Чуноне, ки интизор мерафт баъд аз поёни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Русия бо даъвати Владимир Путин дар маҳофили сиёсӣ бештар аз пухтани ду масъала дар ҷараёни мулоқоти ин ду сухан меравад, яке тавофуқ бар сари пойгоҳи низомии 201-Русия ва дигарӣ ҳимояти шахсии Путин аз Э. Раҳмон барои мондан бар маснади президентӣ, агарчӣ ба тавофуқоти ҷузъии дигаре ҳам ишора мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон баъд аз мулоқот дар изҳороти матбуотии худ оид ба пойгоҳи низомии 201-Русия чунин гуфт: «Мехоҳам қайд намоям, ки муносибати мо нисбат ба ин масъала ҷиддӣ аст ва мо қатъиян омодаем, ки уҳдадориҳои ба зимма гирифтаи худро иҷро намоем».
Пас, Русия бо ин паёми сареҳ ва ошкорои Раҳмон бояд итминон ҳосил карда бошад, ки масъалаи пойгоҳ ҳал аст.
Вале чуноне, ки аз рафти мулоқоти дуҷониба маълум шуд, ҳеч сӯҳбати ошкорое дар мавриди инки Путин ба Раҳмон ваъда дода бошад, ки аз номзадии ӯ барои як давраи дигар ҳимоят хоҳад кард, сурат нагирифт.
Бинобар ин, саволе пайдо мешавад, ки пас Раҳмон дар муқобили ваъдаи ошкораш барои ҳимоят аз манофеъи Русия, аз ҷумла ба зимма гирифтани тамоми ӯҳдадориҳо оиди пойгоҳи низомии 201 чӣ ба даст овард?
Чуноне, ки расонаҳо хабар доданд яке аз имтиёзҳое, ки Раҳмон ба даст овард, ин аст, ки то соли 2025 аз Русия ба маблағи 200 миллион доллар кӯмакҳои фаннию техникӣ барои тақвияти бахши низомӣ ва амниятӣ дарёфт хоҳад кард. Ин танҳо рақамест, ки баъд аз ин мулоқот расонаӣ шуд.
Бақияи сӯҳбатҳои ду тараф аз суханҳои дипломатии маъмулие, ки байни сарони кишварҳо сурат мегирад, ба мисли бояд робитаҳои мо дар фалон бахш густариш ёбад ва ба сатҳи беҳтар расонда шавад ва дар гузашта ин қадар буду кам шуд ва ғайра иборат буд.
Аммо оё 200 миллион доллар он ҳам на маблағ, балки кӯмакҳои фаннию техникӣ дар муддати беш аз 12 сол, метавонист Раҳмонро хушҳол карда бошад? Ва оё ин сафари пурсарусадо ва номаҳал танҳо барои ҳамин тааҳҳуди Раҳмон ва ваъдаи 200 миллионии Русия тарҳрезӣ шуда буд?
Воқеъият ин аст, ки ба иловаи қазияи пойгоҳи 201, масъалаи дигаре ҳам вуҷуд дорад, ки маҳз Русияро ба ташвиш овардааст ва он бешубҳа хуруҷи нерӯҳои НАТО дар соли 2014 аз Афғонистон аст. Масъалае, ки баҳонаи баргашти дубораи сарбозони рус ба марзи Тоҷикистонро дарпай дорад.
Агарчӣ ин масъала дар сӯҳбати ошкорои ду тараф баҳс нашуд, аммо фазои сиёсии Тоҷикистон дар марҳилае аст, ки Русия имтиёзи бозгашт ба марзҳои Тоҷикистонро ҳам дар моҳҳои наздик ба осонӣ ба даст хоҳад овард.
Яке аз чизҳое, ки русҳо дар марҳилаи феълӣ эҳтиёҷ доштанд, ҳифзи вазъи мавҷуд, яъне таъйиди президентии Э.Раҳмон барои солҳои баъдист.
Набояд фаромӯш кард, ки дар урфи дипломатия ҳечгоҳ як раиси ҷумҳури кишвари абарқудрат ва огоҳ аз ҳирфаи фанни дипломатия, ҳимояти худро аз раиси ҷумҳури кишвари мустақил ошкоро эълон намекунад ва маъмулан ингуна корҳо бо нишастан пушти мизи зиёфат ҳалли худро меёбанд, ки ин бор ҳам ин сафар аз зиёфат холӣ набуд.
Манбаъ: Сомонаи Наҳзат