Бирафтам ба Макка, ки бӯса занам хоки пои туро, ай Ҳабиби Худо.
Ба саҳни ҳарам ҳалқа задам шамида саҷдагоҳи туро, ай Ҳабиби Худо.
Тамоми водии Батҳо бигаштам дар орзӯи дидани ту ай маҳваш,
Ба Минову Арафоту муздалифа биҷӯста маъвои туро,ай Ҳабиби Худо.
Бибидам Каъбаро, ки аз фироқи рӯи ту сияҳпуш аст,
Шудам ба фиғону нола надидам навои туро, ай Ҳабиби Худо.
Чу водии Ҳиҷоз муҳаҷҷаз аз наволи ту буд эй ҷонон,
Бидидам Ҳиҷозу надидам Мустафои туро, ай Ҳабиби Худо.
Ба кӯҳи нур бирафтам нури туро шудам ҷӯйё, эй соҳиби Вазуҳҳо,
Ба сад алам ба мижгонҳо бируфта ғори Ҳирои туро, ай Ҳабиби Худо.
Ба ғори Савр шудам ҷои паноҳи ту бо ҳазор шавқу завқ,
Ки бӯ кашам ба машомам бӯи дилкушои туро, ай Ҳабиби Худо.
Ба Мадинаи мунаввара омадам шитобон бо дили пора- пораи худ,
Ба Равза шудам бӯса задам эй офтоб шуъои туро, ай Ҳабиби Худо.
Ба масҷиди Қубо, қуббаи Худопарастии ту буд эй дилҷӯ,
Ба дида гирифтам зарраҳои хоки масҷиди қубои туро, ай Ҳабиби Худо.
Ба масҷиди Қиблатайн, ки соҳиби ду қибла буда ба амри Худо,
Ба сад эҳтиром саҷда кардам қадамҷои туро, ай Ҳабиби Худо.
Ба куҳи уҳуд қадам ранҷа кардам, нишемани ёрони ҷонбозат,
Зи мавҷи хун шӯъла заду дидам нури шуҳади туро, ай Ҳабиби Худо.
Ба хандақи Салмон форс шудам, ки ҷои размгоҳи ту буд.
Намуда бӯса ҳар ваҷаб замини ба хун муҳтавои туро, ай Ҳабиби Худо.
Бирафтам ба Бадр, ки бадри нусрати Илоҳии ту намуда буд тулӯъ,
Шамида ҳазор накҳати дилу ҷонфизои туро ай Ҳабиби Худо.
Руҷуъи Довуди мискин ба ишқу меҳру ҳавои ту мебуда,
Ки ҷони ман ба ҷонона оромаст, чӣ кунам мосивои туро, ай Ҳабиби Худо.
Умари Шариф