ки намозро тарк намуд яқин вай куфр намуд. Табаронӣ бо санади худ як ҳадиси шарифро нақл намудааст: касе, ки намозро тарк намуд вай алано амали куффорро анҷом дод.

Ва дар ривояти дигар омада, ки фарқи байни банда ва куфр ё ширк тарки намоз аст. Пас агар намозро тарк намуд, кофир шуд. Дар ривояти дигар омадааст: фарқ байни банда ва ширк тарки намоз аст, ҳар гоҳ намозро тарк кард, ширк намуд. Дар дигар ривояти ҳасан омадааст, ки исломро се бунёд ва таҳдоб аст, ки иморати ислом бар он устувор аст. Касе, ки аз ин се якеро тарк намояд кофир ва қатли вай ҷоиз аст: 1. Гуфтани калимаи шаҳодат, яъне гувоҳӣ додан ба ягонагии Худованд (ҷ) 2. Адо намудани намози фарз 3. Рӯза гирифтани моҳи шарифи Рамазон

Ва дар ривояти ҳасани дигар омадааст: касе, ки аз ин се якеро ҳам тарк намуд, вай аз Худованд (ҷ) инкор намуд, ҳеҷ амал ва бадал додани вай пазируфта намешавад. Хуну моли вай барои мардум ҳалол аст.

Табаронӣ ба ривояти ҳасан аз ҳазрати Абода бинни Сомит (р) ривоят намудааст. Вай мефармояд, ки маҳбуб ва дӯстам ҳазрати Муҳаммад (с) бар ҳафт чиз васият намудааст: Ҳеҷ чизро бо Худованд (ҷ) шарик магардон, агарки туро касе пора-пора кунад ё бо оташ бисӯзанд ва ё ба дор овезад. Қасдан намозро тарк макун. Касе, ки қасдан намозро тарк намуд, вай аз Ислом хориҷ шуд. Гуноҳ ва нофармонӣ макун,зеро он боиси қаҳри Худованд мегардад. Шароб манӯш, зеро шароб манбаъи ҳамаи гуноҳон аст

(Се чизи дигараш нишон дода нашудааст)

Ривояти Тирмизӣ аст, саҳобаи киром тарки намозро куфр медонистанд. Дар ҳадиси саҳеҳ аст: фарқ миёни банда ва куфр намоз аст.

Ҳар гоҳ вай намозро тарк намуд, пас ширк намуд. Ривояти Базор аст: касе, ки намозро адо намекунад вайро дар ислом ҳеҷ ҳисса нест ва касе ки вузӯ надошта бошад, намози вай дуруст намешавад. Ривояти Табаронӣ аст: касе, ки амонатдор набошад вайро имон нест. Касе, ки вузӯъ надошта бошад, намози вай қабул намешавад ва касе, ки намозро адо накунад дини вай боқӣ намемонад. Мақоми намозро дар дин ончунон аст, ки мақоми сар дар бадан аст.

Дар Ибни Моҷа ва Байҳақӣ ривояти ҳазрати Абӯдардо (р) аст, ки дӯсту маҳбуби ман Расулуллоҳ (с) васият намудааст, ки бо Худованд ҳеҷ чизро шарик масоз гарчи пор-пора ё сӯзонда шавӣ. Намози фарзро қасдан тарк макун. Касе, ки намози фарзро қасдан тарк намояд аз зиммадории Худованд берун шавад ва шароб манӯш, зеро он калиди ҳар гуноҳ аст.

Дар маснади Базро аз ҳазрати Абдулло бинни Аббос ривоят шудааст, ки вай фармуд: ҳар гоҳ ки ба бемории чашм мубтало гаштам, яъне дид ва нури чашмонам аз байн рафт, бароям гуфта шуд намозро тарк кунед, пас мо тадовии чашмонатро хоҳем намуд. Ман гуфтам: ин кор ҳаргиз намекунам, зеро Расулаллоҳ (с) фармудааст: касе, ки намозро тарк намуд бо Худованд (ҷ) дар ҳолате мулоқот мекунад, ки аз вай норозӣ ва ба қаҳр бошад.

Ривояти Табаронист: Шахсе дар хидмати Расулуллоҳ (с) ҳозир шуда гуфт: бароям амале нишон диҳед, ки бо анҷом додани он ман ба ҷаннат биравам. Он ҳазрат (с) барояш фармуд: Бо Худованд (ҷ) шарик масоз, агар чи бароят азоб дода шавад ва сӯзонда шавӣ, аз падару модари худ итоъат кун, агарчи туро аз моли худ маҳрум гардонанд, қасдан намозро тарк макун. Касе ки қасдан намозро тарк намуд вай аз зиммаварии Худованд (ҷ) берун шуд.

Ва дар ривояти дигар омадааст, ки бо Худованд (ҷ) ширк макун, агарчи қатл карда шавӣ ва ё бисӯзонда шавӣ. Нофармонии падару модарро макун, агар ки туро аз аҳлу аёлат берун кунад. Намози фарзро қасдан тарк макун. Касе, ки намози фарзро қасдан тарк намуд аз зиммаи Худованд (ҷ) хориҷ шуд. Шароб манӯш, зеро асл ва решаи ҳар беҳаёйӣ ва бадӣ аст. Аз нофармонии Худованд (ҷ) худдорӣ кун, зеро бо ин кор Худованд норозӣ мешавад. Дар вақти ҷанг аз фирор намудан иҷтиноб кун, гар ки ҳамроҳат қатл гардад. Ҳар гоҳ бар мардум марг яд, аз он ҷо фирор макун. Тибқи тоқати худ бар аҳли худ масраф кун, аз таъдиби (адабомӯзӣ) онон ғафлат макун ва аъсои худро омода дошта бош ва ононро ҳамеша аз Худованд (ҷ) битарсон.

Ривояти саҳеҳи Ибни Ҳуббон аст: ҳар гоҳ осмон абр бошад намозро вақти (барвақттар) адо намоед, зеро касе, ки намозро тарк намуд вай куфр намуд.

Абӯнаъим ривоят намудааст: касе, ки намозро қасдан тарк намояд Худованд (ҷ) номи вайро бар он дарвозаи ҷаҳаннам менависад ,ки аз он вай ба ҷаҳаннам дохил мегардад.

Ривояти Табаронӣ аст: касе, ки намозро тарк намуд гӯё, ки молу аҳлу айёли вай ҳама ҳалок гардиданд. Ҳоким аз ҳазрати Алӣ (к) ривоят намудааст Расулуллоҳ (с) ба қурайш фармуд: шумо ҳатман намозро адо намоед ва закот диҳед. Агар ин кор накардед, пас Худованд (ҷ) бар шумо касеро мусаллат хоҳад намуд, ки дар бораи дин гардани шуморо қатъ намояд.

Ривояти мурсали маснади Аҳмад аст, ки Худованд (ҷ) дар ислом чаҳор чизро фарз намудааст. Касе, ки сеи онро адо намуд ва якеи онро тарк кард, пас вайро касе аз азоби Худованд (ҷ) наҷот дода наметавонад то ки бар ҳамаи чаҳори он амал нанамуда бошад. Он чаҳор ин аст: намоз, рӯза, закот ва ҳаҷ. Ривояти Исфаҳонӣ аст: касе қасдан намозро тарк намуд Худованд (ҷ) амали вайро зоеъ намуд ва аз зиммаи худ вайро берун намуд то он ки ба Худованд (ҷ) тавба намояд.

Ривояти Табаронӣ аст: касе, ки намозро тарк намуд вай алано куфр намуд. Ибни Абишайба дар маснади худ ва Бухорӣ дар Торих ҳадиси мавқуфро аз ҳазрати Алӣ (р) ривоят намудааст: касе, ки намозро тарк намуд барои вай дин нест.

Муҳаммад бинни Наср ва Ибни Абдулбар дар масониди худ ривоят намудааст: касе, ки намоз адона намуд кофир шуд. Ривояти ибни Абишайба аст: касе, ки намоз адо нанамуд, куфр намуд.

Аз Муҳаммад бинни Наср ривоят аст, ки ман аз Исҳоқ шунидам, ки ин ҳадис аз Расулуллоҳ (с) собит аст ,ки торикнамоз кофир аст ва аз замони Расулуллоҳ (с) то ин вақт раъйи ҳама уламоанд, ки бидуни узр қасдан торикнамоз (тарккунандаи намоз) кофир аст. Худованд (ҷ) мефармояд: «Пайдо шуд, пас аз онон мардумони ноаҳл пайдо шуданд, ки намозро зоеъ мекарданд ва аз хоҳишот пайравӣ намуданд, пас қариб аст, ки якҷо шаванд бо гумроҳӣ магар касе, ки тавба намуд». (сураи «Марям», ояи 59-60).

Ҳазрати Абдуллоҳ бинни Масъуд (р) мефармояд, ки маънои зоеъ намудан ин нест, ки билкул намозро тарк кунад, балки маънои он ин аст, ки аз авқоти муқаррарии он дер менамояд. Ва имоматтобеъин Саъид бинни ал-Мусайиб (р) мефармояд: Матлаби зоеъ намудани намоз дар ин аст, ки намози пешинро дар вақти дигар ва дигарро (аср) дар вақти шом ва намози шомро дар вақти хуфтан ва намози хуфтанро дар вақти субҳ адо намояд. Касе, ки ин кор намуд ва бидуни тавба мурд, пас Худованд бо вай ваъдаи ғай намудааст, ки он як ҳуфра (сӯрох), ки дар он каждумони хеле бадҳайбату хатарнок мавҷуданд.

“Наҷот”

More From Author

You May Also Like