Тарҷума: Холид Айюбӣ
Таҳия: Ҳувайдои Абдуллоҳ
05.04.2012, 11:00
Ду марди нобино бар сари роҳи Уммиҷаъфар Зубайдаи Аббосӣ нишаста буданд, зеро аз бахшиш ва карами ӯ хабар доштанд. Яке мегуфт, “Аллоҳумма урзуқнӣ мин фазлик”, яъне Худованд аз фазлу карамат ба ман рузӣ деҳ. Дигаре мегуфт, “Аллоҳума урзуқнӣ мин фазли Уммиҷаъфар”, яъне Худованд аз фазлу бахшиши Уммиҷаъфар ба ман рӯзӣ деҳ.
Уммиҷаъфар низ дуъои онҳоро мешунид ва аз он хабар дошт, аз ин сабаб барои марде ки аз фазлу бахшиши Худованд дархости ризқу рузӣ мекард, ду дирҳам медод. Барои касе аз фазлу баракати ӯ талаби ризқу рузӣ менамуд, мурғе сурх карда ҳар рӯз даҳ динор дар шикамаш қарор медод ва ба ӯ ирсол мекард.
Соҳиби мурғи сурхшуда ҳар рӯз мурғашро ба ду дирҳам ба дӯсти нобинояш, ки аз фазли Худованд талаби ризқ мекард мефурӯхт. Аммо намедонист, дар шиками он чи чизе вуҷуд дорад.
Даҳ рӯз бар ин қазия сипарӣ шуд. Рӯзе Уммиҷаъфар аз пеши ин ду шахс мегузашт ва ба онҳо таваҷҷӯҳ карду ба марде ки аз фазлу баракати Уммиҷаъфар дархост мекард, гуфт, оё фазлу бахшиши мо туро сарватманд ва бениёз накард?
Пурсид, чи буд фазлу бахшишат?Уммиҷаъфар гуфт, сад динор дар даҳ рӯз. Нобино гуфт, не балки ҳар рӯз як мурғ бароям ирсол мекардӣ, ки ман онро ҳар рӯз ба ду дирҳам ба дӯстам мефурӯхтам.
Уммиҷаъфар гуфт: “Ин шахс аз фазлу бахшиши Уммиҷаъфар дархости ризқу рӯзӣ кард, Худованд ӯро маҳрум кард. Дигаре аз фазлу баракати Худованд талаб менамуд, Худованд ба ӯ фазлу баракати худашро насиб гардонид ва ӯро аз талбидану фақирӣ наҷот дод.”