Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар гузорише эълом кардааст, ки бар асоси як таҳқиқи дақиқ ва фарогир, шумори кушташудагони буҳрони Сурия аз ибтидои эътирозҳои зидидавлатӣ аз марзи 60 ҳазор нафар гузаштааст.
Ба гузориши “islamworldnews”, бар асоси ин гузориш дар фосилаи 15 марти 2011 то 30 ноябри соли 2012 теъдоди 59 ҳазор ва 648 нафар дар Сурия кушта шудаанд.
Дар ин феҳрист, ки таҳия ва танзими он 5 моҳ ба тӯл анҷомида ашхоси кушташудагон бо ном, номи хонаводагӣ, таърих ва маҳалли маргашон сабт шудааст.
Пеш аз ин гуруҳҳои мухолифи ҳукумати Сурия шумори талафот аз оғози нооромиҳои Сурия то кунунро 45 ҳазор нафар бароварда карда буданд. Ба гуфтаи Нови Пейлой, камисари Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар танзими ин омор гузоришҳои гуногун аз манобеъи мухталиф, аз ҷумла омори расмии давлати Сурия бо ҳам муқоиса шуда ва ҳар мавриде ки гушудаи яке аз ин чор маврид (ном, номи хонаводагӣ, таърих ва маҳалли марг) буда дар ин омор ба ҳисоб наёмадааст.
Ба гузориши манбаъ, ин гузориш сооте пас аз ҳамлаи ҳавоӣ ба як мошини боркаши бензин дар Димишқ ва кушта шудани ҳадди аксар 70 нафар ва захмӣ шудани шумори зиёде аз шаҳрвандони ғайринизомӣ мушташир шудааст.