Аз номаҳои бенишони таҳдид то хонагаштакҳои яккаҳизбисозӣ

Имрӯз Талбакшо
Рустамов, раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ҷомӣ, аз идомаи “хонагаштаки”
ғайриқонунии иддае аз масъулини ҷамоъат ва раисони маҳалла ба маркази матбуотии
ҲНИТ шикоят овард. Номбурда аз ҷумла
изҳор дошт, ки дирӯз 9 апрел дар ҷамоати Каленин-деҳаи Роҳи сотсиалистӣ раиси
маҳалла Саидов Шарифалӣ хона ба хонаи аъзои ҳизб гаштугузор намуда, аз онҳо
даъват ба амал овардааст, то ки аз сафи ҳизб хориҷ шаванд, дар акси ҳол метавонад боқӣ монданашон бар зарари худи
онҳо анҷом ёбад. Дар он сурат муроҷиаташон назди мо суде надорад. Зеро дар
Тоҷикистон танҳо як ҳизб боқӣ мемонаду боқӣ фаъолияти аҳзоб қатъ мегардад.

Инчунин Талбакшо
Рустамов, афзӯд, ки дар деҳаи Ғалабаи ҷамоати Дӯстӣ низ ҷойниши раиси ҷамоат
Оев Аҳлиддин, раиси маҳалла Бураков Неъматулло низ ба ҳамон наҳваи дар боло
зикргардида “маъракаи ғайриқонунии хонагаштаки худро хона ба хонаи аъзои ҳизб
имрӯз идома доданд”.

Лозим ба
ёддоварист, ки дар деҳаи Роҳи Ленин ва
деҳаи Холмуродтеппа раиси маҳалла аз аъзои ҲНИТ даъват ба амал меорад, то ки 9 апрел соати 15:00 ба идораи ҷамоати
ба номи “Ифтихор”-и ноҳияи А. Ҷомӣ ҳозир шаванд.

Ин дар ҳолест, ки
дар боби 2-уми Сарқонуни ҶТ, моддаи 28 омадааст: Шаҳрвандон ҳуқуқи муттаҳид
шудан доранд. Шаҳрванд ҳақ дорад дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, аз ҷумла ҳизбҳои
характери демократӣ, динӣ ва атеистӣ дошта, иттифоқҳои касаба ва дигар
иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иштирок намояд, ихтиёран ба онҳо дохил ва аз онҳо хориҷ гардад…

Вале аз чӣ бошад, ки таи чанд соли ахир қонуни мазкур барои иддае аз
масъулин арзиши худро гум кардааст.

Ҳамчунин имрӯз
раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Бохтар низ ба мо хабар дод, ки саҳар вақти аз
намози бомдод баргаштан дар пушти дарвозаи онҳо ду номаи беному нишон
ёфтшудааст. Дар дохили номаҳо бошад ба раиси ҲНИТ таҳдид шудааст, ки агар
фаъолияти ҳизбро дар минтақа қатъ накунад зану фарзандонаш дигар амният надоранд
ва бо суханҳои қабеҳ ӯро таҳдид кардаанд.

Ба назар мерасад
асабонияту кинаву нафрати бархеҳо аз тамоми марзу меъёрҳо фаротар рафтааст. Аммо
савол инҷост, ки оё ин кор то куҷо ба манфиати миллату кишвари мост? Магар бо
чунин амалҳои хасмонаву кинаварзона барои мардуми кишвар чиро ба армуғон
оварданӣ ҳастанд? Оё эҷоди кинаву нафрату душманӣ барои ягон миллату кишвари
дунё некиву пешрафт овардааст?

Наход ҳамаи
мушкилоти кишвари мо танҳо дар фаъолияти наҳзати исломӣ бошад? Ба ҳар ҳол
Худованд ба ҳоли миллату кишвари мо раҳм кунаду миллати мо асири афкору
андешаҳои ҷангталабонаву ташаннуҷзои як гурӯҳи манфиатдор қарор нагирад.

More From Author

You May Also Like