Хабарнигори сомонаи «Наҳзат» сӯҳбате дошт бо бародар Абдуллоҳ Оқилзода, яке аз ширкадорони нишасти илмӣ-таҳқиқотие, ки ҳар сол зери номи «Робитаи шогирдони Қарзовӣ» дар Қатар баргузор мегардад ва ба унвони суоли аввал аз ишон пурсида шуд, ки ҳадаф аз баргузории нишасти имсола чист?
– Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон!
Қаблан аз Аллоҳ таоло ниҳоят сипосгузорам, ки манро барои ширкат дар чунин як нишасти илмӣ-таҳқиқотие, ки ҳамасола зери номи “Робитаи шогирдони Қарзовӣ” доир мегардад, лоиқ донист. Қобили зикр ҳам ҳаст, ки сахмгузори асосии ширкати банда дар ин нишаст роҳбари ҲНИТ, устоди муҳтарам Муҳиддин Кабирӣ мебошад. Маҳз бо пешниҳоди ишон мақолаи илмиеро ба ҳайати тадорукоти ин нишаст пешниҳод намудам ва баъд аз баррасии мақола манро барои ширкат даъват намуданд.
Аммо ҳадаф аз баргузории ин нишаст, тавре дар “паёмнома”-и он қайд гаштааст, атрофи чор нуқтаи зерин хулоса мешавад:
а) Аз наздик ошно гаштан бо имом Карзовӣ ва бе восита касби илм аз ишон;
б) Мутмаин гаштани устод, ки шогирдон равиши роҳи ишонро дуруст дарк карда бошанд;
в) Талош барои идома ёфтани равиши хоси шайх Қарзовӣ ва қатъ нагаштани он;
г) Ба вуҷуд овардани улфату бародарӣ миёни шогирдон ва пажуҳишгарони афкори шайх Қарзовӣ.
– Аз чӣ кишварҳое дар ин нишаст донишмандону муҳаққикон ширкат доштанд?
– Намояндагон тақрибан аз аксари кишварҳо ширкат доштанд, аз ҷумла Ҳиндустону Покистон, Афғонистону Ирон, Судону Сумолӣ, Туркиёву Миср, Тунису Суриё, Индонезиёву Молойзиё, Марокашу Укроин, Бритониёву ИМА ва дигарҳо. Агарчӣ аксарияти ширкаткунандагон таҳти унвони шогирдони шайх Қарзовӣ ҳозир гардиданд, вале тавре худи устод гуфт: “Вақте мо шогирдони Қарзовӣ мегуем, ин маънои онро надорад, ки ҳозирин толибилмони оддиянд, балки онҳо устоду донишмандонанд. Ман дар ин нишастҳо аз онҳо дарс мегирам”.
Вале мутаассифона, аз Осиёи Марказӣ касе ҷуз банда ҳузӯр надошт.
– Шумо ҳамчун пажуҳишгар дар кадом бахш аз осори шайх Қарзовӣ таҳқиқот анҷом додаед ва дар чӣ мавзуъе суханронӣ доштед?
– Устод Қарзовӣ бо шоҳидии донишмандони забардасти олами Ислом ҳамчун неъмати илоҳӣ дар асри ҳозир шинохта мешавад. Ҳаёти илмии ишон паҳлуҳои зиёдеро шомил мебошад, Қарзовии фақеҳу даъватгар, муборизу сиёсатмадор, муфассир ва донишманди соҳаи ҳадису усул, адибу шоир ва ғайра.
Тавре дар боло ишора рафт, ҳамасола яке аз паҳлуҳои илмии ин шахсият зери мавзӯъе мавриди таҳқиқот қарор мегирад. Нишасти имсола ҳам “Роҳу равиши таблиғотии имом Қарзовӣ” ном дошт.
Дар маҷмуъ ҳудуди 40 баҳси илмӣ дар ин бобат аз ҷониби донишмандон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Банда бо хоҳиши масъулини нишасти илмӣ-таҳқиқотии “Робитаи шогирдони Қарзовӣ” мақолаеро таҳти унвони “Нақши Қарзовӣ дар нашри эътидолгароӣ ва миёнаравӣ” матраҳ сохтам, ки чунин бахшҳоро дарбар дошт:
– Муқаддима.
– Бахши аввал, Маънои эътидол ва миёнаравӣ дар чорчуби луғат, маънои эътидол дар доираи истилоҳи илмӣ ва ҳақиқати ин мафҳум дар осори шайх Қарзовӣ.
– Бахши дувум, шайх Қарзовӣ ва татбиқ мафҳуми эътидол дар осори ишон,
Аввалан, дар масоили эътиқодӣ, яъне баҳси асмову сифоти хабарӣ ва баҳси каромоти авлиё.
Дувум, дар масоили фиқҳӣ, яъне ҳукми мусиқӣ миёни муташаддидон ва саҳлангорҳо, ниқоби зан миёни фарзият ва бидъат, пайравӣ аз мазҳаб миёни инкор ва воҷиб донистани он
Савум, дар масоили сиёсӣ, яъне мафҳуми “демократия”, инкори мутлақ ва пазириши мутлақи он.
– Бахши савум, шайх Қарзовӣ ва талошҳои илмии ӯ дар нашри эътидолгароӣ ва миёнаравӣ.
Ва дар ниҳоят хотима
– Эътидол ва миёнаравӣ дар андешаи Қарзовӣ чӣ ҷойгоҳе дорад?
Эътидол ва миёнаравӣ яке аз асоситарин нишона ва асоси даъвати устод Қарзовӣ ба ҳисоб меравад. Номбурда мафҳуми эътидолро дар даҳҳо таълифоти худ шарҳу тавзеҳ дода, таъкид мекунад, ки миёнаравӣ моҳияти аслии Ислом аст. Шайх Қарзовӣ тамоми масоилро зери заррабини миёнаравӣ қарор дода, аз ҳамин дидгоҳ баҳогузорӣ менамояд. Тамоми аҳли дониш ва шахсиятҳои мунсиф иттифоқи назар доранд, ки устод Қарзовӣ дар қарни 20- 21 яке аз пешсафон ва парчамбардорони роҳи эътидол ва миёнаравӣ ба ҳисоб рафта, ҳатто дар ин роҳ ба мақоми имомат расидааст.
Мафҳуми эътидол назди устод Қарзовӣ ба маънои риояи тавозун дар ҳама масоил мебошад. Набояд ҳеҷ масъала аз маҳдудаи маънии худ ҷои бештарро соҳиб гардад. Баъзеҳо мафҳуми эътидолро танҳо дар доираи масоили фиқҳӣ маҳдуд медонанд, вале устод Қарзовӣ онро сифати асосӣ ва моҳияти Ислом дар тамоми масоили сиёсиву эътиқодӣ, ахлоқиву иҷтимоъӣ, фарҳангиву фикрӣ ва ғайра медонанд. Вале нуктаеро бояд қайд кард, маънои эътидол аз нигохи доктор Қарзовӣ ин нест, ки дар мавориди лозимӣ сукут ихтиёр шавад, балки эътидол аз таълимоти Қуръону Суннат ва ҳаёти мубораки Паёмбар (с) сарчашма мегирад. Масалан Расули Худо (с) дар мавриди лозим хашмгин мешуданд ва боз ҳам дар мавриди лозим аз сабр кор мегирифтанд. Шайх Қарзовӣ бо пайравӣ аз Паёмбар (с) дар куллиёти шаръӣ сахтгир буда, дар чузъиёти он аз равиши миёнаравӣ ва эътидол кор мегиранд.
Имрӯзҳо мавзеъгириҳои сиёсии Шайх дар баробари ҳокимони золим ва худкомаи олами Ислом ба ҳама равшан аст, ҳамин аст, ки баъзеҳо ишонро тундрав гуфта, бо ину он муттаҳам карданианд. Дар яке аз ҷаласҳои ҳамин нишаст ишон гуфтанд: “Равиши мо дар таомул бо ҳокимон бар асоси адолат сурат мегирад ва ҳеҷ гоҳ бо ҳеҷ нафаре адовати шахсӣ надорем. Вақте як миллат озодӣ ва аз зери завлонаи зулму ситам берун шудан мехоҳад, чаро дар канори онҳо набошем!? Ҳокимони имрӯза (ишора ба ҳокимони кишвархои арабист) хиёнаткору маккор, золиму худкома буда, нисбати мардуми худ хиёнат мекунанд”.
Пас чунин мавқеъгирии ишон набояд ба маънои тундравӣ шинохта шавад, балки сари хешро хам накардани як донишманд пеши ину он золим айни миёнаравӣ ва эътидол дониста мешавад.
– Оё дар нишасти феълӣ баёния, муроҷиатнома ва ё санади хоссе қабул шуд?
Нишасти “Роҳу равиши таблиғотии имом Қарзовӣ” ҳоло идома дорад ва шояд дар хотима чунин як санад ё муроҷиатномае пешниҳод ва қабул гардад.
– Шайх Қарзовӣ дар бораи ин нишаст чӣ назар дорад?
Назари ишон дар нисбати ин нишасти илмӣ нек аст. Воқеан, ҷои тааҷҷуб ҳам ҳаст, ки чи гуна як фард то ба ин андоза болои уммати Ислом дар саросари ҷаҳон таъсир мегузорад. Ин фазли илоҳист, ки барои ҳар касе насиб намегардад.
– Аз уламои бузуги муосир ҳам дар ин нишасти илмӣ нафаре ширкат дошт?
– Тавре дар боло ишора кардам, аз ҳама атрофу акнофи олами Ислом донишмандони зиёд ширкат доранд ва зикри номи ҳар кадоме суханро тулонӣ мекунад.
– Оё шайхро ҳамчун муҷтаҳиди аср мепазиранд?
– Агар доктор Қарзовӣ бо тваҷҷӯҳ ба фатовои худ дар доираи усуле, ки имомҳои мазоҳиби исломӣ аз худ боқӣ гузоштаанд, муҷтаҳид набошад, пас асри мо аз муҷтаҳид холист. Касоне, ки аз осори Шайх огоҳӣ доранд, яқин медонанд, ки бешак дар асри ҳозир яке аз муҷтаҳидони забардасте, ки дар фатовои худ болои қавоиди махсус такя мекунад, шайх Қарзовӣ ба ҳисоб меравад.
– Муносибати ширкаткунандагони ин нишаст дар шахси шумо чигуна аст? Оё онҳо дар бораи Тоҷикистон чизе медонанд?
– Албатта, нигоҳи ҳамаи бародарон, шахсан аз худи Шайх дар бораи баҳси шогирдонаи банда хеле хуб буд. Вале дар робита ба Тоҷикистон ҳоло фурсати нигоҳи онҳоро дақиқ кардан надоштам. Танҳо ҳаминро бояд қайд кард, ки имрӯз бояд барои ҷавонони соҳибистеъдоди мо фурсат дода шавад, то озодона дар нишастҳои илмӣ ширкат кунанд. Вақте онҳо аз маърифати амиқи исломӣ баҳра гирифтанд, фазои илмии кишварро пур менамоянд.
Бовар дорам, ин гуна ҷавонони донишманд дар миёни бародарони дӯстони тоҷики мо кам нестанд.
– Дидгоҳҳои Шайх танхо мавзуъоти фиқҳиро дар бар мегиранд ё ҷанбаи эътиқодиро ҳам шомиланд?
– Албатта, шайх Қарзовӣ дар бахши эътиқодӣ назари муътадил ва хос дорад. Маълум аст, имрӯз баъзе аз нафарони начандон огоҳ ақидаҳои эътиқодии “Мотуридӣ” ва “Ашъарӣ”-ро аз доираи аҳли Суннат берун медонанд, вале доктор Қарзовӣ чунин назарҳоро ба шиддат маҳкум кардааст. Ишон муътақид аст, ки ин ду ақида, аз ҷумлаи ақоиди эътиқодии аҳли Суннат мебошанд ва дар ин бобат китобе таҳти номи “Фаслҳое чанд дар бобати ақида миёни салафу халаф” таълиф намуда, ки дарёфту хондани онро ба бародарони хеш тавсия менамоям.
Яке аз ҷумлаҳое, ки устод дар ин нишаст гуфтанд, ин аст: “Мо ҳамаро ба пазириши даъвати суннии муътадил, ки ҳамаи дидгоҳҳоро дар бар мегирад, фаро мехонем”.
Мусоҳиб Бобоҷони Қаюмзод