Categories Uncategorized

Арабистони Саудӣ алайҳи рашваситонӣ ҷанг эълон мекунад

Абдулатифи Ҳаммод

nahzat.tj

Раиси Ҳайати мубориза бо фасод дар Арабистони Саъудӣ, Муҳаммад Шариф мегуяд: «Ҳайати мо тафтишоти худро алайҳи ришваситонӣ ва суистифода аз мансаб, бештар мекунад.»

Ин қарор дар ҳоле гирифта шуд, ки хабарҳои ришваситонӣ ва суистифода аз мансаб дар рӯзномаҳои кишвар аз ҳад зиёд авҷ гирифтаст.

Ҳафтаи гузашта алайҳи даҳ нафар барои ришваситонӣ шикоят дарҷ шудааст, ки як нафари он сардори амният ва 6 тани дигар аз кормандони ин сохтор мебошанд ва ба гуноҳи худ иътироф кардаанд.

Ҳамчунин дар чанд вилоятҳои ин кишвар ин амал ба назар расидааст.

Қонундонҳо ва ҷомиашиносон бар ин назаранд, ки ривоҷ ёфтани ришваситонӣ дар ҷомиаи саудӣ бовари мардумро ба қудрати Ҳукумат кам мекунад ва дар зимн талаб карданд, ки ҳисобҳои банкии кормандонро назорат кунанд.

More From Author

You May Also Like