Мусоҳибаи Абдуқаюми Қаюмзод бо Алим Шерзамонов, раиси ҲСДТ дар Вилояти Худмухтори Бадахшони Кӯҳӣ
–Тайи ду – се соли ахир вилояти Бадахшон шоҳиди юришҳои хунини нерӯҳои давлатӣ гашта ва сокинони он ҳам то ҳадде аз он чи ки дар замони ҷанги шаҳрвандии панҷсола баъзе аз манотиқи кишвар бархурдор шуда буд, оқибат бенасиб намонд. Ҳоло авзоъ ва ҳолати мардуми вилоят, бахусус шаҳри Хоруғ ва бақия мавқеъе, ки дар он садои тиру тӯп баланд шуда инсонҳои бегуноҳ ҷон супориданд, чи гуна аст?
– Вазъияти Бадахшон ҳанӯз аз авохири солҳои 90-уми асри гузашта ба ин сӯ, аз тарафи сохторҳои қудратӣ дар минтақа ва ҳам мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ ба таври сунъӣ бӯҳронӣ нигоҳ дошта мешавад. Чунин амал, албатта, мақсадҳои муайяну мухталиф дорад. Дар ибтидо сабаби боқӣ мондани чунин вазъро дар муқобилистии тарафҳои даргири ҷанги шаҳрвандӣ, яъне неруҳои ҳукуматӣ ва собиқ мухолифин қаламдод мекарданд. Бо ба имзо расидани Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ва минҷумла Бадахшон, мардум бар ин умед ва бовар буд, ки акнун ҷанг ба охир расид ва мардум ба ҳаёти осоишта қадам мениҳад. Аз неруҳои мухолифини пешина чандин нафар ба сохторҳои давлатӣ ҷалб шуданд. Бояд ин ҷо махсус таъкид шавад, ки онҳо содиқона ба вазифа ва нақши нави худ шурӯъ намуданд. Баъзе аз онҳо ба комёбиҳои назаррас ноил гардиданд. Вале, мутаассифона як каме баъд бештаре аз бандҳои созишнома, чи дар қисмати сиёсӣ ва чи дар кисмати низомии он яктарафа ва дағалона вайрон шудан гирифтанд. Ба тадриҷ он эътимоде, ки тарафайн аз ҳамдигар ҳосил карда буд, аз байн рафт. Мардуми сидқан дасти оштӣ дароз карда чунин интизориро надошт ва як-ду соли баъд, ки шароит бадтар аз будаш мешуд, ноумедӣ мардумро фаро гирифт. Дар ҳоле ки ин як ҳақиқати бебаҳс аст, ки бозгардондани эътимоди тарафайн чандин баробар душвор мебошад. Умеди аздастрафтаро низ ниҳоят мушкил аст, дар қалбҳои мардум дубора бедор кард. Чунин шонси бемонанд, ки таърих ба мо фароҳам овард, борвар наомад. Дар ҷараёни ин гирудорҳо табақаи ҳукмрон хуб дарк кард, ки тарси ҷанги шаҳрвандӣ дар решаву буғуми мардум ҷой гирифтааст ва ин як шонси бемислу монананд аст, барои онҳо, ки то чанд навбати дигар, курсии президентиро забт кунад. Дар ҳоле ки тарафҳои ҷанги шаҳрвандӣ мардона даст дода ва имзо карда буданд, ки Президент барои як 7 сола интихоб мешавад ва бо хатми мӯҳлати кориаш курсиро барои дигар кас холӣ мекунад. Аммо аз тариқи кудетои конститутсионӣ соли 2003, хилофи тамоми асноди сулҳ референдум доир ва барои Раҳмон шароити ширкат барои ду навбати дигар дода шуд. Президент Раҳмон дар як спектакли аз қабл тарроҳишуда интихоботи соли 2006-ро бурид. Баъд аз ин интихобот таъқиби собиқ мухолифин аз сар авҷ гирифт. Маҳз аз соли 2006 сар карда, вазъ дар Бадахшон аз эътидол баромадан гирифт. Минбаъд мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои амниятӣ ва қудратӣ мардуми вилоятро ба ҳар баҳона аз дохил кардани қӯшун аз марказ ба вилоят метарсониданд. Аз тарафи дигар, ин сохторҳо ба ҳуқуқвайронкуниҳои ҳатто ҷузъитарин дар Бадахшон тобиши сиёсӣ дода ва ба марказ ҳисобот медоданд. Онхо бо чунин “тафсиру таъбир” ягона роҳи дурусти ҳалли мушкилиро пешниҳод мекарданд, то дар Бадахшон “тартибот” ҷорӣ нашавад, дар ин ҷо кор кардан ғайри имкон аст. Бадахшонро мушкилии асосии кишвар муаррифӣ мекарданд. Ин як барномаи бисёр махуфе буд, ки баъдан шоҳиди татбиқи он ва кушта шудании даҳҳо инсонҳои бегуноҳ ҳам дар сафи артиш ва ҳам аз ҳисоби афроди мулкӣ дар шаҳри Хоруғ гардидем.
– Фикр мекунед, ки мардум баъди ин ҳаводис то чи ҳад он бовар ва эътимоди андакеро, ки нисбат ба ҳукумат дошт, ҳифз кардааст ва ё аз даст тамоман додааст?
– Мутаассифона, бо вуҷуди рехтани хуни инсонҳо то кунун низ мақомдорони маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ кам нестанд, ки аз марказ бо исрор ҷорӣ кардани “тартибот”-ро дар Бадахшон талаб доранд. Банда чандин бор бо изҳорот, дар нишастҳои ҳукуматӣ ва ҳамчунин дар рафти ташвиқоти пешазинтихоботиам ҳушдор дода будам, ки то даме, ки мақомоти қудратӣ дар минтақа ва дар маҷмуъ дар Тоҷикистон аз таҷрибаи феълии истифодаи қонун, ки онро ҳамчун воситаи фишор ба дигарандешон истифода мебаранд, амнияти кишвар халалдор хоҳад шуд. Ахиран дар тобистони соли 2012 ва майи соли 2014 дар Хоруғ ва пеш аз ин дар бархе дигар аз манотиқи ҷумҳурӣ (Кӯлоб ва водии Рашт) мо шоҳиди ноамниҳо ва хунрезиҳои артиши шудем. Чунин ҳолатҳо боиси аз даст рафтани эътимод нисбати ҳукумат чи дар марказ ва чи дар маҳал мегардад. Имрӯзҳо сатҳи эътимоди мардуми минтақа нисбати ҳукумат сахт коста шудааст. Дурурст аст, ки пеш аз ҳаводиси солҳои 2012 ва 2014 низ мардум эътимод надоштанд, вале ин ҳаводис ҳамон эътимоди нобударо ҳам аз байн бурд. Агар чораҳои фаврӣ андешида нашаванд, ин ҳолат метавонад дар муносибати мардум бо ҳукумат бӯҳрони тоза пеш оварад. Мо бояд ҳамаи тадбирҳоро бияндешем, то ба ин роҳ надиҳем, вале барои ин мо бояд иродаи қавӣ ва нияти нек дар нисбати ҳамдигар дошта бошем. Мо бояд кӯшиш намоем ҳамдигарро дарк кунем. Набояд талош ба харҷ дод, то тарафи дигарро бо истифода аз қудрат ва зӯр шикаст диҳем, маҳв созем, аз байн барем. Ва пеш аз ҳама мақомоти давлатӣ бояд ташаббуси заруриро дар роҳи ба эътидол овардани вазъ ва мусолеҳаи воқеӣ дар минтақа ва дар кишвар нишон диҳанд. Беҳуда нагуфтаанд, ки
Маёзор мӯре, ки донакаш аст,
Ки ҷон дораду ҷони ширин хуш аст…..
ва ё дар ҷои дигар омада, ки
Мурчагон агар кунанад иттифоқ,
Шери жаёнро бидаронанд пӯст.
-Оё ҳукумат ба бозмондагоне, ки дар ҷанги эълоннашудаи ахир дар Хоруғ дар соли 2012 кушта шуданд, кадом кӯмакҳое мекунад?
– Чи хеле ки ба ҳамагон маълум аст, дар натиҷаи воқеоти ахири солҳои 2012-2014 теъдоди зиёди сокинони Хоруғ дучори талафоти зиёди молӣ ва талафоти ҷуброннашавандаи ҷонӣ шуданд. Илова бар ин тамоми сокинони Бадахшон, чи дар дохил ва чи берун аз кишвар, дучори садамаи сахти руҳӣ шуданд, вале мутаассифона мақомоти давлатӣ ягон намуд омодагии худро барои ҷуброни он нишон надодааст. Таҳқиқи ин ҳодисаҳо аз тарафи мақомоти тафтишотӣ бурда намешавад ва ё яктарафа баррасӣ карда мешавад. Мушкили асосӣ дар ин ҷодаро ман дар вуҷуд надоштани нияти расидан ба ҳақиқати ҳол мебинам. Илова бар ин, мақомот бо ҳар роҳу восита садди роҳи таҳқиқи ин воқеаҳо аз тарафи ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандии чи маҳаллӣ, чи ҷумҳуриявӣ ва чи байналхалқӣ мешавад. Ҳодисаи бо банда ва олими пажуҳишгар Александр Содиқов рухдода ва ба ҷосусӣ муттаҳам шудани Содиқов далели аёни ин гуфтаҳоянд. Ва ин ягона ҳолате нест, ки мақомот дар роҳи баррасӣ ва таҳқиқи беғаразонаи ин воқеот монеа эҷод карда истодааст.
Нисбати воқеаҳои майи соли 2014 бошад, гарчанде комиссиюни муштарак онро таҳқиқкард ва ба натиҷаи лозима ҳам нарасид, аммо имрӯзҳо мо шоҳиди он мегардем, ки ҳар нафареро, ки бо кадом як ҷурме боздошт кунанд, кӯшида истодаанд, ки ширкат дар нооромиҳои моҳи майи соли 2014-ро болояш бор кунанд.
Сабабҳои юриши артиш ба Бадахшон ва пештар ба дигар манотиқи Тоҷикистон хеле жарфтар аз он аст ки мо мепиндорем.. Ба назар чунин мерасад, ки бархе аз намояндагони мақомоти қудратӣ бо кадом мақсаде манфиатдоранд, ки гоҳ-гоҳе дар ин ё он минтақаи кишвар “амалиёти махсус” баргузор шавад (шояд баҳри ҷо кардани ваҳму ҳарос дар мағзи одамон бошад), то ки дар маъракаҳои сиёсӣ сокит бошанд, ҳақталошӣ накунанд ва ба ҳар он чи ки ҳукумат мекунад, бечуну чаро розӣ бишаванд ва ниҳоят бо ин амал ба мардум нишон доданианд, ки агар ҳокимият тағйир ёбад, дар Тоҷикистон боз ҷанг аз нав сар хоҳад зад. Дар чунин ҳолат баҳона пайдо кардан барои расидан ба ин гуна мақсадҳо на он қадар душвор аст.
-Фармондеҳони бадахшӣ, ки гӯиё мусаббаби юриш бурдани артиш ба ин порахоки Тоҷикистон шуданд, дар чи ҳолу вазъанд, Масалан Толиб Айёмбеков, Муҳаммадбоқир ва Ёдгор. Онҳо таҳти чи шарту шароите ба сар мебаранд?
– Нафаронеро, ки Шумо ном бурдед, аз рӯзи ба имзо расидани созишномаи истиқрори сулх ва ризоияти миллӣ силоҳро ба замин гузоштанд. Илова бар ин, дуи онҳо, сараввал Мамадбоқиров Мамадбоқир, то соли 2006 дар неруҳои сарҳадӣ дар ноҳияи Мурғоб, ки иқлими сангинтарин дар кишвар дорад, сарбаландона адои вазифа менамуд ва кам нафаронро метавон номбар кард, ки бар пояи ӯ дар ҷодаи хизмати низомӣ комёб гашта бошанд. Вале баъдан бо сабабҳои номаълум комендатураи тобеи ӯ пароканда карда шуд ва маҳз дар ҳамон минтақае, ки эшон сарҳадро ҳифз менамуданд, баъд аз пароканда шудан қисми калони он ба Чин таслим карда шуд. Шахси дуввум, яъне Аёмбеков Толиб бошад, то воқеахои маълуми тобистони соли 2012 дар қӯшунхои сарҳадии Тоҷикистон адои хизмат менамуд ва обрӯи калонеро дар байни сарҳадбонони вилоят соҳиб шуда буд. Аз фаъолияти ӯ роҳбарияти Неруҳои марзбонӣ дар вилоят розӣ буд. Имрӯз нафарони номбаршуда чун дигар сокинони Бадахшон ба сар мебаранд ва алҳамдулиллоҳ зиндаву саломат ҳастанд.
Дар мавзӯи фишор болои аҳзоби сиёсӣ дар Точикистон ҳаминро мегӯям, ки ҳанӯз аз рӯзи ба имзо расидани созишномаи сулҳ ва ҷорӣ шудани сиёсати бисёрҳизбӣ ин фишорҳо болои аҳзоб, созмон ва афроди дигаранедеш дар саросари кишвар шуруъ шуда буд, ки албатта, Бадахшон низ истисно нест. Дар ибтидо ҳизби демократи Тоҷикистон бо роҳҳову воситаҳои шубҳанок пароканда карда шуд. Ҳамин тавр ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон ҳамин ки бо гурӯҳи аҳзоби мухолиф пайваст, ӯро низ бо роҳи сунъӣ ҳукумат шикаст. Даҳ сол зиёд аст, ки ҳизби ваҳдат наметавонад дар вазорати адлия сабти ном шавад. Соли гузашта барои гузаронидани Анҷумани интихоботии худ ҲСДТ ҷой наёфт. Ҳамаи толорҳоро, ки аз қабл пулашонро пардохт карда ва рӯзи Анҷуманро таъин карда буданд, мақомот бо баҳонаҳои комилан сохтаву бофта бастанд.
Агар дар ибтидо бо ҲНИТ як навъ мунсифона муносибат сурат мегирифт( бахусус дар замони зинда будани Сайид Абдуллоҳи Нурӣ) баъди интихоботи парлумонии соли 2010 ва касби аксарияти рой аз тарафи ин ҳизб, муборизаи шадид алайҳи ҲНИТ шурӯъ шуд. Албатта, дар Бадахшон низ чун дар тамоми Тоҷикистон васоити ахбори ҳукуматӣ на он кадар боэътимоданд аммо дар ин ҷо ҳам ба таври худ ва як компанияи муташаккилона алайҳи ҲНИТ ба роҳ монда шуд. Дар ҳамаи васоити ахбори умум, ки тобеи ҳукуматанд, бо баҳонаву ҳатто бе ягон баҳона, ин ҳизб зери танқиду иттиҳомоти шадид қарор гирифт. Аммо мардум ягон эътиборе ҳам ба ин маводҳои дурӯғин надод ва намедиҳад. Чунин муносибат ба аҳзоби оппозитсиюн ба як стратегияи ҳукумат дар нисбати бисёрандешӣ ва озодандешӣ табдил ёфт.
-Ҳоло алайҳи “муллоҳо” ва ҲНИТ тавассути наворҳои бадномкунанда матолиберо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба намоиш мегузоранд. Назари мардуми Бадахшон ба ин наворҳо ва муҷриёни он чи тавр аст?
– Аксарияти мардум медонанд, ки ин ҳама сиёҳкуниҳо реша дар рақобати носолими сиёсӣ дорад. Зиёда аз ин, мардуми Бадахшон низ шоҳиди чунин сиёҳкуниҳо нисбати дигарандешон чандин бор шудаанд. Дар ибтидо, дар Бадахшон ҲНИТ қариб, ки пароканда шуда, Мамадризоев Сабзалӣ – собиқ раиси он дар воқеоти соли 2012 ба қатл расонида шуд ва раиси дигари он бо иттиҳоми сохта ба мӯҳлати 5 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд. Дар пайи гирдиҳамоии майи соли 2014 алайҳи банда низ дар телевизиони маҳалӣ ва рӯзномаҳои марказӣ маводҳои зиёди сиёҳкунанда бо тӯҳмати бисёр пахш мешуданд. Маълум аст, ки дар чунин вазъияти тоқатфарсо барои аҳзоби сиёсии оппозитсиюнӣ фаъолият кардан ниҳоят мушкил мегардад. Ин падида ва раванди номатлуб ҳар як инсони босавод ва бонангу номусро дар канор гузошта наметавонад ва боиси эҷоди хашму ғазаб мешавад. Магар расонаҳои давлатӣ коре дигар, ба ҷуз аз бадном кардани афроди дигарандешро надоранд? Оё ба худ суол мегузоранд, ки он чи ки анҷом медиҳанд, ба чанд дар сад аз аҳолии вилоят мақбул аст? Иншоаллоҳ ин ҳама рӯзе мерасад, ки саволу ҷавоб ҳам хоҳад дошт. Дунё як ист намеистад. Куҷо рафт Қаззофӣ? Куҷо рафт Бен Алӣ? Куҷо рафт Муборак? Бояд андеша кард!
– Дар пеш интихоботи парлумонӣ дорем. Омодагии ҲСДТ ба ин маърака чи гуна аст?
– Аз нигоҳи банда, интихоботи дар пешистодаи парлумонӣ аз интихоботҳои пешина фарқ нахоҳад кард ва ман мутмаинам, ки ин интихобот назар ба дигар интихоботҳо сохтакоронатар баргузор хоҳад шуд. Дар парлумони оянда шояд се-чор “фраксия”-и ҳизбҳои кисагӣ ва теъдоди муайяани номзадҳои “мустақил” баранда эълон шаванд, чи хеле ки аз баромадҳои ахири Президент маълум мешавад. Аз ҳамин сабаб, банда бар онам, ки ширкати аҳзоби мухолиф дар ҳар намуде бошад дар ин маърака ба ҷуз аз костани обруйи худ чизи дигаре нест. Зеро натиҷаҳои он пешакӣ маълум аст ва аҳзоби оппозисиюн бо ширкати худ онро қонунӣ мегардонанд. Аз ин рӯ ман шахсан то ҳол ба ягон қарор нисбати иштироки худ дар ин интихобот наомадаам. Ман бар онам ки аҳзоби мухолиф бояд ин интихоботро бойкот эълон кунанд ва дар дохили ҳизб пофишорӣ хоҳам кард, вале агар ҳизб бо аксарияти овозҳо ба қарори дигар биёяд, он гоҳ қарори ниҳоии худро эълом хоҳам кард. Интихобот маблағ талаб мекунад. Ду бор ба ҳайси номзад ба вакилии МН ширкат кардаам ва медонам, ки пирӯз шудам, аммо комиссиюн нафари ҳукуматро ғолиб эълон кард. Ҳоло шароит дар ин маврид заррае иваз нашудааст ва боз ҳам он сенария такрор мешавад.
Барои шаффоф гузарондани интихобот дар Тоҷикистон аввалан қонун дар бораи интихобот мувофиқ нест ва сониян ҳизби ҳоким иродаи сиёсӣ надорад, ки ғалаби рақибашро эътироф кунад ва табиист, ки барои гузаронидани интихоботи шаффоф мо хушбин нестем ва вобаста ба имконоти молии ҳизб мо қодир нахоҳем шуд, ки раъйи бадастовардаамонро ҳимоя кунем.
-Дар ҳар сурат шонси пирӯзии ҲСДТ ва худро чи гуна мебинед, зеро шоҳидони ҳол мегӯянд, ки дар интихоботҳои пешина бештари раъйро ин ташаккули сиёсӣ бурда ва шумо низ дар муқоиса бо ҳарифонатон овози асосиро ба даст оварда будед.
– Шонси ба даст овардани ҳадди ақал 40-50 дарсади ройи интихобкунандаро ҳизб дорад, вале ҳимоя кардани ин овозҳоро дар қиболи фишангҳои ҳокимияти маҳаллӣ мо нахоҳем дошт. Аз ин рӯ ширкат дар чунин интихоботе, ки натиҷаи он пешакӣ маълум аст, ба фикри ман боиси паст задани обрӯи ҳизб, масрафи беҳудаи маблағ ва қонунӣ кардани натиҷаи аллакай ба нақшагирифташудаи интихобот дар утоқҳои ҳукуматӣ хоҳад шуд.
Як чизро мо набояд фаромуш кунем. Дар давлатҳои муосири демократӣ қонунияти (легетимности) мақомоти давлатӣ дар навбати аввал аз интихоботи озоду шаффоф бармеояд. Дар чунин давлатҳо ягон асоси дигар барои қонунӣ будани (легетимности) мақомоти давлатӣ вуҷуд дошта наметавонад. Танҳо интихобот машрӯъияти давлатро таъмин мекунад, интихоботе бо ширкати тамоми нерӯҳои сиёсии кишвар, чи мухолиф ва чи ғайримухолиф. Ва дар ин кишварҳо мухолифон низ дар интихобот баранда шуда то интихоботи дигар ва шояд, то интихоботҳои баъдӣ ҳукуматро ташкил ва идора мекунанд. Аммо вақте мардум раъйи мухолиф дод, боз дар сангари мухолифат қарор гирифта, аз пайи ислоҳи камбуд ва норасоиҳои худ мешаванд, то ки дар интихоботи оянда пирӯз шаванд.
Дар чунин давлатҳо-давлатҳои пешрафта тақаллубу қонуншиканиҳо дар интихобот ҷинояти сангин ба хисоб меравад, чун ки он 1) эътимоди шаҳрвандонро дар нисбати мақомоти давлатӣ коста мегардонанд, фаъолияти ин мақомотро фалаҷ месозад ва муносибати шаҳрвандонро нисбати қонун носолим мегардонад; ва 2) он эътибори байналмилалии давлатро паст мезанад. Агар ба қавли тоҷикони Бадахшон “каҷ шинему рост гӯем”, воқеияти ҳоли Тоҷикистони маҳбуби мо ҳамин аст. Ва чун дар мо аҳзоби оппозитсиюнро дар ҳамаи айбу гуноҳҳо мутаҳҳам месозанд, аммо дар ин маврид аз чунин иттиҳом ин аҳзоб мубарроянд, зеро дар интихобот аслан асар надоранд ва аз ин ҷиҳат айбдор кардани онҳоғайриимкон мебошад. Ин аҳзоб аз ширкат дар идораи давлат пурра маҳруманд.
-Муносибати мақомоти Бадахшон ба аҳзоби оппозисиюн аз ҷумла ҲСДТ чи гуна аст?
– Дар Точикистон муносибати мақомот нисбати ҳизбҳои оппозитсиюн ва аз ҷумла нисбати ХСДТ нек набуд ва Бадахшон низ истисно нест. Фишорҳо алайҳи на фақат намояндагони аҳзоби сиёсӣ, балки нафарони ҷудогонаи дигарандеш дар Бадахшон низ ҷорӣ аст. Барои нафаре, ки дар мақомоти давлатӣ ва ҳатто намояндагии созмонҳои байналмилалӣ ва сохибкорӣ кор мекунад, узви ҳизби оппозитсиюн будан оқибатҳои сангин хоҳад дошт.
– Р. Зоиров, раиси ҲСДТ эълон дошт, ки дар сурати парлумонӣ нашудани ҳизб аз курсии раисӣ даст мекашад. Шумо омадаед, ки ин курсиро бигиред?
– Ман қарори раиси ҳизбро эҳтиром мекунам. Албатта ҳизбе, ки худро демократӣ эълом медорад, дар раъси он нафаре наметавонад якумра қарор бигирад, вале нисбати раёсати банда дар ин ҳизб чизе гуфта наметавонам, чун дар ҳизб нафарони арзандатар ба ин мақом кам нестанд ва бо итминон гуфта метавонам, ки ҳизб қодир аст на фақат номзадҳои арзандаро ба ин мақом, балки ба мақомоти баландтарини давлатӣ ҳам пешниҳод кунад.