Categories Ахбори рӯз

“Хаймаи рамазонӣ” барои паноҳандагон

Ба ифтихори моҳи
шарифи Рамазон президенти Чеченистон Рамазон Қодиров, барои паноҳандагонӣ суриягӣ,
ки дар қаламрави Туркия ба сар мебаранд,
“Хаймаи рамазонӣ” созмон дод, хабар медиҳад,”Ислам- нюс”

Давоми ин моҳи муборак дар яке урдугоҳҳои машҳури паноҳандагони суриягӣ дар
шаҳри Килис, воқеъ дар марзи Сурия ва Туркия “Хаймаи рамазонӣ”-и созмондодашуда ба
кори худ оғоз бахшид, ки дар он метавонанд, ҳудуди 1500 нафар ифтор намоянд.

Манбаъ меафзояд, ки ин
иқдоми наҷиби инсондӯстона аз  бунёдии қаҳрамони Русия Аҳмад Қодиров ҷудо
гардидааст.Рӯзи панҷшнабе аввалин ифтор баргузор гардид, ки дар он  мусалмонони миллатҳои гуногун ширкат варзиданд. 

More From Author

You May Also Like