Categories ҶОМЕА

Бо иттиҳоми куштор дастгир шудани як сокини Исфара

Кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ – 2 дар шаҳри Исфара як сокини ин ноҳияро ба иттиҳоми куштор боздошт кардаанд.

ВКД мегӯяд, шуъбаи дуввуми ВКД дар ин ноҳия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Бобобеков Умеди 43 сола ро бо гумони қасдан расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ дастгир намудааст.

“Номбурда, дар бошишгоҳи бригадаи №11-и Корхони истеҳсолии хоҷагии деҳконии «Ворух», бо шаҳрванд Турдиев Суҳроби 40 – сола, истиқоматкунандаи ноҳияи Исфара, муноқиша намуда бо сатили обгирӣ ба сари Турдиев яу маротиба задааст. Дар натиҷа, шаҳрванд Турдиев ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардида, як рӯз пас ба ҳалокат расидааст.” – мегӯяд манбаъ.

Нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.

More From Author

You May Also Like