ё эҳтимол интиқоли гази «қиғизӣ» ба кишвари мо
Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури Қирғизистон дар дидори ахири худ бо Алексей Миллер, раиси ширкати “Газпром”-и Русия гуфт, аз моҳи октябр кишвараш ҳар ҳазор метри мукаъаб газро ба қимати 165 доллар аз Русия харидорӣ мекунад.
Бар асоси изҳороти раисҷумҳурии Қирғизистон дар пайи таваққуфи интиқоли гази Узбакистон ба манотиқи ҷанубии Қирғизистон, пас аз хариди саҳми ширкати гази Қирғизистон аз сӯи Русия, Бишкек ва Маскав ҳамакнун дар бораи таъмини газ барои манотиқи ҷанубии Қирғизистон дар ҳоли гуфтугӯанд. Қарор аст тарҳи лӯлагузории интиқоли гази Русия ба Қирғизистон аз баҳори оянда оғоз шавад. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки ширкати “Газпром” 20 миллиард рубл низ барои тавсеъаи манобеъи гази минтақаи Ӯш ва Ҷалолободи Қирғизистон сармоягузорӣ менамояд. Захоири манобеъи гази Ӯшу Ҷалолобод ҳудуди 2 миллиарду 500 миллион метри мукаъаб тахмин зада мешавад.
Дар ҳамин ҳол, ширкати “Газпром” дар минтақаи Сариқамиши Тоҷикистон, ки ба қавли муҳандисони ин ширкат беш аз 60 миллиард метри мукаъаб захираи газ дорад, ҳоло ҳам пармаи чоҳро барои дарёфти газ идома медиҳад. Ин захираи газро даҳҳо баробар аз захираи гази Узбакистон боло медонанд. Аммо то ҳол кадоме аз ширкатҳои пармакунанда ба истихроҷи газ ноил нашудааст.
Сармоягузории ширкати “Газпром” ба манобеъи энержии андаки Қирғизистон дар шароитест, ки мақомоти Қирғизистон ва мудирони ширкати “Газпром” 10-уми апрел тавофуқномаи интиқоли комили саҳми “Қирғизгаз”-ро ба ин ширкат имзо карданд. Ин тавофуқнома мутобиқ бо мувофиқатномаи ҳукуматҳои ду кишвар барои ҳамкорӣ дар заминаи ҳамлу нақл ва фурӯши газ дар қаламрави Қирғизистон 26 январи соли 2013 дар Маскав тавассути вазирони энержӣ ба имзо расид ва 17-уми феврали соли 2014 ба ҳукми иҷро даромад. Бар асоси ин тавофуқнома тарафи қирғиз 100% саҳми ширкати “Қирғизгаз”-ро ба “Газпром”, ки шомили ҳамаи имконоти ин ширкат аз қабили хати лӯла ва истгоҳҳои интиқолии газ, таъсисоти зеризаминии захирасозии он, замин ва амволи дигар буд, вогузор кард. 100% саҳми ширкати “Қирғизгаз” ба “Газпром” мунтақил шуд, ки арзиши саҳми он як доллар таъриф шудааст.
Қирғизистон низ дар навбати худ ҳақи таъсиси ширкат ҷиҳати воридоти газ ба истеъмолкунандагон, дахолат накардан дар танзими нархҳо зимни интиқоли газ аз тариқи хоки Қирғизистон ба кишварҳои сеюм, ҳамчунин ҳимоят аз сармоягузории “Газпром”-ро дар баробари гирифтани моликияти миллӣ кафолат дод.
Ҳоло имкон дорад, Тоҷикистон аз баҳонаҳои беохири Узбакистон дар мавриди доду гирифти газ халос шавад ва ин муъомиларо бо Қирғизистон ба роҳ монад. Аммо ба гуфтаи коршиносон газе, ки Қирғизистон аз “Газпром” мехарад, гарон аст ва боз барои Тоҷикистон гаронтар хоҳад буд. Бо вуҷуд, Тоҷикистон метавонад аз бӯҳрон ва норасоии газ раҳоӣ ёбад.
Дар гузашта Тоҷикистон солона то 500 миллион метри мукаъаб газ ворид мекард, аммо болоравии нарх ва қарздории муассисаҳову аҳолӣ боис шуд, ки воридоти газ аз ягона содиркунандаи он, Узбакистон қатъ гардад ва музокироти такрорӣ ҳам натиҷа надод. Вале боз ҳам чунин ба назар мерасад, ки воридоти газ аз Қирғизистон барои Тоҷикистон арзонтар меафтад. Чун аз як тараф Узбакистон барои Тоҷикистон барои ҳар метри кубии газ 253 доллар талаб дошт, аммо Русия нархи хешро барои Қирғизистон 224 доллар муқаррар кардааст.
Аз тарафи дигар, вақте Тоҷикистон дар масъалаи содироти барқ ба Қирғизистон гузашт кард, шояд ҷониби қирғиз ҳам барои арзонтар ворид шудани газ гузашт намояд.
Вале боз мушкили дигаре ин ҷо рӯ мезанад, ки хати интиқоли барқ миёни ин кишварҳо мавҷуд нест ва барои сохтани он сармояи зиёд лозим аст. Аз ин рӯ, бархе аз коршиносон роҳи камҳазинаи таъмини газро барои Тоҷикистон ба хати лулаи Туркманистон-Тоҷикистон-Чин вобаста медонанд, ки бо сармоягузории Чин ва Туркманистон анҷом мешавад. Чин ваъда додааст, ки ба хотири интиқоли хат аз қаламрави Тоҷикистон ба кишвари мо газ хоҳад дод.
Ёдрас мешавем, ки интиқоли газ аз Узбакистон ба Тоҷикистон соли 2012 қатъ гардид. Гуфтушунид дар солҳои 2012, 2013 ва 2014 кадом натиҷае ба бор наоварданд. Ҳамакнун Қирғизистон худро ногузир аз хариди гази ширкате дидааст, ки пештар ҳамаи саҳми худро дар заминаи саноъати миллии энержии худ ба он вогузор карда буд. Ба ибораи дигар, агарчӣ гуфта мешавад, талоши Бишкек барои имзои тавофуқномаи хариди газ аз Русия бо ҳадафи халосӣ аз вобастагӣ ба воридоти гази Узбакистон ҳаст, аммо дар маҷмуъ тавофуқ байни мақомоти қирғиз ва ширкати “Газпром” онро тағйир дод, бахусус баъд аз моҳи апрел амалан вобастагии ин кишвар аз манобеъи энержии гази Узбакистон аз байн рафт, бидуни ин ки воқеъан Бишкек барномае дар заминаи худкифоии энержӣ дошта бошад.
Тавре гуфта мешавад, раисиҷумҳурии Қирғизистон барои коҳиши эътирозот ногузир ба равиши танзими қарордоди энержӣ бо Русия розӣ шуд, ки тарофаи гази мавриди ниёзи манотиқи шимолро ба ҳамон нархе таъйин кунад, ки аз Русия харидорӣ менамояд. Яъне ба гуфтаи Алмосбек Отамбоев, арзиши истеъмолии газ барои ниёзмандони манотиқи шимолии Қирғизистон аз ибтидои октябр дар баробари ҳар 1000 метри мукаъаб аз 224 доллар ба 165 доллар, тақрибан 1,5 баробар коҳиш хоҳад ёфт. Ин ҳамон нархест, ки Бишкек барои хариди газ аз Русия ба “Газпром” мепардозад.
Чунин ба назар мерасад, ки тавофуқот ва қарордоди мазкур ба хотири таъмини манофеъи миллии Қирғизистон гирифта шудааст, вале ба истиқлол ва манофеъи миллии ин кишвар, ҳатто дар кӯтоҳмуддат ҳам созгор нест.
Шуҳрат Набиев
Categories
ҶОМЕА