Дар тамоми рӯзҳои моҳи шарифи Рамазон аз шабакаи чоруми телевизион Бритониёи Кабир азони бомдод пахш мешавад.
Чи тавре нашрияи The Guardian хабар медиҳад, Шабакаи 4-ум ҳар рӯз дар тӯли се дақиқа азон медиҳад.
Директори барномаҳои ин шабака Ралф Ли изҳор дошт, ки шояд ин қарори онҳо – пахши азон аз тарафи гуруҳи тамошобинон танқид шавад, вале оқои Ли хотиррасон намуд, ки дар Бритониёи Кабир Ислом дар қатори он адёне мебошад, ҳам фаъолияти он густурда ба назар мерасаду ҳам шумораи пайравонаш зиёд мешавад.
Дигар азонҳо тавассути сайти ин шабака пахш мешавад. Боз ҷиҳати дигар хубии ин шабака дар он аст, ки ҳар субҳ пас аз додани азон филми кӯтоҳметра аз силсилаи “Андешаҳои рамазонӣ” пахш мешавад. Дар ин барнома ашхоси маъруфи Бритониё дар бораи моҳи шарифи Рамазон андешаҳои худро баён менамоянд.
Бо ин иктифо накарда, Шабакаи 4-ум боз силсилаи барномаҳоро дар бораи моҳи Рамазон пешкаши тамошобинон мекунад.
Такрор мекунем, ҳама ин барномаҳо дар кишваре сурат мегирад, ки танҳо ақаллияти мардумаш аз Исломанд.