Арабистони Саудӣ эълом кардааст, ки аз ин ба баъд рӯзҳои таътили охири ҳафта дар ин кишвар рӯзҳои ҷумъа ва шанбе хоҳад буд.
Хабаргузории Арабистон ба нақл аз фармони подшоҳи ин кишвар мегӯяд, ки рӯзи шанбе бо дар назар гирифтани масолеҳи иқтисодии кишвар амал ба тааҳудоти байналмилалӣ ва ҳамоҳангӣ бо рӯзҳои кории дигари кишварҳо таътил эълом мешавад.
Тамоми аъзои Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс, Баҳрайн, Кувейт, Қатар ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ пеш аз ин, рӯзҳои таътили охири ҳафтаи худро аз панҷшанбе ба ҷумъа ва шанбе тағйир дода буданд, ин тасмим дар Арабистон аз ҳафтаи ояндаи ба иҷро дармеояд.
Рӯҳониёни муҳофизакори Арабистон то кунун бо таътили рӯзи шанбе ба сабаби ин ки рӯзи таътил охири ҳафтаи яҳудиён аст, мухолифат мекарданд.