Масъулини шуъбаи Навоҳии тобеъи марказ барои интихобот омодагӣ мебинанд.
Дар ин бора имрӯз 27 март дар ҷаласаи моҳонаи шуъбаи ноҳияҳои тобеи марказ, ки таҳти роҳбарии Ҷалолиддини Маҳмуд, раиси бахши мазкур дар қароргоҳи марказии ҲНИТ баргузор гардид, гуфта шуд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки бо вуҷуди ҳама он монеъҳои мавҷуда алайҳи ҲНИТ, шуъба корҳои омодагӣ ба интихоботро бо суръат дар тамоми чаҳордаҳ бахши навоҳии марказ идома дода истодааст.
Раҳматуллоҳи Раҷаб, раиси шуъбаи интихоботи ҲНИТ гуфт, ки барномаи ситоди омодагӣ ба интихобот, ки ҳоло омода шудааст бояд ба ҳама масъулин дода шавад, чунки дар ин барнома тамоми масоили интихоботӣ дарҷ ёфтааст.
Ба гуфтаи Раҳматуллоҳи Раҷаб, омӯзишҳои навбтӣ ба аъзову нозир ва гурӯҳҳои таблиғӣ дар назар аст, ки рӯзҳои наздик баргузор гардад.
Дар ҷаласа барои ҳамаи бахшҳои НТМ маводи тақсимашаванда дар бораи таҳия барномаи стротегӣ ва тактикии маъракаи қабл аз интихоботӣ, умури ташкилии маъракаи интихоботӣ, омодагӣ бар рӯзи интихобот ва вазифаҳои аъзову нозири участкаи интихоботӣ таҳия ва тақсим карда шуд.
Дар ҷаласаи мазкур масъулони шуъба аз камбудӣ ва пешрафти фаъолияти худ дар навоҳӣ гузориш доданд.
Аз суханронии Ҷалолиддини Маҳмуд маълум гардид, ки дар фаъолияти ҳизб дар бахшҳои ноҳияҳои Ваҳдат, Рӯдакӣ, Рашт, Турсунзода, фаъолияти назаррас ба чашм мерасид. Дар бахшҳои Норак, Ҷиргатол, Варзоб фаъолият тақвият мехоҳад.
Мирзошариф Худойназаров, муовини раиси шуъбаи НТМ гуфт, ки дар давоми моҳ бо ҳамаи масъулини навоҳии НТМ телефонӣ дар тамос шуда, аз ҳолу фаъолияти онҳо бо хабар мешавад ва ба ситоди марказ мерасонад.
Ба гуфтаи Мирзошариф Худойназаров узвият ба сафи ҳизб ҷараён дошта, аъзоҳаққӣ ва хайрияҳо ба ҳизб супорида мешавад.