Ҷамоли Камол, махсус барои «nahzat.tj»
03.04.2012, 10:30
Шамоли кишварҳои 3 + 1
«Ҳар фишор шамоли сарду сахте дар худ дорад»
Шамоли «Баҳори тоҷикӣ» аз тарафи кишварҳои 3+1 меояд
«Исломгароҳо сабаби болоравии нархҳо?»
«Роғун ҳаққи мост ва набояд касе ин ҳақро аз мо бигирад»
Охирсухан
Шамоли кишварҳои 3 + 1
Муҳоҷир, ҷавони 18 солаи тоҷик, ки айёми наврасиашро дар муҳоҷират ба боди фано супурда буд, вақте ба зодгоҳаш баргашт, ҳамсояаш Муқимро дид, ки ҷисмаш наҳифу лоғар гардида, чанд узви баданаш ҳам дард мекунад… Ба аёдати вай шитофт.
Баъд аз аҳволпурсӣ оромона суол кард: «Дӯстам, Муқимҷон! Шамол хӯрдаӣ, ё чизи дигар?». Муқим оҳе кашида, лаҳзае баъд “шухиомез” гуфт: «Не! Мо дигар шамол намехӯрем. Он вақт гузашт! Акнун шамол бо тамоми тавонаш моро мехӯрад… Медонӣ, ки сар аз якуми апрел шамоли кишварҳои 3+1 (Ӯзбекистон, Русия, Қирғизистон ва Тоҷикистон) яку якбора ба болои тоҷикистониён сахт вазиданро шурӯъ кард ва дар як муддати кӯтоҳ хоҳӣ дид, ки аз шиддати вазиши шамолҳои кишварҳои номбурда ҳама доштаҳои “киса”-и мардум ба “касса”-ҳои онҳо мерезанд.»
Муҳоҷири навомада ранг аз рӯяш париду аз омадану шунидани ин ҳарфҳо пушаймон шуд. Бо ин вуҷуд, сирро бой надода, дубора пурсид: «Ҳамсоя, ин кишварҳои 3+1 кай бо ҳам ин хел “тавофуқнома” бастаанд?» Бемор сарашро ба поин афканду лаҳзае сукут ҳукмфармо гардид. Писараш Ҳиҷратшо, ки пазироии онҳоро бар уҳда дошт, дар ибтидо асли мақсади падарашро дарк накард. Аз ин рӯ, аз ӯ пурсид: «Падарҷон, ман чанд рӯз пеш шунида будам, ки сар аз якуми апрел дар кишвар баҳои барқ боло бардошта мешаваду Ӯзбекистон бар иловаи қатъ кардани газ боз зулману ҷабран релсҳои қитъаи роҳи оҳани “Ғалаба-Амӯзанг”-ро ҳам барчида гирифтааст ва аз ин рӯ ҳамлу нақли коло тавассути қатора ба вилояти Хатлон куллан қатъ кардаааст.»
«Ҳар фишор шамоли сарду сахте дар худ дорад»
Ҳиҷратшо давом дод: «Ҳамзамон бо омадани апрел Русия ҳам боҷи содиротии сӯзишворӣ ба Тоҷикистонро боло бардоштааст. Бар замми ин ҳама, азбаски замистони тӯлонии имсола хирмани хӯрокаи ҳайвоноти қириғизҳоро низ рӯбучин кардааст, сарҳадбонони Қирғизистон ҳам дар ин шабу рӯз ронандагони мошинҳои боркашро гаҳу ногаҳ “самимона” пешвоз гирифтанро бас кардаанд. Эшон гаштаву баргашта аз коҳу алаф ёд мекунанд… Вале бо ин, ки ман ҳар рӯз ахборро гӯш мекунам, расонаҳои хабарӣ аз баста шудани “тавофуқнома” ва шамолҳое, ки зикрашонро кардед, чизе нагуфтанд. Фақат таъкид карданд, ки ин ҳама фишор болои мардуми камбағал аст.»
Муқим дид, ки сукутро Муҳоҷир не, Ҳиҷратшои писараш шикаст ва Муҳоҷир ҳам ҷавобашро интизор аст, “ноилоҷ” сарашро бардошта, ба сухан даромад: «Писарам, дар истилоҳи мардуми “лаби об” шамолу фишор ҳарду калимаҳои ҳаммаъно мебошанд. Ҳамон фишорҳое ту гуфтӣ, шамоли сарду сахте дар худ доранд, ки риштаи боварҳо байни мардуму ҳукуматро канда мекунад.»
Шамоли «Баҳори тоҷикӣ» аз тарафи кишварҳои 3+1 меояд
Муқим афзуд: «Замоне, ки фишорҳои чандҷониба алайҳи шаҳрвандони кишварамон раво дониста мешаванд, он вақт нафаси озод кашидан барои мардум мушкиле пеш меорад, ки онро “баҳори тоҷикӣ” хоҳанд гуфт. Ин баҳорро ба “баҳори арабӣ” ташбеҳ додан мувофиқи мақсад нест. Чун шамолҳои сарди ин баҳор сунъӣ аст ва он баҳор аслӣ воқеӣ буд. Шамоли ин баҳор аз ҷониби кишварҳои 3+1 мевазаду шамоли он баҳор аз тапиши қалбҳо ва аз синаи мардум мевазид. Ин шамолҳо бар иловаи фалаҷ сохтани иқтисодиёти кишвар, корхонаи алюмини тоҷик “ТАЛКО” ва корхонаи “Тоҷиксемент” дар шаҳри Душанберо ҳам корношоям хоҳанд кард ва…»
«Бо вуҷуди ин, “баҳори тоҷикӣ” дар батни худ чанд паёме дорад, ки онро наметавон тавассути чанд калима баён ва ё дар чанд ҷумла тафсираш намоем. Ба ҳар сурат: “Баҳори тоҷикӣ” паёми дардошноест, ки дар зоҳир раҳмат ҳасту дар ботин дардолӯд. Раҳмат, яъне мардум бедор шудаанд ва дигар ба ваъдаҳои пӯчу холии баъзе аз ҳукуматдорони бемасъулиятамон, аз ҷумла, Вазорати саноат ва энергетика, «Барқи тоҷик», мақомоти андоз, Вазорати кишоварзӣ ва дигар вазоратхонаҳову агентиҳо бовар надоранд. Аз ин рӯ, эшон дар талош барои ба даст овардани ҳуқуқи худ заҳмат хоҳанд кашид. Дардолӯд, яъне, бо вуҷуди сардии ин “баҳор” ҳамоно ҳукуматдорони номбурда, дониста ва огоҳона ин фишорҳоро болои мардум таҳмил мекунанд, то сарриштаи муносибат ва вафодорӣ байни раъияту ҳукумат аз бех канда шавад. Дар ин байн мисолҳое зиёде вуҷуд дорад, ки зикри онҳо вақти зиёдеро талаб мекунад. Аз ҷумла, ҳамин вакилон хуб медонанд, ки боло бурдани баҳои барқ бар зарари мардум анҷом мешавад, аммо тавони мардумро нодида мегиранд. Андозу молиёти зиёду дилсардкунанда низ пулдоронро аз сармоягузорӣ дар бахшҳои гуногун гурезонида аст.»
«Исломгароҳо сабаби болоравии нархҳо?»
Вай таъкид карда, илова нумуд: «Акнун пунбаҳоро аз гӯшатон гирифта хуб гӯш кунед, мабодо шумо низ ба мисли баъзеҳо дар масъалаи ҳассос ҳарзагӯӣ карда фирефта шавед. Дирӯз дар бозор шунидам, ки як хабари аҷибро дар байни мардум паҳн мекарданд. Мегуфтанд, ки ҳамин аҳли масҷид ва ё исломгароҳо дар Тоҷикистон ба бонкҳои ҷаҳонӣ пешниҳод ва пофишорӣ карда гуфтаанд, ки эшон бояд болои ҳукумати кишварамон фишор оваранд, то баҳои барқро баланд бардорад, дар ғайри он дигар ба Тоҷикистон қарз надиҳанд. Ба унвонии мақомдорони Ӯзбекистон ҳам чунин дархосту пешниҳодҳо карда бошанд, то баъд аз бастани роҳи оҳан газро ҳам қатъ кунанд. Ба ин хабарҳо бовар накунед, ки бо ҳама аслу фаръашон дурӯғ аст.»
Мо, мусалмонони кишвар, бар тибқи ояи карима тамоми мусалмонони Ӯзбекистонро бародарони динии худ медонем. Аз ин рӯ, на рӯҳонияти мусалмон, на аҳли масоҷид ва на исломгароҳо, дар маҷмӯъ ҳеҷ яке аз онҳо низ хоҳони қатъи равобити ҳасанаи Ӯзбекистон бо Тоҷикистон нестанд. Ва аммо ин, ки Ӯзбекистон кишвари моро дар ҳошия қарор дода аст, заъфи масъулин ва ҳукуматдорони худи мо аст, ки тайи 20 сол ҳамсоягӣ карда натавонистем. Натавонистем ҳамсоякишварро мутақоид созем, ки мо, тоҷикистониён, дар ҳусни ҳамсоягӣ аз дигарон камтар нестем… Дар хусуси Русия бошад, дидгоҳҳои зидду нақизе дорем. Бо ин вуҷуд, чун “бузургон” бо “бузургон” ҳарф мезананд, оммаи мардум шояд ба ҷуз “ғайбат” чизе нагуфта бошем..»
«Роғун ҳаққи мост ва набояд касе ин ҳақро аз мо бигирад»
Муҳоҷир дид, ки ҳамсояаш ҳарфашро кашол дода истодааст, бетоқат шуд, сухани ҳамсуҳбаташро қатъ карда, афзуд: «Фикр мекунам, замона дигар шудаасту фурсат аз даст рафтааст, чун мардуми кишварамон чӣ муҳоҷир бошад ва ё муқим, ҳама фарҳанги ҳаққталабиро зарфи чанд соли ахир каму беш омӯхтаанд. Акнун баъд аз ин аз назария ба амал хоҳанд гузашт, яъне аз ин пас, барои татбиқи ҳуқуқҳои худ қадаме ба пеш хоҳанд гузошт, ки он пояҳои курсинишинонро ба ларза дар хоҳад овард. Зеро аз бемасъулиятии баъзе масъулин доштаҳо ва ё ҳамон косаҳои сабри мардум лабрез шуда аст. Замоне ҳамсоякишварамон Ӯзбекистон мехоҳад, ки бо қатъ кардани гази худ захмҳоро намак пошад, то сӯзиши онҳо бештар шаванд, фикр мекунам вақти он расидааст, ки аз фишангҳои мухталифи таъсиррасонӣ ба монанди “РОҒУН” рӯшод истифода кунем. Чун ин ҳаққи мост ва онро набояд касе аз мо салб кунад. Агар аз дастмон ояду имкон дошта бошем, як обанбор не, сад Роғуни дигар бояд созем.»
Аммо дар ана ҳамин ҳол бояд гӯям, ки дилам ба ҳоли дипломатияи тоҷик, ки вазъиятро то ин дараҷа оварда расонид ва аз дасташ роҷеъ ба ин қазия, коре наомад, як зарра ҳам намесӯзад, чун гумон мекунам, ки ҳамоно ҳам фикри “шикампарварӣ”-ро аз “кишвардорӣ” муқаддамтар гузоштаанд.
Мақомдорони Русияи бузург низ бо вуҷуди дуруст дарк кардани набзи иқтисодиву иҷтимоии кишвар тоҷиконро дар мулки худ ғуломи хостаҳояшон кардан мехоҳанд. Аз ин хотир ҳар гаҳе, ки завқашон баланд шуд, барои дилхушии худ, бо истифода аз фишангҳои таъсиррасонӣ “қилиқ”-е анҷом медиҳанд. Бо ин ҳама хитоб ба мо гуфтаниянд, ки шумо дар ин дунё барои нафас кашидан омадаеду мо барои зиндагӣ кардан, мо шуморо ҳамон гуна, ки мехоҳем, нафас кишидан мемонем. Қирғизистон ҳам аз ин заъфҳо ба нафъи худ истифода карда, чашми тоҷиконро тарс додан мехоҳад.
Охирсухан
Вақте, дар “баҳори тоҷикӣ” нархҳо гаронтар, мушкилиҳо зиёдтар ва ҳукуматдорон “маҳбубтар” мешаванду бар илова “ТАЛКО” аз по меафтаду “Тоҷисимент” фалаҷ хоҳад шуд, паёмадҳои ин “баҳор”-ро ба инобат гирифта, пулшӯӣ ва пулгурезонии баъзе мансабдорон ошкоро сурат хоҳад гирифт. Пас аз фалаҷ шудани чархаи Ҳукумат эшон ба қасди “истироҳат” барои муддатҳо тӯлонӣ кишварро тарк хоҳанд кард.
Дар айни ҳол сардамдорони ҳукумат, аз ин, ки сарашон сапеду курсиҳое, ки дар он солҳо менишастанд ба “дилашон задааст”, касе ҳам аз эшон талаб намекунад, ки аз куҷо ёфтӣ ва дар куҷо харҷ кардӣ ва фарҳанги ба истеъфо рафтанро низ ёд гиранд. Ба гумони ағлаб, ин мардум фикр мекунанд, охируламр низ ҳаминҳо болонишину дигарон поиннишин хоҳанд буд.., вале иштибоҳ мекунанд.