Categories Uncategorized

Ангела Меркел хатнаро рухсат дод!

Ҳукумати Олмон ба мусалмонон ва яҳудиҳо рухсат дод, ки хатнаи фарзандонашонро идома диҳанд.

Ин фармон дар замоне содир шуд, ки як суди вилоятии ин кишвар хатнаро, ҳамчун амали ба ҷисми инсон зараровар маънидод ва манъ кард. Сабаби чунин қарори суд он буда, ки хатнаи писарчаи чорсола барои саломатиаш мушкилӣ овардааст. Ин ҳукми суди минтақавиро гурӯҳҳои мусалмонон ва яҳудиҳо маҳкум карданд.

Пас аз ин воқеа Созмони ходимони тибби Олмон ба духтурон тавсия додааст, ки аз иҷрои хатна худдорӣ кунанд.

Ғайричашмдошт якчанд созмонҳои динии мусалмонон ва яҳудиён изҳороти якҷоя нашр ва таъкид карданд, ки ҳуқуқи динии онҳо қасдан ва ошкоро поймол шуда истодааст.

Ҳатто як назарсанҷие ҳам гузарониданд ва аксари олмониҳо дар он пурсиш гуфтанд, ки беҳтараш духтурон аз хатна худдорӣ кунанд.

Стеффен Сейберт, сухангӯи Ангела Меркел, канслери Олмон гуфт: «Хатна бояд бо масъулият гузаронида шавад ва боиси муҷозот нагардад. Ӯ боз таъкид кард, ки ҳар як намояндаи ҳукумат ба он ақида аст, ки мусалмонон ва яҳудиҳои кишвар ба он тарзе, ки динашон тақозо мекунад, ба ҳамон равия

фаъолият намоянд ва ҷойе барои баҳс нест. Ҳуқуқи мардуми диндори мусалмон ва яҳудӣ маҳдуд намешавад.»

Ногуфта намонад, ки солона даҳҳо ҳазор мусалмонон ва яҳудиҳо дар Олмон фарзандонашонро хатна мекунанд.



Депутатҳо худро хатна карданд!


Абдулатифи Ҳаммод

nahzat.tj

Бар асари қарори додгоҳи шаҳри Колонияи Олмон, барои манъи хатна кардани кӯдакони ширхӯр, диндорони ин кишвар, мусалмонҳо ва яҳудиҳо бо ҳам муттаҳид шуданд, зеро ин қарорро таҳдид барои озодии динии худ донистанд.

Моҳи гузашта додгоҳи шаҳри Колония қароре баровард, ки хатна кардани кӯдакони ширхӯр манъ карда шавад.

Ин қарор баъд аз шикояти як духтур қабул карда шуд, ки ӯ аз хунравии як кӯдаки мусалмон баъд аз хатна кардан шикоят кардааст.

Ин қарор хатнаро ба кулли мамнуъ накарда аст, балки аз падарон ва модарон хоҳиш дорад, ки то калон шудани тифлон интизор бошанд ва то ҳол дар манотиқе, ки ба ин додгоҳ махсус мебошанд, ин қарор амалӣ карда шуда аст.

Дар Олмон 4 миллион мусалмон ва 120 ҳазор яҳудӣ, зиндагӣ мекунанд ва аксари мусалмонҳои ин кишвар аз аслан турк мебошанд.

Дар кишваре, ки бисёриҳо онро муттаҳам ба нажодпарастӣ мекунанд, хусусан алайҳи яҳудиёни ин кишвар бо сабаби қатли оми онҳо дар ҷанги дувуми ҷаҳон, аксари сиёсатмадорон ин ҳукмро маҳкум кардаанд, аз ҷумла, вазири хориҷаи ин кишвар.

Пешвоёни дини Ислом ва Яҳудиён, бо масъулини парлумони Аврупо дар шаҳри Броксил бо ҳам ҷамъ омада, аз ин қарор шикоят карда гуфтаанд, ки ин иҳонат ба ҳуқуқи асосии динӣ ва инсонии мо мебошад.

Яке аз пешвоёни дини яҳудӣ мегуяд, ин мамнуъият барои вуҷуди яҳудиён дар Олмон хатар эҷод мекунад ва ин яке аз силсилакирдорҳои аврупоӣ алайҳи диндорони ғайримасеҳӣ мебошад, ки баъд аз манъи ҳиҷоб дар Фаронса ва Белгия ва манъ кардани сохти манораҳои тарзи исломӣ дар Шветсария ва кӯшишҳои зиёди кишвари Ҳолланд барои манъи гушти ҳалол, ҳоло навбат ба манъ кардани хатна расидааст.

Ҳизби сабзи мухолиф дар ин кишвар ваъда дода аст, ки барои ҳифзи ҳуқуқи динии мусалмонҳо ва яҳудиҳо кӯшиш хоҳад кард, то қарору қонунҳое, ки

озодии онҳоро замонат медиҳад ба тасвиб бирасонанд.

Аз ҷониби дигар раиси анҷумани пизишкии Олмон, Франк Улирих мегӯяд: «Манъ кардани хатна хатарро бештар мегардонад, чунки дар ин ҳолат, хатна зери шароити номусоъид ба дасти ашхоси ғайри мутахассис анҷом дода мешавад.»

Таҳқиқоти Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки хатна кардан метавонад хатари мубтало шудан ба маризии СПИД-ро коҳиш бидиҳад, дар як гузориши дигари ин созмон овардаанд, ки хатна кардан гирифторӣ ба ин бемориро 60% коҳиш медиҳад.

Аз ин лиҳоз хотири ҷилавгирӣ аз ин маризӣ, дар кишвари Зимбабве 44 намояндаи парлумон дар моҳи июни соли ҷорӣ худро хатна кардаанд.

More From Author

You May Also Like