Categories Uncategorized

Аз зиндон то маснади президентӣ?

Абдулатифи Ҳаммод

12.04.2012, 11:25

Зиндон ва «ихвонвеб»

Зани ҳиҷобдор дарвозаи қасри Президенти Мисрро тақ-тақ мекунад

Корҳои хайрия ва иҷтимоъӣ

Чанд нуктаи ҷолиб аз зиндагии Хайрат Шотир, номзад ба президенти Ҷумҳурии Мисри Араб ва ҳамсараш

Муҳаммад Хайрат Саъд Абдулатиф Шотир, машҳур ба Хайрат Шотир, 4 майи 1950 дар Миср ба дунё омадааст. Муҳандиси иртиботот ва тоҷир аст.

Ӯ муовини собиқи раҳбари ҳаракати «Ихвонул муслимин» буд ва 5 апрели 2012  бо тарафдории 227 намояндаи парлумон ҳамчун номзади ихвониҳо ба президенти Ҷумҳурии Миср дар интихоботе, ки моҳи майи соли ҷорӣ баргузор мешавад, пешниҳод гардидааст.

Зиндон ва «ихвонвеб»

Аз тарҷумаи ҳоли Шотир ҷолиб он аст, ки солҳои 1992, 1995 ва 2001 ҳабс ва молу мулкаш мусодира шуда буд. Пас аз суқути низоми Муборак, Шотир аз зиндон ба хотири хуб набудани саломатияш озод шуд ва бо хонаводаи худ дар толори зиёраткунандагони маҳбаси «Турра» мулоқот кард.

Хайрат Шотир сомонаи ихвонвебро бо забони англисӣ таъсис додааст ва ин сомонаи расмии «Ихвонул муслимин» мебошад. Ин сомона роҳи гуфтушуниди  ихвониҳо бо ғарбро кушод ва нигоҳи онҳоро ба онҳо тағйир дод.

Маҷаллаи Форен Полисӣ (сиёсати хориҷӣ) номзади ихвониҳо, Шотирро дар қатори 100 шахсияти барҷастаи ҷаҳон дар соли 2011 муаррифӣ намудааст.

Аз рӯи назарсанҷиҳои гузаронида эҳтимоли зиёд дорад, Хайрат Шотир президенти ояндаи Миср интихоб шавад.

Зани ҳиҷобдор дарвозаи қасри Президенти Мисрро тақ-тақ мекунад

Хонум Иззаҳ Аҳмад Тавфиқ ҳамсари Хайрат Шотир буда, ӯ ҳам мисли ҳамсараш муҳандис мебошад.

Онҳо 8 духтару  2 писар доранд ва дуяшон хатмкунандаи факултети ҳандасаи як донишгоҳи Искандарияи Миср  мебошанд.

Ӯ тавассути хоҳари худ Фотима ба ҳамсари худ Иззаҳ шинос шуда, дар соли 1974 бо ҳам издивоҷ кардаанд.

Корҳои хайрия ва иҷтимоъӣ

Пас аз издивоҷ, хонум Иззаҳ шуғли муҳандисиро тарк карда, ба корҳои иҷтимоӣ ва хайрия машғул шуд.

Хонаводаи Шотир дар ошёнаи 11-и яке аз биноҳои муқаррарӣ дар маҳаллаи Мадинаи Насри шаҳри Қоҳира зиндагӣ мекунанд.

Ҳамсари ӯ, Иззаҳ ҳиҷобдор аст ва агар Шотир президент интихоб гардад, хонум Иззаҳ аввалин ҳамсари ҳиҷобдори президент дар Миср мешавад.

More From Author

You May Also Like