Categories Uncategorized

Амалиёти “Анти-наҳзат” дар макотиби олӣ

Дар бархе аз макотиби олии Тоҷикистон ба бархе аз устодон ва кормандон бо иттиҳоми узви Ҳизби наҳзати исломӣ будан ва иштирок дар маҳфилҳои ин ҳизб фишор меоранд.

Як устоди Донишкадаи Н-и пойтахт (номи шартӣ), ки нахост номаш алҳол ошкор шавад, ба Тоҷнюс, гуфт: “Роҳбарияти донишкада аз ман хост то бо аризаи худам аз кор равам. Вақте сабаб пурсидам, гуфтанд, ки ту узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳастӣ. Гуфтам, ки ин нодуруст аст, узви ягон ҳизб нестам. Ректори донишгоҳ гуфт, ки ба мо ин маълумотро Кумитаи давлатии амнияти миллӣ пешниҳод кардааст, наход Кумитаи амнияти миллӣ тӯҳмат кунад…”

Ин мусоҳиби мо мегӯяд, “ман ҳатто боре ба  қароргоҳи ҲНИТ нарафтаам ва намедонам он дар куҷо аст? Дар маҳфилҳои онҳо низ иштирок накардаам. Вале намефаҳмам, ки кӣ ва бо кадом далел ба узвияти одамон ба ин ё он ҳизб монеъа эҷод мекунад? Оё аъзои Ҳизби халқии демократӣ низ барои мансубияти ҳизбӣ аз кор пеш карда мешаванд? Ё Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба онҳо кор надорад? Ин “амалиёти антинаҳзат” ба фоидаи кист?…Сангин аст ин ҳолат бароям, ростӣ. …Дар ҳоли ҳозир, намедонам чӣ кор кунам. Акнун, ки шумо омадед, ин сӯҳбатро мекунаму намедонам чӣ оқибате дорад ин барои ман ва дигарон”.

Ин сӯҳбат дар ҳоле баргузор шуд, ки тибқи иттилои ғайрирасмӣ дар Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон низ чанд нафар аз омӯзгоронро барои иштирок дар маҳфилҳои ҲНИТ аз вазифаҳои роҳбарӣ сабукдуш карданд. Аммо ҳоло аз кор рафтан ё мондани онҳо мушаххас нест. Мо ба чанде аз онҳо дар тамос шудем, вале онҳо нахостанд то рушан шудани қазия суҳбати раоснаӣ дошта бошанд.

Аммо як тан аз онҳо розӣ шуд, иттилоъ диҳад, ки Муҳамадҷон Олимов, декани факултаи забонҳои шарқи Донишкадаи мазкурро  маҳз барои он ки дар маҳфилҳои ҲНИТ иштирок кардааст, аз кор гирифтанд.

Талошҳои мо таъиди расмии ин иттилоъ натиҷа надод. Ректори донишкадаи мазкур Хуршед Зиёев дастнорас буд.

Бояд гуфт, ки фишор сари иштирокдорони маҳфилҳои гуногунии ҲНИТ ҳанӯз аз тирамоҳи соли сипаришуда оғоз шудааст.

Якшанбеи аввали моҳи октябри соли гузашта, ҲНИТ маҳфиле бахшида ба Рӯзи муаллимон доир кард ва дар он бархе аз устодони донишгоҳҳо аз ҷумла Урватулло Тоиров, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, таърихшинос Абдулҳай Маҳмадаминов ва чанде дигарон дар бораи маориф ва таълим сӯҳбат карда буданд. Баъди ин маҳфил роҳбарияти ДМТ аз онҳо баёнот гирифтааст, ки хилофи қонунгузории Тоҷикистон аст.

Дар вазорати маорифи Тоҷикистон аз ин раванд изҳори беиттилоӣ карда, моро мутмаин сохтанд, ки дар кутоҳтарин муддат ин иттилоотро месанҷанд.

Мавриди зикр аст, ки ҲНИТ дар солҳои ахир маҳфилҳои фарҳангиву адабии зиёд доир мекунад, ки ширкат дар онҳо озод аст. Ҳамзамон ҳар моҳ вохӯрии Муҳиддин Кабирӣ роҳбари ин ҳизб бо ҷавонон доир мешавад, ки мавзӯи сӯҳбатҳои онҳо пешакӣ эълон мешаванд.

“TojNews”

More From Author

You May Also Like