nahzat.tj
1. Наворҳо (Суханронии М. Кабирӣ, Мавзуна Чориева, Расул Боқиев, Нарзулло Латипов ва ғайра)
2. Аксҳо (129 адад акс аз мароҳили мухталифи маҳфили ҷоизасупорӣ)
3. Сабтҳои овозӣ (Суханронии М. Кабирӣ, Мавзуна Чориева, Расул Боқиев, Нарзулло Латипов ва ғайра)
Матни суханрониеро, ки устод Муҳиддин Кабирӣ дар маҳфили ҷоизасупории варзишгарони тоҷик, ки имрӯз 24 августи 2012 дар толори бузурги қароргоҳи марказии ҲНИТ баргузор гардида буд, тақдим менамоем.
Матни суҳбати устод Муҳиддин Кабирӣ
«Ҳамду сано мар Худоро ва дуруд бар Расули Ӯ, Муҳаммад (саллалоҳу алайҳи ва саллам) паёмбаре, ки гуфтанд: «Муъмин ё мусалмони қавӣ нисбат ба муъмини заъиф ба Худованд наздиктар аст.»
Дуруду паём ба Шумо, варзишгарон ва мураббиёни азиз. Мехостам ба мураббиёне, ки дар ин ҷо нишастаанд, таъкид кунам. Ба ҳама касоне, ки ба варзиш алоқаманданд ва рабт доранд ва меҳмони мо гаштанд, хайри мақдам мегӯем.
Воқеан барои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон имрӯз рӯзи фахр аст, ки дар хидмати варзишгарон ва онҳое, ки дар хидмати варзиш ҳастанд, ҳастем. Мо дар хидмати онҳое ҳастем, ки онҳо дар хидмати ин миллатанд, зеро варзишгарон ва мураббиёни мо дар хидмати ин миллату ин кишвар ҳастанд.
Ин ҷо дӯстони азиз бисёр суханҳои самимӣ карданд ва тақрибан як қисме аз сӯҳбатҳои банда ҳам карда шуд. Намехоҳам тӯлонӣ ва такрорӣ суҳбат кунам.
Дар баробари хайрамақдами муҷаддад аз ҳамаи варзишгарон ва миннатдории раҳбарият ва аъзои ҳизб, мехостам чанд нуктаро хидмати Шумо, дӯстон, бахусус масъулини соҳаи варзиш таъкид кунам.
Варзиш барои миллат ва кишвари мо ҷойгоҳи хос дорад. Ин миллат ва ин кишвар бо ин ҳама буҷаи кам дар соҳаи варзиш 16 варзишгар дар олимпиадаи «Лондон – 2012» дошт ва медал ҳам овард. Шумо биравед суроғи кишварҳо ва миллатҳои дигар, ки буҷаи варзишиашон даҳҳо маротиба аз буҷаи варзишии Тоҷикистон зиёд буд, вале як медал ҳам наоварданд.
Сабаб дар чист? Сабаб дар он аст, ки ин миллат миллати варзишӣ аст. Агар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, федератсияҳо ва аҳзоби сиёсӣ як тин ҳам сарф накунанд, ин миллат иштирокчии олимпиада хоҳад шуд.
Чун варзиш ҷузъи ҳаёти фардии ҳар як инсон, бахусус мо, тоҷикон аст. Ҳар миллате, ки дар тӯли таърих азият кашид, маҳрум буд ва бо душвориҳо ҷон ба саломат бурд, аввалин чизе, ки барои ҳифзи ҷонаш ниёз дорад, ин варзиш аст.
Миллати тоҷик чаро ба кӯҳистон омад? Барои он ки ба кӯҳистон ҷон ба саломат бибарад, нирӯ лозим буд, яъне мехост ё намехост, бояд варзиш мекард. Ин аст, ки миллати мо бо варзиш ҳамроҳ аст ва ҳамроҳ хоҳад буд.
Агар ҳукумат, парлумон, ҳизбҳои сиёсӣ ва сармоядорон кӯмак карданд, шумораи иштирокчиён ва соҳибҷоизаҳои мо бештар хоҳанд шуд. Вале мутамаин ҳастам, ки ягон олимпиадаи оянда бе иштирокчиёни мо нахоҳад буд. Албатта, ҳар кишвар квота дорад, ки як ё ду нафар ширкат меварзад. Вале онҳое, ки воқеан бо заҳматҳояшон талош мекунанду соҳиби роҳхат мегарданд, ҳатман аз байни варзишгарони тоҷик хоҳанд буд. Шумо фикр накунед, ки як варзишгар як моҳ пеш аз олимпиада соҳиби роҳхат мешавад, балки варзишгар бояд солҳои тулонӣ хол бигирад, то соҳиби роҳхат шавад.
Масъалаи дигар ин аст, ки чаро ҲНИТ ин ҷоизаҳоро эълон кард? Зиёд ба ман занг мезананд ва менависанд. Баъзеҳо миннатдорӣ мекунанд, баъзеҳо танқид мекунанд ва баъзеҳо ҳатто дағал мегӯянд, ки чаро ин корро мекунем. Танқидҳо аз ҳар тараф; чи аз худиҳо ва чи аз касоне, ки берун аз ҳизб ҳастанд.
Бародарону хоҳарони азиз!
Ин толор ҳама навъ қишрҳоро пазироӣ кардааст. Мо дар ин толор аввалин шуда, қориёни Қуръонро даъват кардем. Аввалин мусобиқаи қуръонии саросарии кишвар дар ҳамин толор анҷом шудааст.
Мо ин равандро шурӯъ кардем, баъдан, ки алҳамдулиллоҳ вақте миллат фаҳмид, ки озмуни қориёни Қуръон чист, дигарон пайвастанд. Имрӯз ҳам ҳукумат ва ҳам масъулини соҳаи дин аз мо беҳтар озмунҳо анҷом дода истодаанд.
Шарт нест, ки ҲНИТ ин корро такрор кунад. Мо ин суннати ҳасанаро оғоз кардем, дигарҳо давом дода истодаанд ва аз мо ҳам беҳтар. Алҳамдулиллоҳ, ки савобаш ба мо ҳам хоҳад расид.
Ин толор пазироии ҳунармандони мо, аз ҷумла, ҳаҷвнигорони моро пазироӣ кардааст. Чӣ бадӣ дорад, ки ин толор варзишгаронро пазироӣ намояд? Фардо ман мутмаинам, ки намояндагони дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятии мо дар ин толор меҳмон хоҳанд буд.
ҲНИТ як ҳизби сиёсӣ ба маънои классикӣ нест, балки як ниҳоди мардумӣ фаротар аз як ҳизб аст. Ин ҳизб ниҳод ва ҷамъиятест, ки ҷузъе аз ин миллат буда, бо ғаму шодӣ ва ханда ва намозу ибодати мардум ва бо иқтисодиёту иҷтимоиёташ шарик аст.
Бинобар ин, ҳар касе эрод мегирад, ки ҲНИТ ин маблағҳоро аз куҷо пайдо мекунад? Чаро ба варзишгарон ва ё санъаткорон медиҳад? Бидонанд, ки ин ҳизб дар ҳама ҳолат дастгири мардум аст. Иншоаллоҳ, агар мо даъват кунем, ки бародарону хоҳарон ва аъзову ҷонибдорони ҳизб ва мардуми хайрхоҳ ба ин ё он соҳа мадад расонанд, Шумо мебинед, ки дар давоми як ҳафта ин маблағҳо ҷамъоварӣ хоҳанд шуд.
Вақте ки раҳбарияти кишвар барои харидории саҳмияҳои Роғун даъват кард, фақат аз буҷаи марказии ҳизб дар маблағи 100 ҳазор сомон ва дар маҷмӯъ аз аъзои ҳизб як миллион сомон саҳмияи Роғун харидорӣ шуд, зеро Роғун як маъракаи миллӣ буд. Осебдидагон дар ҳар ҷое, ки буданд, ҲНИТ дасти кумак дароз кард. Ҳатто ҳамин ҳодисаи нохуше, ки дар Хоруғ ҳам шуд, фақат дар давоми чанд рӯз бародарону хоҳарони мо тавонистанд, як маблағе, ки хоксорона буд, ба он ҷо бифиристанд.
Давом дорад…