Алғанушӣ: “Ҳизби “Наҳзат” бар ҳукумат боқӣ мемонад”

Рошид Алғанушӣ, раиси ҳизби исломхоҳи “Наҳзат”, зимни тарҳи пешниҳоди ташкили ҳукумати эътилофии миллӣ дар Тунис бар бақои ин ҳизб то замони ҳимоят ва пуштибонии миллат таъкид кард.

Ба гузориши “Исломулявм”, Рошид Алғанушӣ тайи суханоне, ки дар ҷамъи даҳҳо ҳазор нафарии ҳомиёни ҳизби “Наҳзат” эрод мекард, бар лузуми бақои ин ҳизб бар ҳукумати Тунис таъкид кард ва гуфт, ки ҳеҷ далеле мабнӣ бар адами машруъияти интихоботе, ки ҳизби “Наҳзат” – ро дар раъси ҳукумати Тунис қарор дода вуҷуд надорад.

Вай ҳамчунин таъкид карда, ки бо вуҷуди ҳушдорҳо, тавтиаҳо ва ҳиллае, ки бо ҳадафи бозгашти Тунис ба замони гузашта анҷом мегирад, ҳизби “Наҳзат” ба ҳеҷ ваҷҳ аз ҳокимият дар ин кишвар канор нахоҳад рафт.

Алғанушӣ ҳизби “Наҳзат” – ро сутуни фуқаро ва нигоҳдорандаи Тунис тавсиф карда ва хотирнишон кард, ки фурупошии ин ҳизб ба салоҳи кишвар нест, балки ваҳдати миллӣ ва амнияти Тунисро ба мухотира меандозад.

More From Author

You May Also Like