Шахси бо эътимоди номзад Бердиев Маҳмаднабӣ аз ҲНИТ ба вакили МН МО ҶТ, дар ноҳияи Ҳисор, Ҳамдамов
Худойбердӣ ба ситоди марказии интихоботии ҲНИТ хабар дод: дар участкаи интихоботии №14-и ҷамоати Ҳисор вақте,
ки раванди тақаллубкориро мушоҳида кардам, аз ҷумла дар бюлетенҳои интихоботӣ
пеш аз ин ки интихобкунанда овози худро бидиҳад, аллакай аломати ҷамъ гузошта
шуда буд, мавриди интиқод қарор додам.
Пас аз интиқод ва
эътирози ман, ногаҳон ҷойнишини раиси ноҳия Абдуллоев дар участкаи интихоботӣ
ҳузур пайдо карду маро маврди таҳқиру мазаммат қарор дод. Аз ҷумла гуфт: “Худо
занад туя, ман туро аз таги замин ҳам бошад кофта меёбам. Вақте ки ман гуфтам
фаъолияти ман дар чаҳорчубаи қонун сурат мегирад, ӯ гуфт, қонун аз сарат монад.
Инчунин вақте, ки гуфтам ман ба номзад тамос мегирам, ӯ гуфт рав ба номзад ё ба
ҳамсарат занг задан гир!
Дар участкаи
интихоботии Айнӣ 22 участкаи 85-и Мастчоҳ варақаҳои овоздиҳӣ аз шумораи аниқбду
35 адад кам оварда шудааст. Ба гуфтаи номзади учатскаи мазкур Исканадаров
Бобоҳоҷим “блютен надорем, ки ба интихобкунандаҳо диҳем. Мо ба ҳавзаи марказии
ноҳия занг зада, хабар кардем, онҳо ҳоло ваъда додан, ки ба мо варақа
мефиристанд”.