Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ дар ҳошияи суханронии худ дар Донишгоҳи Федеролии Қазони ҷумҳурии мухтори Тотористон бо чанде аз масъулини ин ҷумҳурӣ ҳам мулоқотҳоеро анҷом додааст, аз ҷумла, бо ҷаноби Илнур Илдарович Гатауллин, роҳбари департаменти сиёсати дохилии дастгоҳи Президенти Тотористон масоили марбут ба вазъи муҳоҷирини тоҷик ва истифодаи потенсиали фаровони маънавӣ ва ахлоқии миллати тоҷик дар масъалаи пешгирии ифротгароӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Зимни мулоқот раҳбари ҲНИТ ба намояндагони дастгоҳи Президенти Тотористон аз таҷрибаи сулҳи тоҷикон, фаъолияти ҳизби сиёсии динӣ ва нақши он дар расидан ба сулҳу ваҳдат маълумот дода, ин равандро бузургтарин дастоварди миллӣ баъд аз истиқлолият арзёбӣ кардааст. Инчунин, аз муносибати хуби мақомоти ин ҷумҳурӣ нисбат ба муҳоҷирини тоҷик изҳори миннатдорӣ намуда, онро муносиб ба фарҳангу арзишҳои исломӣ ва инсонӣ донистааст.
Ҷаноби Гатаулин аз сиёсатҳои муътадил ва созандаи ҲНИТ дар Тоҷикистон ва минтақа, ба хусус, байни муҳоҷирини тоҷик сифат карда, онро барои пешгирӣ аз паҳншавии андешаҳои тунди сиёсӣ ва мазҳаби хеле муҳим гуфтааст. “Ҳар ҷомеъа ниёз ба чунин созмоне, мисли шумо дорад, то ин ки потенсиали динии он дар қолаби қонун ва мантиқ барои корҳои созанда сафарбар карда шавад. Дар сурати дигар, ҷои холиро дигарон пур мекунанд, ки ба нафъи касе нест “, гуфтааст масъули сиёсати дохилии дастгои президенти Тотористон.
Тарафҳо ба хулоса омадаанд, ки барои ҳамкории бештар дар самти муҳоҷирин, пешгирӣ аз ифротгароӣ ва мусоидат ба ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон иртиботҳоро қавитар намоянд. Пешниҳоди раҳбари ҲНИТ барои ташаббусҳои бештари Қазон ҳамчун пули фарҳангӣ ва иқтисодӣ байни Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам ҷонибдорӣ ёфта, изҳори омодагӣ барои ҳамкориҳо дар ин самт шудааст.
М.Кабирӣ инчунин бо Здунов Артём Алексеевич, муовини вазири иқтисоди Тотористон вохӯрие доштааст. Сӯҳбати онҳо атрофи ҷалби бештари муҳоҷирини тоҷик дар соҳаҳои мошинсозӣ, коркарди нафту газ ва техноложии муосир ҷараён ёфтааст. Раҳбари ҲНИТ ҷалби бештари мухотаби хешро ба он равона кардааст, ки “вазифаи ҳар хукумат пеш аз ҳама таъмини шаҳрвандон бо ҷои кор дар ватани худ аст. Вале, бо сабабҳои гуногун, пеш аз ҳама, заъфи мудирияти давлатӣ ва сатҳи баланди коррупция, манфиъатдории баъзе сиёсатмадорон барои ҳиҷрати бештари мардум ба хориҷ дар заминаи камбуди ҷои кор шумораи муҳоҷиринро афзоиш пайдо карда истодааст. Мутаассифона, аксари онҳо ба корҳои вазнину камдаромад ҷалб мешаванд ва гоҳо мавриди фиреб ҳам қарор мегиранд. Бояд корро тавре роҳандозӣ кард, ки муҳоҷирини мо дар корҳои сифатан беҳтар ва. бо нияти табдил шудани онҳо ба мутахассисони технологияи пешрафтаи мошинсозӣ, сохтмонӣ ва кишоварзӣ ҷалб шаванд, то дар бозгашт ба ватан тавонмандӣ ва саҳме дошта бошанд дар ободии кишвари хеш ”
Муъовини вазири иқтисоди Тотористон гуфтааст: Тотористон ба як минтақаи воридшавии технологияи нав ва сармоягузории саноъати пешрафта табдил шудааст. Ташкилии минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва паркҳои нанотехнологӣ боиси он гашт, ки маъруфтарин ширкатҳо намояндагӣ ва филиалҳои худро дар ин ҷо боз карданд, ки боиси рушди якбораи иқтисоди гардид. Аз ин ру, ба кадрҳои пешрафта ва омӯзишдида ниёз дорем, на ба неруйи кории сифатан паст. Вале дар масъалаи бозомӯзии муҳоҷирини тоҷик мувофиқ ба талаботи бозори нави Тотористон омодаи ҳамкорӣ ҳастем. Ин ҷо бояд мақомоти дахлдори Тоҷикистон фаъолтар бошанд ва давраҳои бозомӯзиро чӣ дар Тоҷикистон ва чӣ дар Тотористон ташкил бояд кард.
Инчунин, мақоми Тотористон изҳор карда, ки “соли гузашта нақши ҷалби сармоя ба Тотористон беш аз 100% иҷро гашта, ҳоло дунболи таҳияи нақшаи сармоягузорӣ дар хориҷ мебошем ва Тоҷикистон яке аз кишварҳое буда метавонад, ки аз ин нақшаи барои ҷонибайн муфид истифода намояд. Барои ҳамкориҳои мустақими дутарафа бо Тоҷикистон тамоми заминаҳо вуҷуд доранд ва мо омодаи пешниҳодҳои мушаххас мебошем “.
карда Ҷаноби Здунов изҳор, ки Тотористон талош дорад меъёрҳои банкдорӣ ва иқтисоди исломиро низ вориди низоми иқтисодӣ намояд ва дар ин маврид таҷрибаи пешрафтаи баъзе кишварҳои исломиро мавриди омӯзиш қарор додааст .
Ишон аз талошҳои ҲНИТ барои рушди ҳамкориҳои ду миллату кишвари дӯст қадрдонӣ намуда, онро намунаи фаъолияти созандаи як ҳизби сиёсии масъулиятшинос номидааст.
Дар ҳамин рӯз дар «Хонаи дӯстии халқҳо»-и Тотористон мулоқоти раҳбари ҲНИТ бо муҳоҷирини тоҷик сурат гирифтааст, ки вазъи имрӯзаи Тоҷикистон , мушкилоти муҳоҷирин ва дигар масоили рӯзмарра аз ҷумлаи мавзӯъҳои сӯҳбат будаанд.
Дар назар аст, ки М.Кабирӣ дар маъракаҳои наврӯзии тоҷикон дар ш. Қазон ширкат менамояд.
Categories
ТАҲЛИЛ