Categories ҶОМЕА

Амрико алайҳи Фаластин раъй медиҳад

Вазорати умури хориҷаи Амрико ба таври расмӣ эълон намуда, ки бо устувор гардидани ҷойгоҳи Фаластин дар Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси узви нозир мухолиф мебошад.

Бино ба гузориши хабаргузории «Форс», Виктория Ноланд, сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико зимни як нишасти хабарӣ таъкид намуда, ки Вашингтон ҳангоми раъйгирӣ барои мақоми ояндаи Фаластин дар СММ раъйи манфӣ хоҳад дод.

Номбурда афзудааст: «Мо бар ин боварем, ки ин пешниҳод қобили қабул нест ва ба сурати комил бо он мухолиф мебошем».

Ин дар ҳолест, ки чанде қабл мақомоти британӣ эълон намуда буданд, ки аз раъй додан дар ин раъйгирӣ худдорӣ хоҳанд кард.

Маврид ба ёдоварист, ки 29- ноябр бо дархости мақомоти фаластинӣ дар Маҷмаи асосии СММ роҷеъ ба мақоми ояндаи Фаластин райдиҳӣ сурат хоҳад гирифт.

More From Author

You May Also Like